Предупреждение
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 572
22 Ноября 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Оё муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам касал мешаванд? Избранное

Духтур Абдулло Хоҷаев. Хатмкардаи факултаи табобатии Донишкадаи Давлатии Тиббии Тоҷикистон (1981) мебошад. Тахассусаш отоларингология (гушу гулуву бини). Солҳои 1988 – 1990 ординатураи клиникиро аз рӯи тахассуси мазкур дар ш. Тошканд хатм намудаст. Савияи касбиашро дар Донишкадаи Такмили Ихтисоси Духтурон дар Тошканд ва Донишкадаи Марказии Такмили Ихтисоси Духтурон (Маскав) сайқал додаст. Соли равон ба курси Тибби оилавӣ шомил гашта, таҷрибаву доираи донишҳои тиббиашро васеъ намудааст. Ба самтҳои паразитология (илм дар бораи паразитҳо-ҳаромхӯрҳои ҷисми инсон) аллергология (илм дар бораи бемориҳои аллергӣ), эндоэкология (экологияи муҳити дохилии инсон) таваҷҷӯҳи махсус дорад. Машғулияти дӯстдоштааш (хобби) кор бо технологияи компютерии Цветопсихосоматика - ташхиси якҷояи ҳолати равонӣ ва ҷисмонӣ ба воситаи компютер ва ба воситаи рангу мусиқии компютерӣ ба эътидол овардани онҳо мебошад.
Инчунин, модератори гуруҳи «Жить 100 лет и не болеть» дар Фейсбук аст. Орзу менамояд, ки ҳамзабонон дар талаби илм, дар он ҷумла, забондонӣ, ҷадал кунанд ва ҳамеша дар ҷустуҷуи маълумотҳои нав ба нав оиди нигаҳдориву изофа намудани тандурустӣ бошанд, дар мусоҳибаҳои гурӯҳи зикршуда, дар он ҷумла ба забони модарӣ, фаъолона иштирок намуда, фоидае бештар ба дасташон оранд, солиму дарозумр бошанд.
Пешниҳоди ҳамкорӣ.
Салом, хонандагони арҷманд!
Ман мехохам шумоён ҳамеша хушбахт, тансиҳат ва соҳиби кобилияти калони кориву донишандузӣ буда, такягоҳи боэътимоди аҳлу оилаатон бошед. Барои расидан ба ин максад ба шумоён ҳамкорие пешниҳод дорам. Сухан дар бораи ташкили рубрикаи «Бехи давлат - тани сиҳат» меравад. Дар чорчӯбаи фаъолияти он Шумо метавонед бо саволҳои худ оиди тандурустӣ ба моҳвора(ҳафтанома) муроҷиат намоед, метавонед таҷрибаи худро оиди сиҳатгардонӣ ё роҳҳои пешгирии касалиҳо ба дигарон гуфта диҳед. Мо мактубҳои Шумо, зангҳои телефонӣ, СМС ва мактубҳои электрониатон, инчунин саволҳову постҳоятонро дар гурӯҳи фейсбукии «Жить 100 лет и не болеть» ва «Бехи давлат – тани сиҳат» бо камоли хурсандӣ мепазирем. Ҳикоёти Шуморо дар бораи роҳҳову усулҳои ба даст овардани сиҳатӣ ё пешгирӣ намудани касалиҳо таҳрир намуда (агар зарурат бошад), дар рубрика ва гурӯҳ ҷойгир хоҳем кард, то ҳамагон аз он баҳра бардошта тавонанд.
Бино ба баъзе сарчашмаҳо, муайян гаштааст, ки синну соли муҳоҷирони меҳнатӣ аз 18 то 49 соларо дар бар мегирад. Албатта муҳоҷирони аз 18 ҷавонтар ва аз 49 соло боло ҳам ҳастанд, аммо онҳо ӄисми камтаринро ташкил медиҳанд ва ӄисми асосии муҳоҷирони меҳнатӣ аз мардон ва занони аз 18 то 34 сола иборат мебошад. Маълум мешавад, ки аксари муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавонанд. Дар урфият мегӯянд, ки «Дар ҷавонӣ аз кор монда намешавӣ ва аз хӯрдан сер», яъне организмҳои ҷавонон дар тасаввури аксарият солим ва коршоям бояд бошад. Аммо, дар воӄеъият, дар байни муҳоҷирони ҷавон ҳам касалиҳои гуногун гоҳ - гоҳ рӯй медиҳанд. Зиёда аз он, як гурӯҳ касалиҳо маҳз бо синну соли ҷавон вобаста аст. Сухан дар бораи касалиҳои бо роҳҳои ҷинсӣ гузаранда меравад (касалиҳои венерикӣ;болезни передающиеся половым путём): мараз (сифилис), сӯзок (гонорея), триппер, Вируси Иммунодефитсити Одам (ВИЧ) ва ѓ.

