19 Января 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Рашид Олимов, котиби нави Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Избранное

Рашид Олимов, котиби нави Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой


Бар асоси натоиҷи Нишасти сарони кишварҳои узви Шонгҳой дар шаҳри Уфаи Россия дипломати тоҷик Рашид Олимов Котиби генералии ин созмон таъин шуд. Дар ин бора Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз ин шаҳр хабар дод. Бино ба маълумоти манбаъ, Рашид Олимов дар ин маснад Дмитрий Мезентсевро иваз кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ширкаткунандагони ин Нишаст барои дастгирӣ аз номазди Тоҷикистон зимни суханрониаш изҳори сипос карда аз ҷумла таъкид дошт, ки “...кишвари Тоҷикистон аз ҳамаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой барои дастгирии номзади мо Рашид Олимов изҳори сипос мекунад. Умедворам, ки фаъолияти пурсамари намояндаи Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи фаъолияти ин созмон равона хоҳад шуд”.
Ёдовар мешавем, ки маснади Котиби генералии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) сар аз соли 2007 фаъол шудааст. То ин замон намояндаи се кишвар Казоқистон, Қирғизистон ва Россия дар ин маснад нишастаанд.
То замони таъсиси ин маснад роҳбарии созмонро котиби иҷроияи созмон ба ӯҳда дошт.
Акнун сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов то се соли баъдӣ сарвари ин созмон хоҳад буд.
Рашид Олимов яке аз дипломатҳои тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки 23 июли соли 1953 дар Душанбе зода шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар зинаҳои гуногуни роҳбариву ҳизбӣ кор кардааст. Аввалин вазири умури хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Сар аз соли 1994 то соли 2005 ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар СММ фаъолият карда, аз соли 2005 сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии халкии Чин мебошад.
Дорои як қатор ҷоизаву мукофотҳои давлатӣ, профессори ифтихории Донишгоҳи муносиботи байналмиллалии Чин ва Донишгоҳи кишоварзии Пекин мебошад.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Последнее изменениеПонедельник, 13 Июль 2015 09:49
Наверх