20 Октября 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Тоҷикистониён дар Москва Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд Избранное

Тоҷикистониён дар Москва Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд

Ҳамватанони мо дар шаҳри Москва низ Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд. Бо ибтикори медиа-холдинги тоҷикии Таджинфо дар кохи киною-консертии «Мир» намоиши идона бо номи «Сулҳ ба хонадони ту, Тоҷикистон!» баргузор гардид, ки дар он зиёини тоҷикистонии муқими Русия, донишҷӯён ва аспирантҳои макотиби олии Москва, раисон ва аъзои фаъоли диаспораи миллии тоҷикон аз шаҳру навоҳии мухталифи Россия, муҳоҷирони меҳнатӣ ва намояндагони дигар халқияту миллатҳои Русия иштирок намуданд. Дар оғози барнома дар экрани бузург фильми мустанади истеҳсоли Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон «Наҷотбахши миллат» ба маърази намоиш гузошта шуд. Ҳозирин ҳини тамошои ин филм ба саҳифоти таърихӣ гуфтушунидҳои миёни тоҷикон, равандҳои расидан ба сулҳу субот дар кишвар ва заҳматҳои пайдарпайи Президенти мамлакати мо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ошно шуданд. Пасон бо иштироки ҳунармандони тоҷик - шоу-ансамбли карнайнавозони «Садои Хуҷанд», гурӯҳи рақсии «Гулчин», ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣҲасани Ҳайдар ва овозхони ҷавон ЗоъириСафарзод консерти идона баргузор гардид. Ҳозиринро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов, ки ба тозагӣ ба ин вазифа таъин шудааст, бо иди Ваҳдат табрик намуда, аз ҷумла гуфт, ки дар асоси дастури маслиҳатҳои Президенти кишвар кӯшиш мекунад фаъолияти Сафоратро дар ҳошияи дигар самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия, дар бобати ҳимояи ҳуқуқ ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатии мо дар қаламрави кишвар, баланд бардоштани нуфузи тоҷикон дар Россия ва фароҳам овардани симои накӯи кишвару миллати тоҷикон пурзӯр хоҳад кард.

Дар рафти тантанаи идона таъкид бар он шуд, ки чуноне роҳбари давлат борҳо ҳушдор додааст, тоҷикистониён ҳар куҷое кору зиндагӣ накунанд, бояд ба сулҳу ваҳдати миллӣ эҳтиром гузоранд, ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм нигаҳ доранду ҳифз намоянд.
Ҳамчунин ҳозиринро меҳмонони ҷашн муовини директори «Почтаи Россия» Владимир Салохутдинов, роҳбари Системаи интиқоли маблағҳо «Близко» Андрей Лайков, президенти Бунёди минтақавии дастгирии ниёзмандон ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ Герман Пашаев бо ин тантанаи миллии тоҷикон табрик намуда, хостори амният, сулҳу субот дар кишвари мо шуданд.
Дар поёни тантана сухани хотимавиро кӯҳансолтарин намояндаи тоҷикистонёни Русия, шореҳи рӯзномаи «Тоҷикони Россия», пирамарди 72 сола Алексей Авганов гуфта, аз насли ҷавон хоҳиш кард, ки ба қадри Ватан, миллат ва сарзамини бобоӣ бирасанд, сулҳ ва ризоияти миллиро таҳким бахшанд.

 

Последнее изменениеПонедельник, 12 Январь 2015 20:38
Наверх