20 Апреля 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Бошқирдистон баҳри ҳамкориҳои судманд Избранное

Бошқирдистон баҳри ҳамкориҳои судманд

Дар доираи силсиласафарҳои худ сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов дар пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистон - шаҳри Уфа, бо президенти Бошқирдистон Рустэм Хамитов дидору гуфтугӯ доир кард.
Тавре мухбирамон аз ҷараёни ин дидор хабар медиҳад, президенти Бошқирдистону сафири Тоҷикистон масоили муҳими ҳамкориҳои судманди мутақобиларо дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, фарҳангу ҳунар, интиқоли маводи сӯхт ба Тоҷикистон ва танзими раванди муҳоҷират баррасӣ намуданд.
Нахуст президенти Бошқирдистон ҷаноби Р. Хамитов гуфт, кишвараш барои роҳандозии муносиботи ҳасанаву ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мекунад.
-Махсусан рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муносиботи иқтисодиву савдо, ҳамкориҳои фарҳангиву илмӣ, роҳандозии сохтори мубодилаи маълумот дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ аз бартариятҳое мебошанд, ки Уфа дар равобиташ бо Душанбе дар мадди аввал мегузорад,- гуфт Хамитов.

Рустэм Хамитов:
Аз таҷрибаи Душанбе истифода хоҳем кард.
Ҷойи шодмонӣ буд, ки президенти Бошқирдистон аз Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ру ба рушду муосир ном бурд ва оиди сафараш ба кишвари мо дар замони баргузории Нишасти СҲШ (ШОС) нақл кард ва барои пазироиву баргузории ин ҷорабинӣ дар сатҳи олӣ ба роҳбарияти кишвари Тоҷикистон, бахусус Эмомали Раҳмон, изҳори сипос намуд.
-Мизбонии баргузори Нишасти СҲШ аз Душанбе ба Уфа гузашт, ва соли 2015 мо низ ифтихори қабули меҳмонони сатҳи олӣ ва баргузор намудани чунин чорабинии муҳими байналмилалиро хоҳем дошт. Дар навбати худ ба дӯши мо дар қатори ифтихор ҳамчунин масъулияти баланде вогузор карда шуд. Мо барои дар сифати баланд баргузор кардани ин чорабинӣ аз таҷрибаи дӯстони тоҷикамон, ки тавонистанд дар баргузории ин чорабинии муҳим аз худ мизбонони соҳибтаҷриба ва дорои маданияту фарҳанги баланд нишон бидиҳанд, истифода мебарем ва умедворем, ки дар ин кор дӯстони мо барои мо дастгириву маслиҳатҳояшонро дареғ нахоҳанд дошт, -гуфт президенти Бошқирдистон.

Паёми Раҳмон ва муаррифии консули нав
Дар навбати худ дипломати тоҷик бо арзи миннатдорӣ аз пазироии президенти Бошқирдистон, салому паёми гарму самимии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро ба ҷаноби Хамитов расонид ва гуфт, Ҷумҳурии Бошқирдистони Россия аз минтақаҳои дӯст ва барои миллати мо наздик мебошад.
Ҳамчунин Имомуддин Сатторов оиди вазъи сиёсиву иҷтимоии дохиливу хориҷии Тоҷикистон маълумот дода, Россияро аз шарикони аслии стратегии Тоҷикистон номид ва гуфт, рушди ҳамкориҳои дӯстонаи миёни ин ду кишвар натиҷаҳои дилхоҳ дар соҳаи сиёсату иқтисод хоҳад дод.
Бо таъкид аз ҳамкориҳои судманд бо мардуми бошқирд, сафири Тоҷикистон аз ҷумла гуфт:
-Мардумони мо ба ҳам наздикиву умумиятҳои бештаре аз дигар халқҳо доранд, ки ҷои шодмонист. Ҳамкориҳои тиҷоративу иҷтимоии миёни кишварҳои мо хеле дӯстонаву нек мебошанд ва аммо имкониятҳои васеътари истифоданашудае ҳастанд, ки барои истифодаи онҳо талошҳои ҷиддӣ лозиманд ва ҳатман аз ин талошҳоро кор хоҳем гирифт. Ҳамчунин, имрӯз консули нави генералии Тоҷикистон Олимхон Шамсовро муаррифӣ мекунам, ва бо боварӣ изҳор медорам, ки ин дипломати варзида барои ривоҷу таҳкими муносиботи неки миёни Тоҷикистону Бошқирдистон дар самтҳои гуногуни сиёсату иқтисод, фарҳангу иҷтимоиёт талоши сареъ хоҳад кард, - иброз дошт Сатторов.
Ҳамчунин дипломати тоҷик аз фароҳамсозии шароити муҳиму муносиботи арзанда нисбати муҳоҷирини тоҷик дар ин минтақаи Россия изҳори қаноатмандӣ кард ва ҳамчунин ҳавасмандии Тоҷикистонро барои рушди ҳамкориҳои бисёрҷабҳа баён дошта, ҷониби Бошқирдистонро барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи гидроэнергетика, саноати маъданҳои кӯҳӣ, кишоварзӣ ва рушди туризм даъват намуд.
-Мо аз Шумо барои интиқоли маводи нафтӣ, маҳсулоти соҳаи коркарди чӯб, маъдану дигар маҳсулот интизориҳои зиёд дорем, -гуфт Сатторов.

