19 Января 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Дар Уфа Маркази фарҳанг ва тиҷорати Тоҷикистон сохта мешавад Избранное

Дар Уфа Маркази фарҳанг ва тиҷорати Тоҷикистон сохта мешавад


Соҳибкорони тоҷик тасмим гирифтаанд дар шаҳри Уфа-пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Россия Кохи фарҳангу тиҷорати Тоҷикистонро бисозанд. Дар ин бора зимни дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони созмонҳои фарҳангивуу тиҷоратии тоҷикон дар ин минтақаи Россия ибрози назар шудааст.
Тавре зимни ин дидор яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик, раиси бозори "ЕвроАзия" шаҳри Уфа Фурқатҷон Икромов муроҷеан ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хост, то барои сабти ном ва ҳуҷҷатгузории ин Марказ кӯмакк кунанд ва ин барои тезонидани суръати ин раванд бо мақомоти маҳаллӣ вориди гуфтугӯ шаванд.
Бино ба маълумоти ин соҳибкор, бозори калонтарини пойтахти Бршқирдистонро фарзанди Тоҷикистон Фурқатҷон Икромов роҳбарӣ ва беш аз якуним ҳазор тоҷикистониро бо кор таъмин мекунад.
Тавре пештар “Таҷинфо” хабар дода буд, зимни сафараш дар авохири соли гузашта ба Бошқирдистон сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов ва дидораш бо президенти Бошқирдистон Рустэмбек Хамитову шаҳрдори Уфа Ирэк Ялалов дар масъалаи масъалаи ҷудо намудани замин барои сохтмони бинои консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр ва ҳамчунин Маркази фарҳангу тиҷорати тоҷикон ба мувофиқат расида буд
“ - Мо омодаем бо махсусиятҳои ҳунари меъмориву ороишии сирф тоҷикона як бинои зебову замонавӣ, ки бо зебоиву қашангияш аз дигар биноҳои шаҳр ба куллӣ фарқ ба ҳусни ин шаҳри зебо бо зебоиву ҷаззобият зам намояд, бисозем. Барои ин кор беҳтарин тарроҳону меъморони ҳунарманди тоҷикро ҷалб хоҳем кард” - гуфта буд, дипломати тоҷик зимни ин мулоқотҳо.
Ҳамчунин зимни дидори Эмомалӣ Раҳмон бо сошибкорони ин минтақа таъкид шуд, ки арзи ҳастани кардани чунин як Кохи фарҳангу тиҷорат барои рушди муносиботи тиҷоратии Тоҷикистону ин минтақаи Россия, афзун намудани бозори дохилии Тоҷикистон ва содироти молу коло ба хориҷ аз он, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ кӯмаки беандоза хоҳад намуд.
Гуфта мешавад, дар ин марказ ҳамчунин як тарабхонаи тоҷикӣ боз хоҳад шуд, ки сокинону меҳмонони шаҳри Уфаро бо ҳунари таббохии тоҷикон ва лаззати таомҳои миллӣ ошно хоҳад намуд.
Ёдоҷвар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҳошияи сафараш ба шаҳри уфа дар доираи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ (ШОС) бо тоҷикони бурунмарзӣ, аз ҷумлаи аҳли илму фарҳанг, тиҷорату донишҷӯён мулоқот анҷом дода, ҳамчунин дар намоишгоҳи ҳунари рассомони тоҷик дар ин шаҳр дидан кард..

Абӯбакри Файзалӣ, “Таҷинфо”.

Последнее изменениеПонедельник, 13 Июль 2015 09:36
Наверх