17 Июля 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

ФОРСАЖ -низоми ҷадиди интиқоли маблағ ба Тоҷикистон Избранное

ФОРСАЖ -низоми ҷадиди интиқоли маблағ ба Тоҷикистон


Почтаи Россия ва Связ-Банк низоми ҷадиди интиқоли маблағро бо унвони Форсаж-Близко-СНГ роҳандозӣ кард
Дар радифи рақобатҳои бошиддати низоми байналмиллалии бонкӣ таъмини кафолати маблағҳои интиқолшаванда яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор меравад. Дар ҳамоише, ки дар шаҳри Москваи ФР бо иштироки намояндагони низоми бонкӣ, мутахассисони соҳа, Сафорати ҶТ дар ФР, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират ва доираи васеи ВАО баргузор гардид, масъалаҳо вобаста ба кафолати давлатии низоми ҷадиди интиқоли маблағҳо дар ҳудуди кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд.
Айни замон бозори байналмиллалии интиқоли маблағ давраи рақобатҳои носолимро аз сар мегузаронад. Мувофиқи таҳлили коршиносон сабаби асосии ин вазъ дар маҳдудшавии доираи хизматрасониҳо ва мавҷуд набудани манбаҳои дигари даромад аз фаъолият маънидод мешавад. Соли равон муфлисшавӣ ва ё маҳдуд шудани имконоти низомҳои интиқоли маблағ, ки бо унвони Мигом миёни миллионҳо муштариён маъмул буд, аз пайомадҳои манфии ин раванд шаҳодат медиҳад. Ба қавли дигар низомҳои номбурда дар семоҳаи аввали соли равон натавонистанд ӯҳдадориҳои хешро бобати интиқоли маблағ дар назди муштариён ба пуррагӣ ба сомон бирасонанд. Аз муфлисшавии системаи Мигом натанҳо бонкҳои Россия ва кишварҳои ИДМ, балки шаҳрвандони оддие, ки тавассути ин низом маблағ равон карда буданд, зарари ҷиддӣ диданд.
- Пӯшида нест, ки ҳамкорони мо аз Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ИДМ борҳо масъалаи иштирок надоштани сохторҳои пурқудрати давлатиро дар бозори интиқоли пул, ба миён гузошта буданд. Боиси таъасуф шуд, ки ду – се соли охир, рақобати шадид дар ин самт ба демпинги ин гуна хизматрасонӣ оварда расонид. Поёнравии назарраси тарофаҳо боиси заиф гаштани на танҳо низомҳои интиқоли, балки бонкҳои шарики онҳо дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ИДМ гардид. Кор то ба ҷое расид, ки интиқоли маблағ зараровар гардид. Ин буд сабаби муфлисшавии яке аз кӯҳнатарин ситемаҳои интиқоли маблағ - МИГОМ. Мо ташвиши ҳамкорони тоҷики худро ба хубӣ дарк мекунем, чунки интиқоли маблағҳо дар Россия суғурта намешавад. Аз ин рӯ бозори интиқоли маблағ кайҳо нигарони рӯи кор омадани чунин иштирокчиёни пурқуввати давлатиро нигарон буд, - мегӯяд Андрей Лайков, ҷонишини раиси Связ- банк.
Бо мақсади пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо ва таъмини бемамонияту мӯътадили интиқоли маблағҳо Почтаи Россия ва Связ-Банки Россия низоми ҷадиди интиқоли маблағро бо унвони Форсаж-Близко-СНГ роҳандозӣ кард.
- Дар ҳақиқат, Почтаи Россия яке аз иштирокчиёни муҳими бозори интиқоли маблағ ба шумор рафта, дар ин ҷода имконият ва таҷрибаи ғанӣ дорад, чи аз лиҳози техникӣ ва чӣ аз лиҳози ташкилу рушд. Афзалияти дигар дар он аст, ки имрӯз аз кишварҳои ИДМ шаҳрвандони зиёд ба кору фаъолият меоянд ва барои онҳо пешниҳод намудани низоми қулай, дастрас ва самараноку боэътимоди интиқоли маблағ хеле муҳим аст, - қайд мекунад Владимир Салохутдинов, ҷонишини директории генералии Почта Россия.
Дар шароити феълӣ аз 10 то 50 фоизи шахсони қобили кор дар кишварҳои ИДМ ё пул равон мекунанд ё қабул мекунанд. Аз ин лиҳоз ҷанбаи иҷтимоии ин лоиҳа аз нигоҳи ташаббускорон дар мадди аввал меистад.
Қабл аз ҳама афзалияти низоми Форсаж-Близко дар кафолати давлатии маблағҳои интиқолшаванда, потенсиали пуриқтидор ва истифодаи усулҳои муосири хизматрасонии бонки маънидод мешавад. Айни замон аз 42 ҳазор дар 26 ҳазор шӯъбаи Почтаи Россия дар манотиқи гуногуни федератсия бо низоми Форсаж-Близко интиқоли маблағ имконпазир шудааст.

Последнее изменениеПонедельник, 12 Январь 2015 20:45
Наверх