17 Июля 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Дил хун гирист, бирехт ҷигарҳо кабоб шуд Избранное

Дил хун гирист, бирехт ҷигарҳо кабоб шуд

Аз даргузашти нобаҳангоми дӯсти азизи мо Акбари Саттор мо ҳама тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург, зиёд андӯҳгин буда, ба ёру дӯстон ва аҳли хонадони эшон тассалият мефиристем. Акбари Саттор , ки хатмкардаи донишкадаи Рӯзноманигории Донишгоҳи Давлатии ба номи А.А.Жданови собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ва ба дӯстону ҳамкурсонаш меҳру иззати бепоён дошт, борҳо баъди хатми Донишгоҳ ба инҷо омада, якҷоя бо мо тарҳи кори рӯзномагузории мудерни хусусиро бар ҷой гузошт. Вай аз он рӯзҳои донишҷӯӣ сар карда, то ба имрӯзҳои охирини умраш хизмати шоистае дар рушду такомули фарҳангу маданияти кишварамон бар ҷой гузоштааст. Дар солҳои сахти баъди ҷанги ватанӣ, тани танҳо тавонист, дар он рӯзҳои болову поёнравии иқтисоди ҷумҳурӣ рӯзномаҳои худро сари вақт аз чоп барорад. Чандин нафаронро ба ҷои кор дар нашрияҳо таъмин намояд. Бо хислати некаш, ба ҳама дилёбиву дилбардорӣ карда, корашро сабаландона пеш бурда, корпорацияи рӯзноманигориро ба роҳ мондааст. Солҳои тӯлонӣ ёриву некиҳои бародаронааш ба ҳама дӯстону ҳамкоронаш расидааст. Дар раёсати Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон хизмаҳои зиёде ба харҷ дода, дар соҳаи фанни журналистикаи кишварамон нақши сазовор дорад.
Равонаш шод ва ҷояшон ҷаннат бошад!
Ба ёди Акбаралии Саттор
Во дареғо аз бари мо ёр рафт.
Акбари Саттори беозор рафт.
Халқ шуд бо халқу хулқи халқ дошт,
Ёри халқи холиқи Ҷаббор рафт.
Аз раги ҷони азизи дӯстон,
Шаҳраге барканду дил аз кор рафт.
Аз ҷавони зери ин гарданда Чарх,
« Чархи Гардун» гардиши паргор рафт.
Субҳу шомаш машқи ҳар рӯзнома буд,
Хобу роҳатро надиду хор рафт.
Ҷонфидое баҳри фардои Ватан,
Мардикоре марди нотакрор рафт.
Ҳамчу Сартоҷи фарони Тоҷиён,
Дил пур аз шеъру сухан саршор рафт.
Боғбоне, ки дарахташ хома буд,
Пур зи боғи меваи пур бор рафт.
Марг дар панҷоҳсолаш раҳ гирифт,
Ночашида умри аз ин хирвор рафт.
Дур буд аз мову бо мо буд дилаш,
Дар муҳаббат содиқу дилдор рафт.
Сад дареғу, оҳу ,вовайлои Дӯст,
Он накӯноми накӯкирдор рафт.
Муҳаммадназар Мирзода,
ш.Санкт-Петербург

Наверх