17 Июля 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Қотили муҳоҷири тоҷик муҷрим шинохта шуд. Избранное

Қотили муҳоҷири тоҷик муҷрим шинохта шуд.

Ниҳоят як ҳайати комили додгоҳи мунсифӣ гуноҳи Иля Горячев, мулаққаб бар “Студент”, идеолог ва яке аз сарварони созмони миллатгарои рус бо номи “БОРН” ва қотили муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизовро барои ташкили куштори чанд нафар бар заминаи адовати қавмӣ, дайн кард. Имрӯз, 14 июл, Додгоҳи шаҳри Маскав, ки парвандаи ҷиноиро алайҳи Иля Горячев, қотили муҳоҷирбачаи тоҷик Салоҳиддин Азизови 20 сола, сокини ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон, ва чанд нафари дигарро бо ширкати ҳайати мунсифаи додгоҳӣ баррасӣ мекард, хулосаи худро бо тасдиқи муҷримии айбдоршаванда пешниҳод кард. Тавре додгоҳи Маскав ба расонаҳои русӣ гуфтааст, баъди баррасиҳои тулонӣ, ҳайати мунсифа ба хлосае омадааст, ки ҷурми Иля Горячев, нобахшиданист ва барои ташкил чанд куштор бояд, ки ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад. Тафтишот Иля Горячевро барои ташкили куштори муборизон бо фашизм Федор Филатов, Иля Ҷапаридзе, адвокат Станислав Маркелов, як донишҷӯи озарӣ ва муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов муҷрим медонист. Тибқи иттилои расида, то чанд рӯзи дигар додгоҳи Маскав ҳукми ниҳоии худро нисбати Иля Горячев содир хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки баррасии парванда нисбати фигураи охирин ва асосии ин созмони ҷиноии муташаккил ва кушторҳои даҳшатафкани онҳо дар заминаҳои адовати милливу қавмӣ беҳ аз якуним моҳ дар додгоҳ идома доштааст. Пеш аз ин чанд узви дигари ин созмон дастгир ва барои солҳои тӯлонӣ паси панҷара фиристода шуда буданд. Дигар аъзои ин даста идеолог ва ё худ тарроҳи асосии ин кушторҳо будани Иля Гоячевро таъид кардаанд. Шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов рӯзи 5 декабри соли 2008 ҳангоми бозгашт аз кор дар наздикии деҳаи Жабкино мавриди ҳамлаи ин гурӯҳ гашта, хешони ӯ фардои рӯзи дигар сари буридаи ӯро дар ҷои ҳодиса пайдо карда буданд. Шарики Салоҳиддин дар ин ҳамла аз сараш тири яроқи пневматики хурда, ҷон ба саломат бурда, тавонистааст ба ақрабои Салоҳиддин хабар бирасонад. Ниҳоят як ҳайати комили додгоҳи мунсифӣ гуноҳи Иля Горячев, мулаққаб бар “Студент”, идеолог ва яке аз сарварони созмони миллатгарои рус бо номи “БОРН” ва қотили муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизовро барои ташкили куштори чанд нафар бар заминаи адовати қавмӣ, дайн кард. Имрӯз, 14 июл, Додгоҳи шаҳри Маскав, ки парвандаи ҷиноиро алайҳи Иля Горячев, қотили муҳоҷирбачаи тоҷик Салоҳиддин Азизови 20 сола, сокини ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон, ва чанд нафари дигарро бо ширкати ҳайати мунсифаи додгоҳӣ баррасӣ мекард, хулосаи худро бо тасдиқи муҷримии айбдоршаванда пешниҳод кард. Тавре додгоҳи Маскав ба расонаҳои русӣ гуфтааст, баъди баррасиҳои тулонӣ, ҳайати мунсифа ба хлосае омадааст, ки ҷурми Иля Горячев, нобахшиданист ва барои ташкил чанд куштор бояд, ки ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад. Тафтишот Иля Горячевро барои ташкили куштори муборизон бо фашизм Федор Филатов, Иля Ҷапаридзе, адвокат Станислав Маркелов, як донишҷӯи озарӣ ва муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов муҷрим медонист. Тибқи иттилои расида, то чанд рӯзи дигар додгоҳи Маскав ҳукми ниҳоии худро нисбати Иля Горячев содир хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки баррасии парванда нисбати фигураи охирин ва асосии ин созмони ҷиноии муташаккил ва кушторҳои даҳшатафкани онҳо дар заминаҳои адовати милливу қавмӣ беҳ аз якуним моҳ дар додгоҳ идома доштааст. Пеш аз ин чанд узви дигари ин созмон дастгир ва барои солҳои тӯлонӣ паси панҷара фиристода шуда буданд. Дигар аъзои ин даста идеолог ва ё худ тарроҳи асосии ин кушторҳо будани Иля Гоячевро таъид кардаанд. Шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов рӯзи 5 декабри соли 2008 ҳангоми бозгашт аз кор дар наздикии деҳаи Жабкино мавриди ҳамлаи ин гурӯҳ гашта, хешони ӯ фардои рӯзи дигар сари буридаи ӯро дар ҷои ҳодиса пайдо карда буданд. Шарики Салоҳиддин дар ин ҳамла аз сараш тири яроқи пневматики хурда, ҷон ба саломат бурда, тавонистааст ба ақрабои Салоҳиддин хабар бирасонад.

Наверх