23 Апреля 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Баҳси Ворух ба чӣ анҷомид? Ду роҳ дар як марз, ё аз навпротоколкунии талаботҳои Протоколи қаблӣ Избранное

222

"Нимаи дуюми рӯзи 18 марти соли равон баъди гуфтушунид гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаҳои муноқишаи наздимарзӣ, ки санаҳои 13 ва 14 марти соли равон дар минтақаи наздимарзии ноҳияҳои Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон рух дода буданд, ба мувофиқа расид", - хабар медиҳад сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо истинод ба Хадамоти матбуоти раиси вилоят.

Чуноне роҳбари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ба хабарнигорон иттилоъ дод, тарафҳо ба мувофиқа расида, протоколи созишро ба имзо расониданд. Тибқи он ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар тақвият дода шуда, дигар масоили мубрами ба миён омада ҳал хоҳад гардид.

Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим афзуд, ки шурӯъ аз ҳамин рӯз роҳи мошингарди Исфара – Ворух боз гардида, ин роҳ аз ҷониби сохторҳои қудратии ду кишвар мавриди назорати шабонарӯзӣ қарор дода шуда, монеаҳо барои ҳаракати нақлиёт бартараф карда мешаванд. Ҳамзамон, роҳи мазкур аз деҳаи Хоҷаи Аъло то шаҳраки Тоҷикон бо фарогирии роҳи деҳаи Оқсойи Ҷумҳурии Қирғизистон мумфарш мегардад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки гунаҳкорони ин моҷаро, ки боиси марги ду нафар ва маҷрӯҳ шудани беш аз 20 нафар сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд, бояд дастгир ва ба ҷабовгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷониби Қирғизистон ба бунёди қитъаи роҳи Боткент – Оқсой - Тамдиқ ба хотири убури чорво идома медиҳад ва дар баробари ин ду километр дуртар аз ҷануби деҳаи Оқсой роҳи мошингарди Ворух – Тоҷикон – Исфара сохта мешавад.

Роҳбари гурӯҳи корӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон муовини Сарвазири ин кишвар Жаниш Разаков низ ба хабарнигорон иттилоъ дода, изҳор дошт, ки ҷонибдори амалишавии бандҳои созишномаи мазкур, ки ба таҳкими муносибатҳои ҳасанаи ин ду кишвари ҳаммарз мусоидат хоҳад намуд, мебошад.

Ба хотири назорати риояи бандҳои қарордод комиссияи муштарак таҳти сарварии роҳбарони вилоятҳои Суғду Боткент таъсис дода мешавад.

Бояд гуфт, ки соли 2014 низ дар протоколи нишасти комиссияи байнидавлатӣ, ки дар Бишкек доир шуда буд, таҳти рақами 34 протоколе ба имзо расид. Талаботи он протокол низ бунёди қитъаи роҳи Боткент – Оқсой - Тамдиқ ва дар баробари ин бунёди роҳ аз ҷануби деҳаи Оқсой роҳи мошингарди Ворух – Тоҷикон – Исфара  бо ҳиссаи 25 бар 75 ба имзо расид буд. 25 фоиз корҳоро ҳамон вақт Тоҷикистон ба анҷом расониду 75 фоизи онро Қирғизистон умуман анҷом надод. Бо гузашти чору ним сол ин протокол аз нав эҳё ва ё ба қавле "обнавление" шуд.

Последнее изменениеВторник, 19 Март 2019 08:13
Наверх