20 Апреля 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Тазоҳуроти виртуалӣ ва ё сафсатаҳои чанд худфирефта Избранное

Тазоҳуроти виртуалӣ ва ё сафсатаҳои чанд худфирефта

Ростӣ, интизор надоштам ва шояд худи ин чанд нафаре, ки пушти ойинаҳои компутар, зери расмҳои гуногуни башариву ғайрибашарӣ пинҳон мешаванд, низ интизор надоштанд, ки мақомот ҷавобан ба ин чанд даъвати хурд, ин гуна омодагии ҷиддӣ мегиранд. Оё мақомот дарвоқеъ аз нерӯи мухолифинаш ҳарос дорад ва ё ин чанд нафар ба афсонаҳои худ бовар кардаанд, ки аз берун истода мардумро ба майдон хоҳанд кашид? Оё ин нафарон дар воқеъ мухолифи ҳукумати вақт ҳастанд, ва ё аламдидаҳои он? Оё мардум дигар ба ин гуна майдонрезиҳо баъди солҳои 90-уми қарни рафта дигар бовар мекунанд? Ин буд чанд суоле, ки атрофашон дар ин мақола андешаронӣ кардем.

Тазоҳурот. Мешавад ё намешавад?!
Маъракаи расонаӣ кардани баргузории тазоҳуротро ин гурӯҳи ба ном оппозитсиюн дар воқеъ хеле густурда роҳандозӣ карданд. Дар ин росто пеш аз ҳама ба расонаву пойгоҳҳои интернетӣ бартарӣ дода шуд, ки имрӯз дар ҷомеа нисбат ба телевизиону рӯзномаву радио ҷои бештареро, махсусан миёни ҷавонон, касб кардаанд. Аммо, ба мушоҳидаи ман ҷавонони тоҷик ба сӯҳбатҳои хосу маҳрамонаи пойгоҳи “Одноклассники” бартарӣ дода, камтар ба Фейсбук, ки минбари аслии даъват ба тазоҳурот ҳисобида мешуд, рағбат доранд. Аз ин рӯ теъдоде, ки ба ин гурӯҳ пайвастаанду хостори ба майдон рехтани мардум ҳастанд, аз ҳисоби ҷавононе, ки дар хориҷ кору зиндагӣ доранд, мебошанд.
Пеш аз ҳама гирдиҳамоиеро, ки чанд муддат пеш Каромат Шарифов, роҳбари Ҷунбиши муҳоҷирин тоҷик оиди баргузориаш дар Маскав расонаӣ карду ваъдаи ба майдон кашидани 100 хазор нафарро намуд, ва аммо баъдан яку якбора хапу хомӯш шуд, метавон илҳом ё роҳнамое барои он нафароне, ки имрӯз худро мухолифини ҳукумати Тоҷикистон медонанд, барои эълони баргузории чунин тазоҳурот шумурд.
Яъне, сенарияе, ки Каромат Шарифов пешниҳод кард, аз сӯи ин гурӯҳ, ки расман худро “Гурӯҳи 24” номгузорӣ кардаанд, истифода шуд.
Бонги аввал дар хусуси дар ҳақиқат баргузор кардани гирдиҳамоӣ дар Душанбе барои мақомот шояд он шуд, ки ин гурӯҳ дар пойтахти Россия- шаҳри Маскав ва дар яке аз толорҳои шаҳри Екатеринбург тазоҳуротҳои эътирозӣ доир карданд, ки пешниҳоди сарвари Ҷунбиши муҳоҷирини тоҷик Каромат Шарифов буд.

Умаралӣ Қувватов ва Иззат Амон. Ҳамсангарон ва ё мухолифони якдигар?!