Сабабҳои сироятёбӣ
Духтурони соҳаи марбута сироятёбии ҷавононро бо рафто
ри хатарзои сексӣ: алоӄаҳои бетартиби ҷинсӣ ва ҷимои бемуҳофиза (берифола) алоӄаманд медонанд. Аммо, ба гумони камтарини муаллиф, сабабҳои чуӄуртаре низ вуҷуд доранд, ки онро дараҷаи пасти маданияти рӯҳонӣ ё худ бемаънавиятӣ гуфтан мумкин аст.
Яке аз нобиғаҳои бузурги миллатамон, табиби ҳозиӄ, Муҳаммад Закариёи Розӣ (асри X) мафҳуми «Нафси аммора», яъне нафси амркунандаро дар китобашон «Тибби руҳонӣ» истифода бурдаанд. Дар урфият мафҳумҳои «Нафси боло» ва «Нафси поён» мавриди истифода ҳастанд, ки аслан ӄисмҳои таркибии нафси аммора мебошанд. Касалиҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда (КБРҶГ) дар сурате ба ҷавонон мегузаранд, агар онҳо зердасти нафси поён бошанд. Ҳаким Розӣ дар китобашон мегӯянд, ки малоикаҳо хирад доранд, аммо нафси аммора надоранд. Аз ин сабаб, гуноҳ накардан барояшон шарафе буда наметавонад. Ҳайвонҳо танҳо нафс доранду хирад надоранд. Аз ин сабаб амалҳои зери таъсири нафс иҷро кардаи онҳоро гуноҳ ҳисобидан раво нест. Дар муӄобили онҳо, инсон, ҳам соҳиби хирад асту ҳам соҳиби нафс, ҳам дорандаи нафси кайвонӣ ва ҳам нафси ҳайвонӣ мебошад. Рисолат, яъне вазифаи аввалиндараҷаи инсонро, ҳаким Розӣ дар зердаст намудани нафси аммора мебинанд. Яъне, ҳар як амали инсонро на нафс, балки хирад бояд роҳбар бошад ва шиори «Чаро оӄил кунад коре, ки боз орад пушаймони?» барои хар як шахс бояд шиори зиндагӣ бошад.
Лозим ба ёдоварист, ки баъзе аз амалҳои номатлуб дар ҳолати мастӣ ба амал мепайвандад. Яъне, шаробу водка ва дигар воситаҳои мадҳушкунанда ӄувваи аӄлу хирадро коста, ӄувваи нафси аммора, ӄувваи шаҳвониро ба маротиб боло мебарад. Чи хеле, ки дар урфият мегӯянд: «Араӄ ба мастӣ мебарад, мастӣ ба пастӣ мебарад». Пас даст кашидан аз ин одатҳои бад сад дар сад мувофиӄи маӄсад буда, роҳи пешгирии сироят мебошад.
Аз гуфтаҳои болоӣ бармеояд, ки роҳи осонтарини пешгирии сирояти касалиҳои гузарандаи ҷинсӣ дар хотир нигоҳ доштани рисолати инсонӣ ва таъмини рушди аӄлониву хирад мебошад. Барои ин, дар катори гизои чисмони, инчунин гизои рухиро низ истеъмо намудан мувофики матлаб мебошад. Андӯхтани донишу малакаҳои нав, омӯхтани забонҳо, тамошои ҷойҳои таърихӣ, наззораи зебогиҳои табиат, санъати меъморӣ, расмҳо, сӯҳбати одамони ҷаҳондидаву хирадманд, хондани шеърҳои дилчаспу, ҳикояҳои тарбиявӣ, тамошои асарҳои театрӣ ва филмҳои пурмаънову музейҳо ва монанди онҳо барои расидан ба ҳамин максад хизмат менамоянд.
Хондани одобномаҳои классикӣ, ба монанди Пирузинома, Футувватномаи султонӣ, Ахлоӄи Мӯҳсинӣ, Ӄобуснома, Калила ва Димна, Баҳористон, Гулистон ва монанди онҳо, инчунин адабиёти тарбияткундаи аврупоӣ (мас. Мишель Монтень) ва рус (Толстой, Достоевский) барои рушди хираду зердаст намудани нафси аммора ёрӣ расонида метавонад.
Пайғомбарамон Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳояшон гуфтаанд, ки ҷавонон дар идораи нафс метавонанд аз рӯзадорӣ истифода баранд. Тибби халӄӣ, ки ба назарияи мизоҷ асос ёфтааст, тавсия медиҳад, ки ғизои мизоҷаш гарм нафси поёниро ӄувва медиҳад ва мизоҷаш хунук баръакс. Чи хеле, ки маълум аст, хӯрокҳои зиребонида, гӯшти гӯсфанд, асал, чормаѓз табиати гарм доранд ва кабудиву меваҷоту сабзавоту ҷурѓот мизоҷашон хунук мебошад.
Меҳнати ҷисмонӣ ва машӄҳои ҷисмонӣ ҳам барои идора кардани нафси аммора ёрӣ расонида метавонанд, зеро хастагии ҷисм нафси аммораро низ заиф мегардонад.
Пайдо шудани талаботи ҷинсӣ ё худ шаҳвонӣ дар ҷавонон худ як амри табиист, аммо беидора гузоштани он, ба фармони нафси поёниву болоӣ сар фаровардан касро ба оӄибатҳои нохуб оварда метавонад.
Як роҳи дигари идораи нафс оиладоршавӣ мебошад. Чи хеле, ки Расули Акрам (с) гуфтаанд, «дар ҷавонони муҷаррад хатаре ҳаст». Яъне ҳаддалимкон тезтар хонадор намудани ҷавонон низ аз роҳои муассири пешгирӣ аз рафтори номатлуб мебошад.
Дар дини мубини Ислом ба мафҳумҳои «ҳалол» ва «ҳаром» аҳамияти хосса дода мешавад. Ва ин мафҳумҳо маънои «Иҷозатшуда» ва «Манъшуда» доранд. Бояд дар хотир дошт, к муносибатҳои ҷинсии берун аз оила, берун аз никоҳ, мамнӯъ, яъне ҳаром мебошад. Инчунин машруботҳои спиртиву моддаҳои дигари масткунанда ва тамоку ҳаром дониста шудаанд. Риояи талаботҳои оварда шуда метавонанд кафили пешгирӣ аз сирояти як ӄатор касалиҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда бошанд.

 

Последнее изменениеПонедельник, 12 Январь 2015 14:05
Другие материалы в этой категории: Хайриддин хост ва шуд... »
Наверх