19 Ноября 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Зодаи Файзобод дар Маскав медали тилло гирифт Избранное

Зодаи Файзобод дар Маскав медали тилло гирифт

Гулбиддин Раҳматзода, як варзишгари тоҷики муқими Русия дар мусобиқи бонуфузе дар шаҳри Маскав оид ба “Армлифтинг” сазовори медали тилло гардид.
Санаҳои 29 ва 30-юми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав дар мусобиқаи ҷаҳонии “Армлифтинг” Гулбиддин Раҳматзода, як ҷавони 20-солаи тоҷики муқими Русия дар вазни то 80 кг ба гирифтани медали тилло ноил гардид.
Дар ин бора бобои Гулбиддин - Саидов Нурулло ба Faraj.tj иттилоъ дода, афзуд, наберааш дар ҳоле ба ин медали тилло мушарраф гаштааст, ки вақте сармураббиаш мефаҳмад Гулбиддин аз номи Тоҷикистон дар ин мусобиқа баромад мекунад, аз иштирок дар ин сабқат даст мекашад.
Бобои Гулбиддин мегӯяд, вақте сармураббии наберааш аз иштирок бо ҳамроҳии ӯ дар ин сабқат даст мекашад, ҳеҷ касро намеёбад, ки дар сабқат ӯро ҳамроҳӣ намояд.
“Вақте набераам гуфт, ки сармураббиам бо ман дар ин мусобиқа иштирок намекунад, маҳзун шудам. Чун аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо Саидов Мирсаид, як корманди ин ниҳод шиносоӣ доштам, бо ӯ дар тамос шуда қазияро фаҳмонидам. Ӯ гуфт, ки “суроғаи набераатонро диҳед, мо ба ӯ кӯмак мекунем”. Пас аз чанд рӯз набераам занг зада гуфт, ки дар воқеъ аз Сафорати Тоҷикистон бо ӯ вохӯрда, барояш кӯмаки молиявӣ намудаанд ва ӯ миннатдориашро ба Саидов Мирсаид баён намуд. Ман ба ин бародари азиз, ки ба қавлаш истода, дар мусофирӣ аз ҳоли набераам хабардор шуд, миннатдориамро иброз менамоям”,- афзуд ӯ.
Саидов Нурулло, бобои Гулбиддин дар идома гуфт, ки “аммо новобаста аз кӯмаки намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба набераам, ӯро касе аз тоҷикон дар ин мусобиқа ҳамроҳӣ накардаанд. Вақте ӯро дар ин мусобиқа бо намояндагӣ аз Тоҷикистон ғолиб муаррифӣ мекунанд, дар зал касе кафкӯбӣ намекунаду Гулбиддин ғамгин мешавад. Аммо вақте як ҷавонмарди арманӣ “Гулбиддин, Гулбиддин” гуфта, садо баланд мекунад, намояндагони дигар кишвар бо ӯ ҳамовозӣ намуда, аз ғолибияти ин ҷавони тоҷик истиқбол мекунанд”.
Гулбиддин Раҳматзода 14-уми майи соли 1996 дар деҳаи Муминободи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Соли 2003 аввалин қадамҳои худро ба мактаби миёнаи №38-и деҳаи мазкур гузошта, то синфи 8 дар он таҳсил намудааст. Дар риштаи варзиш аввалин устодонаш аз ҳамин мактаб Мӯсоев Муллоҷон ва Нуров Манзаршоҳ мебошанд ва маҳз бо дастгирии онҳо завқу ҳавасаш ба варзиш пайдо шудааст.
Гулбиддин соли 2011 бо падару модараш ба муҳоҷират, ба Русия меравад. Ӯ айни ҳол дар курси дувуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии шаҳри Санкт-Петербург таҳсил менамояд.
Хонаводаи Гулбиддин гарчи чандин сол боз дар шаҳри Санкт-Петербург умр ба сар мебаранд, вале ҳанӯз шаҳрвандии ин кишварро ба даст наовардаанд.

Наверх