23 Апреля 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Дар Тоҷикистон пешниҳоди Президент оиди аз вазифа озод намудани раисони судҳо ба Маҷлиси Миллӣ ирсол шуд Избранное

1111

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони суди ноҳияҳои Ванҷ ва Ишкошими Вилояти Мухтор Кӯҳистони Бадахшон, раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ ва муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод карда шуданд.

Инчунин  пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Маҳмудзода Махкам Азам бинобар ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду, дар бораи аз вазифаи судяи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Гулзор Муҳаббат Мамадкарим бинобар ба нафақа баромаданаш, дар бораи аз вазифаи муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду  бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Салимзода Юсуф Сафар, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобозода Матин Давлат, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобоҷонзода Аъзамҷон Абдуазиз, дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ, дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон ва дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.

facebook
twitter
Наверх