Субҳе, ки Умаралӣ Қувватов аз тариқи радиои Зелло мардумро ба тазоҳурот зидди ҳукумати Тоҷикистон бо эҳсосот даъват мекард, дар саҳифаҳои тоҷикии Фейсбук изҳороти аҷиби Иззат Амон, яке дигар аз мухолифини шадидлаҳни ҳукумати Тоҷикистон интишор шуд, ки касе интизораш надошт.
Ошкорову озод Иззат Амон аз он ки Умаралӣ Қувватов ӯро аз рӯйхати дӯстони фейсбукиаш хат задаасту нисбаташ тундгӯиҳое ҳам кардааст, хабар пахш карда, Қувватовро тарс дод, ки мошини ба номаш сабтшударо омада аз номаш бароранд, вагарна онро ба оҳанпора месупорад.
Яъне, ин амал бозгӯи он аст, ки Умаралӣ Қувватов дар ҳақиқат аз сӯи Иззат Амон пуштибониҳое дар Маскав доштаасту тавре худаш мегӯяд, асосан Умаралӣ Қувватовро ба мардум Иззат Амон муаррифӣ карда будааст. Бале, ёд дорам, ки вақте бори аввал Умаралӣ Қувватов аз Тоҷикистон фирор кард, бо ташаббуси Иззат Амон дар дафтари кориаш дар Маскав маросими муаррифӣ ва як пресс-конфронси Қувватов доир шуда буд.
Аз сӯи дигар, ҳамчунин чанд рӯз баъди эълони баргузории тазоҳурот яке дигар мухолифин Бахтиёр Сатторӣ низ чеҳраи дигари мухолифин Мехрубони Мехрубонро, ки пештар низ номаш дар саҳифаҳои иҷтимоии Фейсбук ба қаллобиву бо фиреб зхудкунии маблағи мардум, ки аз қисме бо номи Гулнора Рахмонова барои табобати оҷили модараш ва аз бархеи дигар гӯё барои инқилоб пул гирифтааст, зикр шуда буд, ошкор кард.
Агар ки чунин аст, пас оё ба мухолифине, ки аз фиреб кор мегиранду бо ронда шудан аз сари дастархони ҳамин ҳукумат худро мухолифин муаррифӣ мекунанд, мешавад бовар кард? Оё сари чанд тан аз ҷавонони навхате, ки хоҳу нохоҳ қурбони ин тазоҳуроту ноамнӣ мегарданд, барои пиёда кардани хусуматҳои шахсиву тиҷории гурӯҳе, ки аллакай дар кишварҳои хориҷ паноҳандагӣ пайдо кардаанд, меарзад?
Албатта, ин суол ҷойи андеша дорад.

Нерӯҳои мухолиф зидди тазоҳурот

Чун санаи эълоншудаи тазоҳурот наздик шудан мегирифт, намояндагони аҳзоби мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон яке аз пайи дигаре аз ҷонибдор набуданашон аз ноамнӣ дар кишвар садо баланд мекарданд. Пеш аз ҳама Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) аз ин тасмим интиқод кард ва аз Қувватов ҳамчун як одами ноҷиддӣ ёд кард.
Ҳамчунин Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон зимни пахши як баёния аз “Гурӯҳи 24” талаб кардаст, то пеши роҳи ҳамагуна бесуботӣ ва нооромиро бигиранд ва ба аъзои худ ҳушдор додааст, ки дар сурати ширкат дар чорабиниҳои ғайриқонунӣ онҳоро аз сафи ҳизб берун хоҳанд кард.
“Мо аз аъзо, ҷонибдорон ва ҳама касоне, ки мавқеъи ҲНИТ-ро эҳтиром мегузоранд, даъват менамоем, ки дар ҳеҷгуна чорабиниҳои ғайриқонунӣ ширкат накунанд ва аз ҳолатҳои фитнаангез парҳез намоянд”, -омадааст дар баёнияи ҲНИТ.
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон низ изҳор доштааст, ки ҲСДТ ин амали Гурӯҳи 24-ро маҳкум мекунад ва онро ноамкунии авзоъ номидааст.
«Даъвати мардум аз хориҷи кишвар барои тазоҳурот бидуни дарёфти муҷҷавизи расмӣ аз назари қонунӣ ва адолат иштибоҳ аст. Баргузории тазоҳуроти ғайриқонунӣ бидуни ҳузури афроди масъул ба маънии ба хатар андохтани ҷону мол ва амнияти мардум аст ва аз ин рӯ, ҲСДТ аз ин гуна равишҳо ҳимоят намекунад”,- гуфтааст Зойиров ба радиои Садои Хуросон.
Дар ҳамин ҳол чандеи дигар чеҳраҳои шинохтаи Ҷумҳурӣ, ба хусус рӯҳонии соҳибнуфузи кишвар Ҳоҷӣ Мирзо низ ба Радиои Озодӣ аз эълони тазоҳурот интиқод карда, эълон дошт, ки ҳама гуна иқдоми ташаннуҷкунандаи авзоъро дар ҷомеа маҳкум мекунад.
“Ин гуна шева, яъне ба шӯр овардану ноором кардани вазъият ва ба ҳам задани сулҳу суботи ҷомеа роҳи дуруст нест ва бояд даст аз он бардошт. Баръакс, барои ободии кишвар ва осудагии мардум талош кард”, - қайд кардааст Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов
Ва аммо рӯзи 10 октябр, бо он ки мақомоти тоҷик ҳама гуна тасимоти амниятиро рӯи даст гирифта буданд, дар радиои Зелло чанд нафар бо навбат якдигарро табрик мегуфтанд, ва аз раҳсипор шудани мардуми Хуҷанду Кӯлоб ҳарзагӯиҳое мекарданд. Аҷибаш он буд, ки як нафар бо лаҳчаи хуҷандӣ гоҳ аз Хуҷанд ҳарф мезаду гоҳ худро намояндаи Кӯлоб муаррифӣ мекард...
Ин чанд нафаре, ки худро дардошнои мардум медонанд, ё афсонабофанд, ва ё ба афсонаҳои касе сахт бовар кардаанд?!

Последнее изменениеСреда, 14 Январь 2015 13:58
Наверх