20 Октября 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Хайриддини Абдуллоҳ ба ҳуш омад Избранное

Хайриддини Абдуллоҳ ба ҳуш омад

Ба ҷони муаллифи фаъоли нашрияи "Тоҷикони Россия", донишманди ҷавону умедбахши ҷаҳони ислом, ҳамватани обрӯманди мо Хайриддини Абдуллоҳ шоми 7 августи соли равон наздики метрои "Рязанский проспект" - и шаҳри Москва сӯйиқасд ба амал омад.
Бино ба гуфти намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Россия Муҳаммад Эгамзод намояндагии дипломатии Тоҷикистон аз ҳодисаи сӯйиқасд ба ҷони олими ҷавони соҳаи дин Хайриддини Абдуллоҳ (Достаков) шадидан изҳори нигаронӣ доштааст.
Дипломати тоҷик дар сӯҳбат бо расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ки "масъулини Сафорат имрӯз чанд маротиб дар Бемористони ба номи Склифосовский буданд ва бо духтури навбатдор Андрей Пивень сӯҳбат доштанд".
-"Вазъи Хайриддин, ки шахсони номаълум чанд корд задаанд, то ҳол вазнин арзёбӣ мешавад. Аммо, чанд дақиқа пеш, ҳангоми сӯҳбати телефони духтури навбатдор ба ман гуфт, Хайриддин бахуд омадааст, ки ин як шӯълаи умед аст барои шифо ёфтанаш.
Масъули Сафорат ҳамчунин бо мақомоти пулиси Маскав низ мулоқот доштанд ва аз ҷузъиёти ин қазия пурсон шуданд. Қаблан маълум шудааст, ки ба номбурда дар наздики метрои "Рязанский проспект" - и шаҳри Москва, ки дар ин минтақа манзили зисти ӯст, чанд нафари ношинос дарафтодаанд ва бо захми чанд корд ӯро аз по афтондаанд. Аз болои ин ҳодиса парванда боз шудааст ва тафтишот идома дорад.
Хайриддини Абдуллоҳ, ё Мулло Хайриддинро ман ба хубӣ мешиносам. Нафари аз дониши хуби исломӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ бархурдор аст. Нафарест, ки солҳост дар миёни ҷавонону наврасон дар мавриди исломи анъанавӣ, ахлоқи ҳамида ва фарҳанги тахаммулпарвари исломӣ сӯҳбатҳо мекунад ва ба ҳамешагӣ алайҳи равияву гурӯҳҳои ифротиву радикалӣ, ки Исломро бадном мекунанд, садо баланд менамояд. Ӯ муаллифи доимии мақолаву андарзҳои саршори ҳикмати диниву ахлоқист, ки барои муҳоҷирони мусулмонтабор дар нашрияҳои мухталиф дар Русия, аз ҷумла дар "Тоҷикони Россия" ва шабакаҳои иҷтимоии Интернет мунтазам чоп мешуд. Умедворем, ки ӯ шифои комил меёбад"-изҳор намуд намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар ФР.
Ӯ аз ҷумла гуфт, Сафорати Тоҷикистон аз мақомоти пулиси Маскав тақозо намудааст, ки ҳарчи зудтар таҳқиқоти ин қазияро ба анҷом бирасонад, гунаҳкорони ин суйиқасдро дастгир ва муҷозот намояд.

Tajinfo.

Наверх