20 Октября 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Рӯнамоии китоби “Ислоҳи хеш” -и Хайруддин Абдуллоҳ

Рӯнамоии китоби “Ислоҳи хеш” -и Хайруддин Абдуллоҳ

Дар нишасте дар мақарри намояндагии Донишгоҳи байналмилалии Мустафо (с)-и Эрон дар Маскав, аз китоби ҷадиди Домулло Хайруддин Абдуллоҳ, руҳонӣ ва нависандаи тоҷик ба унвони “Ислоҳи хеш” рӯнамоӣ шуд.
Дар ин нишаст, ки ҳамзамон бо баргузорииконфронси байналмилалии “Нақши дин ва диндорон дар мувоҷеҳа бо чолишҳои аср” дар Маскав баргузор шуд, шуморе аз донишмандон аз ҷумла раиси Донишгоҳи байналмилалии Мустафо (с) ҷаноби Оятуллоҳ Аърофӣ ва Ҳамидризо Сулкӣ, намояндаи ин донишгоҳ дар Русия ширкат карданд.
Китоби “Ислоҳи хеш” як китоби ахлоқӣ буда, дарбардорандаи оятҳо ва ривоятҳо ва суханони бузургони дин дар бораи ахлоқ мебошад.
Домулло Хайруддин Абдулло, муаллифи китоб, дар бораи таълифи ин китоб гуфт: “Имрӯз ҷомеаи мо махсусан ҷавонон беш аз ҳар замони дигар ниёз ба ин доранд, ки бо ахлоқи писандида ошно ва худро ба онҳо биёроянд ва низ ба ахлоқ ва рафторҳои нописанд ва зишт маърифат пайдо карда ва хештанро аз онҳо дур нигаҳ доранд. Ҳамин нукта сабаб шуд ва бандаро водор кард, то ба таълифи ин китоб бипардозам.”
Ва дар идома гуфт: “Албатта китобҳои ахлоқӣ аз бузургонамон бисёр дорем, вале ишколи кор дар ин аст, ки забони онҳо барои ҷавонони имрӯз каме сангин аст ва фақат шумори каме аз мардум онҳоро метавонанд бифаҳманд. Ба ҳамин хотир, ниёз ба ин буд, ки китобе таълиф шавад ва ҳамон матолиби бузургонро бо забони содда ва равон, ки барои ҷавони имрӯз қобили фаҳм бошад, мунтақил созад, ки Худоро шукр ин китоб барои ҳамин манзур таълиф шуд.”
Дар пешгуфтори ин китоб, ки ба қалами Сайидюнуси Истаравшанӣ навишта шуда, аз ҷумла омадааст: “Дар қадим, дар мадориси динӣ, ҳар толибулилме омӯзишҳои динии худро аз омӯзиши дониши ахлоқ шурӯъ мекард ва барои ин манзур китоби “Одобул-мутаъаллимин” барои донишомӯзони улуми исломӣ тадрис мешуд. Ва донишомӯз, то замоне ки бо илми ахлоқ ошно ва худро ба ахлоқи писандида наёрояд, пой бар омӯзиши соири улуми исломӣ намегузошт. Ба сухани дигар, омӯзиши илми ахлоқ ва ороста шудан ба рафторҳои писандида ва дурӣ аз кирдорҳои зишт ва нописанд, муқаддима ва шарти вуруди ҳар донишомӯзе ба омӯзиши улуми динӣ шумурда мешуд. Вале бо камоли таъассуф, дар солҳои ахир, ин дониш ҷойгоҳи шоистаи худро ҳатто дар мадориси динӣ аз даст дода, то чӣ бирасад ба мадориси ғайридинӣ. Асотид ва муаллимон ва дастандаркорони мадорис ба вижа мадориси динӣ, бояд наҳваи тадриси улуми диниро ба ҳамон равиши гузаштагон анҷом бидиҳанд, ва илло толибилме, ки аз ахлоқ баҳрае надошта бошад, илм ва дониши ӯ ҳеч суде на барои худаш ва на барои дигарон нахоҳад дошт. Рисолае, ки пеши рӯйи хонандаи азиз қарор дорад ва ба қалами тавонои бародари азизамон ҷаноби Домулло Хайриддини Абдуллоҳ таълиф шуда, ҳарчанд дорои ҳаҷме кучак аст, аммо бисёр арзишманд ва пурмоя аст. Ва аз он ҷо, ки ба хатти сириллик нигошта шуда, аз ин рисола на танҳо донишомӯзони улуми динӣ, ки ҳар касе метавонад баҳраманд бишавад.”
Лозим ба ёдоварист, Хайриддин Абдуллоҳ, ҳамзамон роҳбари Кумитаи дин дар назди Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия буда ва дар нашрияҳои “Овози тоҷикистониҳо” , “Тоҷикони Росия”, “Медина”, “Ислам Минбар” ва “Исламская культура” матлаб менигорад ва ҳамчунин дар омӯзишгоҳи омӯзиши забони порсии вобаста ба намояндагии Донишгоҳи байналмилалии Мустафо (с)-и Эрон дар Маскав тадрис мекунад.
P.S.
Аҳли эҷоди рӯзномаи «Тоҷикони Россия» масъули бахши фарҳанги рӯзнома Хайриддини Абдуллоҳро бо нашри нахустин осори эҷодаш таҳният гуфта, ба ӯ парвози баланди эҷодӣ таманно мекунад.

Последнее изменениеВторник, 27 Январь 2015 13:33
Наверх