17 Июля 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Гулрухсор Рофиева баъди севуним моҳи асорат озод шуд Избранное

Гулрухсор Рофиева, тоҷикдухтаре, ки тӯли беҳ аз 3 моҳ дар кишвари Яман дар асорат қарор дошт, имрӯз, 10 феврал, озод шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли намояндаи ширкати русие, ки табибони тоҷикро барои кор ба ин кишвар фиристода буд, навишт.

Бино ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз Манучеҳр Абдуев, як намояндаи ширкати Русия дар Яман дар бораи озодшавии Гулрухсор Рофиева, зодаи шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон хабар дода гуфтааст, феълан Гулрухсор дар ҷои кораш қарор дорад ва аммо манбаъ ҷузиёти озодшавии асирзани тоҷикро ташреҳ накардааст.
Ҳамчунин табибони дигари тоҷик низ хабари озодшавии Гулрухсор Рофиеваро тасдиқ карданд.
Гуфта мешавад, то 2 рӯзи баъдӣ Гулрухсор ба пойтахти Яман мерасад.

Ёдовар мешавем, ки Гулрухсор Рофиева, сокини 36 солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шифохонаи ҳарбии шаҳри Маъриби Яман тибқи қарордод бо як ширкати русӣ кор мекард, дар ҳолати то кунун номаълум ба асорат рабуда шуда буд. Ҳамчунин таъкид меравад, ки ин сеюмин ҳолати рабуда шудани табибони тоҷик дар ин кишвар мебошад, ки ҳар се ҳолат, хушбахтона, бо озодшавии асирон анҷомид.

Феълан дар ин кишвар ҳудуи 70 табиби тоҷик, бо шумули бештар аз 200 нафар аҳли байташон кору зиндагӣ доранд.

Последнее изменениеВторник, 10 Февраль 2015 11:28
Наверх