23 Апреля 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

МУНОҚИШАИ МАРЗӢ ДАР ВОРУХ Избранное

МУНОҚИШАИ МАРЗӢ ДАР ВОРУХ

 

Дар ҳудуди деҳаи Ворухи Исфара мавзеи Тоҷикон баъди нисфирӯзи муноқишаи марзӣ байни қирғизҳову тоҷикон сар зад. Бино ба хабари сокинони маҳаллӣ муноқиша аз ҷониби қирғиз бо сабаби худсарона идома додани роҳ ба мавзеи Хоҷағор, ё бо ибораи халқӣ Ғорбобо шурӯъ шудааст. Сохтмони ин роҳ чанде пеш то ҳалли комиссияи паритетӣ мавқуф гузошта шуда буд.

Аз рӯи гуфти сокини Ворух Расул Раҳимов ҳарбиёни қирғиз бо истифодаи яроқ ба хотири тарсондани тоҷикҳо ба ҳаво тир холӣ кардаанд. Шаҳрвандони Қирғизистон бошад, бо сангҳо ба тоҷикон ҳуҷум намудаанд. Дар натиҷа аз руйи баъзе маълумотҳо 4 нафар тоҷикистонӣ бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногун дар шуъбаи шикастубандии беморхонаи Исфара бистарӣ шудаву чандеи дигар ҷароҳаии сабук бардоштаанд.

Инчунин ба хонаҳои наздисарҳадии тоҷикон сангпартоӣ низ ҷой доштааст.

Ҳоло роҳи Ворух баста буда, бино ба хабарҳо як микроавтобуси хатсайри Исфара -Ворух дар мавзеи Оқсой аз ҷониби қиргизҳо боздошта шудааст.

То кунун, роҳи Исфара - Ворух ва деҳаи Сомониёни Чоркӯҳ, тавассути роҳи асосӣ бастааст.

Наверх