17 Июля 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Конфронси матбуотии Сафири Тоҷикистон дар "Россия сегодня" Избранное

Конфронси матбуотии Сафири Тоҷикистон дар "Россия сегодня"

Мавзӯи баргузории Конфронси Байналмилалии дар сатҳи баланд оиди натиҷагирии даҳсолаи “Об барои ҳаёт” 2005-2015, ки интизор меравад 9-11 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, яке аз мавзуоти калидии конфронси матбуотии Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар Оҷонсии иттилоотии "Россия сегодня" хоҳад буд, гуфт дар ин бора ба Tajinfo намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Москва Муҳаммад Эгамзод.

-Иштироки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар ин Конфронси байналмилали худ як хабарест, ки дар фазои иттилоотии ҷаҳон ҳузури чашмгир хоҳад дошт.
Ба гуфти дипломати тоҷик, ин нишасти матбуотӣ қарор аст рӯзи 26 майи соли равон, соати 11.00 вақти маҳаллӣ дар Оҷонсии байналмилалии “Россия сегодня” ширкати доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Россия ва хориҷии муқими Москва доир гардад.
-"Сафир ҳамчунин, дар мавриди натоиҷи кори яксола, пешрафт ва мушкилоти намояндагии дипломатӣ изҳори назар хоҳад кард. Ин шакли пешбурди кор, бахусус иртиботи мустақим бо матбуот ва бозгӯйи мушкилоти мавҷуда талаби замони муосир- асри иттилоот аст. Ҷомиа бояд ба ахборот, аққалан дар маҷмӯъ ба раванд ва натоиҷи кор бояд дастрасӣ дошта бошад. Бахусус, ҷомаи чандинҳазорнафараи тоҷикистониҳо, ки дар қаламрави ин кишвар кору иқомат мекунанд. Онҳо ба ҳамешагӣ интизори дарёфти иттилоъ дар мавриди муносибатҳои ду кишвари бо ҳам
аз рӯйи манофеи муштарак зич алоқаманд мебошанд. Шаффофияти фаъолият, бозгӯйи мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли он- ин аст мақсади ниҳоии мо-таъкид дошт
Муҳаммад Эгамзод.

Последнее изменениеСуббота, 23 Май 2015 09:18
Наверх