20 Апреля 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Муҳоҷирини кории тоҷик қариб 40 % кам пул ирсол кардаанд. Избранное

Муҳоҷирини кории тоҷик қариб 40 % кам пул ирсол кардаанд.

Муҳоҷирини тоҷик тӯли шаш моҳи аввали соли равон тибқи бонки “Амонатбонк” ба кишвар беш аз 40 дарсад кам пул ирсол кардаанд.
Дар ин бора Рӯҳуллоҳ Ҳакимзода, раиси бонки давлатии "Амонатбонк" имрӯз, 14 июл, зимни нишасти хабарии худ хабар дод.
Бино ба гуфтаи Ҳакимзода, дар нимсолаи аввали соли интиқоли пул аз Россия тавассути бони “Амонатбонк” ҳамаги 173 миллион долларро ташкил додааст.
Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми маблағи интиқолшуда тавссути ин бон 288 миллион доллар будааст.
Аммо раиси “Амонатбон” сабаби аслии кам шудани интиқоли пулро ба кишвар ба паст рафтани қурби пули русӣ рабт дода, гуфтааст, кам шудани теъдоди муҳоҷирини корӣ дар кишвари Россия ба ин раванд таъсири қобили таваҷҷӯҳ надоштааст.
Дар ҳамин ҳол сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов борҳо аз минбарҳои баланд аз ихроҷи беш аз 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз кишвари Россия барои қоидавайронкуниҳои ночизи маъмурӣ изҳор назар карда буд. Ҳамчунин ин мавзӯро сафири тоҷик зимни дидори президентони Тоҷикистону Россия дар ҳошияи нишасти сарони кившарҳои Созмони Шонгҳой ҷавобан ба идаои сардори ХФМ Россия Константин Ромадановский, ки гуфтааст, теъдоди мамнӯълувуқуон ба хоки ин кишвар хеле ночиз аст, бо шиддат баррасӣ кардааст.
Ҳамчунин тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷмӯъ интиқоли пул аз кишвари Россия беш аз 42 дарсад коҳиш ёфтааст, ки то имрӯз собиқа надоштааст

 

 
Последнее изменениеСреда, 15 Июль 2015 08:13
Наверх