19 Января 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Хайриддин хост ва шуд... Избранное

Хайриддин хост ва шуд...

Бехуд нагуфтаанд, ки хостан тавонистан аст. Агар бихоҳӣ, мешавад. Агар барномаҳои омӯзишии Хайриддин Абдуллоҳ набуд, Худо медонад, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия авқоти фароғати худро бо чӣ корҳое мегузарониданд. Ин ҷавони тоҷик бо ташаббуси шахсӣ, ибтидо бо чанд нафари маъдуд корашро шурӯъ кард. Аммо ҳаминак дар 12 маркази омӯзишӣ ба тадриси забон ва хатти порсӣ барои муҳоҷирони тоҷик машғул аст.

Худаш мегӯяд: “Кунун дар шаҳри Москави Русия, зиёда аз 12 марказҳои бозомӯзӣ барои муҳоҷирини порсизабон муҳайё карда шуд, ки эшон метавонанд пас аз интиҳои соатҳои корӣ дар марказҳои мазкур омада, аз омӯзиши ройгон, мин ҷумла Қуръон, фиқҳи ҳанафӣ, ҷомеъашиносӣ, равоншиносӣ, хат ва забони порсиро аз худ кунанд.”
Хайриддин Абдулло дар гуфтугӯ бо пойгоҳи Кимиёи саодат меафзояд: “Фаъолияти марказҳои мазкур бо риояи ҳама гуна қонунҳои давлати Русия ва зери назари Муфтиёт фаъол аст, ки пас ба итмом расонидани таҳсил ҳар яке аз муҳассилин дорои шаҳодатнома ва диплом хоҳанд шуд. Бинобар ин, аз муҳоҷирони азиз даъват ба амал меорам, вақтҳои холии худро беҳуда нагузаронанд ва ба омӯзиш машғул шаванд.”
Вай дар бораи фаъолияти тоҷикҳо дар Русия ёдовар шуд: “Беш аз 75 дарсади намозгузорони масҷидҳои Маскав тоҷиконанд ва инчунин дар ҳар масҷид мушовирону мудариссону муаззинонаш ҳам аз тоҷиканд. Ҳофизони Қуръон ва донишмандони дин аз байни муҳоҷирон бисёранд. Пӯшида нест, ки раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров баъди масҷиди бузург ва дар канори он мадраса сохтанаш яъне дар маркази пойтахти кишвараш шаҳри Грозный, мударрисону мушовирону муаззинҳоро хусусан аз тоҷикон қарор дод, ки дар яке аз суханрониҳояш ҳам ба ин матлаб ишора кард ва гуфт, ки “миллати порсизабони тоҷик дар ҳар соҳаи илми диниву дунявӣ дар ҳар аср поягузор ва устод буданд.”
Хайриддини Абдуллоҳ афзуд: “Ва ишораи Қодиров ҳам дуруст аст; зеро поягузори тамоми илмҳои диниву дунявӣ порсизабонҳо ва тоҷиконанд. Ба унвони мисол, дар илми Қуръон Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ки соҳиби Тафсири Ҳусайнист, ва дар илми фиқҳ, ки поягузори ин илми ва устоди тамоми фуқаҳо Имом Абӯҳанифа аст. Ва асосгузори илми ҳадис, ки ҳама тоҷикон буданд, ба мисоли Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Имом Тирмизӣ, ва асосгузори илми торих Табарист. Ва инчунин асосгузори илмҳои дунявӣ ҳам ҳама бешак тоҷикон буданд, ба мисоли Абуалӣ ибни Сино, Берунӣ, Форобӣ, Закариёи Розӣ ва ҳазорон донишмандони дигар, ки дар сар то сари ҷаҳон машҳуранд.”
Хайриддин Абдуллоҳ дар идома хотирнишон кард: “Дар ҳоле ки мо фарзандони чунин бузургонем, мо тоҷикон ҳаққе надорем, ки бедониш гардем ва ё агар донишмандем дониши худро ба касе наомӯзем, новобаста дар чӣ шароите, ки набошем.”
Вай афзуд: “Ман аз он мефахрам, ки дар ин кишвар ҳар кӯдаки тоҷик муаллими пирони дигар миллатанд. Ман аз он мефахрам, ки ҳеҷ миллатеро дар баробари миллати худ дорои чунин бузургону фарҳанг намебинам.”
Хайриддини Абдуллоҳ дар идома ёдовар шуд: “Аммо афсӯс аз он мехӯрам, ки ҳамаи инҳо парокандаанд, касеро надорем, ки инҳоро гоҳ гоҳе сари як миз оварад, як маркази фарҳангие, ки инҳо дар онҷо гоҳ гоҳе ҷамъ шаванд.”

Последнее изменениеПонедельник, 12 Январь 2015 15:07
Наверх