Хамитов: Дар сохтмони маркази тоҷикон мушкил нест!
И. Сатторов ҳамчунин бо истифода аз ин фурсат аз раисҷумҳури Бошқирдистон хоҳиш намуд, то барои ҷудо намудани қитъаи замин дар шаҳри Уфа ҷиҳати сохтмони маркази бисёрҷабҳаи фарҳангии тоҷикон, ки дар он консулгарии Тоҷикистон ҷойгир бошад, мусоидат намояд.
«Мо мехоҳем дар шаҳри Уфа як бинои фарҳангие бунёд намоем, ки дар он намунаҳои фарҳанги шаҳрсозиву меъмории миллии тоҷикон ҷилва кунад. Ин марказ тавонад намои дӯстӣ ва наздикии фарҳангии мардумони Тоҷикистону Бошқирдистонро нишон бидиҳад”, - гуфт сафири Тоҷикистон.
Рустэм Хамитов, президенти Бошқиридистон аз ин иқдом дастгирӣ кард ва гуфт дар масъалаи ҷудо намудани замин мушкилие нахоҳад буд, ва роҳбарияти ин кишвар пурра аз тасмими ҷониби Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.

Уфа-шаҳри мусоид барои сармоягузорӣ
Дар дидори сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов бо мири шаҳри Уфа Ирек Ялалов, охирӣ баъди тамошои як филми кӯтоҳи муаррифӣ, оиди дастовардҳои шаҳр муфассал нақл карда, пойтахти Бошқирдистонро аз лиҳози дастрасӣ ва сохтори муосири нақлиётӣ маркази рушди тиҷорат ва амалисозии лоиҳаҳои бузурги инвеститсионӣ номид.
Бояд гуфт, ки тибқи маъулмотҳои шаҳрдорӣ, танҳо дар соли 2013 ҳаҷми сармоягузорӣ ба шаҳр хати 100 миллиард долларро гузашт, ки ба ҳисоби миёна бар сари ҳар як сокини шаҳр беш аз 100 ҳазор рубли инвеститсионӣ рост меояд.
Натиҷаҳои радабандии оҷонсиҳои мустақили рейтингҳои шаҳрҳои мусоид барои сармоягузорӣ бозгӯи он аст, ки ин шаҳр хеле ҳам барои рушди тиҷорат мувофиқ аст. Танҳо аз рӯи натиҷаи рейтинги Forbes ду сол Уфа паиҳам ҷойи дуюмро дар ҷоизабарномаи «Беҳтарин шаҳри Россия барои тиҷорат» соҳиб мешавад. Ҳамчунин ин шаҳр тибқи раддабандии Хадамоти рейтингҳои кредитии (Служба кредитных рейтингов) Standard & Poor’s соҳиби дараҷаи “ВВ” будани худро тасдиқ кард.
- Бо ифтихор мегӯям, ки Уфа бо шаҳрҳои Анқара (Туркиё), Галле (Олмон) ва Шэнян (Чин) бародаршаҳр буда, ҳамчунин созишноми ҳамкориро бо шаҳрҳои Хэфэй, Тситсикар (Чин), Остана (Қазоқистон) ва дигар шаҳрҳои бузурги Россия ба тасвиб расонидаем. Бо Тоҷикистон на соли аввал аст, ки ҳамкориҳои нек дорем. Дар кишвари мо, махсусан шаҳри Уфа, тоҷикон аз манзалату мавқеи хосса бархурдоранд ва мардуми мо ба ин халқ назари некхоҳона доранд. Ҷамъиятҳои тоҷикон дар ҳама чорабиниҳои шаҳрӣ фаъолияти назаррас доранд. Мо омодаем ҳамкориҳоро дар ҳамаи соҳаҳо равнақи тоза бахшем ва барои рушди боз ҳам ҷиддитару тавъам дар соҳаи тиҷорату савдо, соҳаи кишоварзӣ талош варзем,- гуфт Ялалов.
Имомуддин Сатторов гуфт, Тоҷикистон ҳавасманди интиқоли молу коло аз Ҷумҳурии Бошқирдистон мебошад.

Тоҷикистон сабзавот ва Бошқирдистон нафт интиқол мекунанд
-Пеш аз ҳама мавзӯи ҷиддӣ ин интиқоли маводи нафтӣ ва маҳсулоти коркарди чӯб мебошад, ки барои интиқолашон Тоҷикистон ҳавасмандии амиқ зоҳир мекунад.
Мо дар навбати худ метавонем аҳолии шуморо бо меваву сабзавоти босифат, ки Тоҷикистонро машҳур кардааст, таъмин намоем. Маҳсулоти мо ҳанӯз дар солҳои иттиҳоди шуравӣ мавриди писанди мардумони Шумо буданд. Мо омодаем ин равобитро барқарор созем. Маҳсулоти мо аз рӯи сифат ва таъм аз маҳсуоти кишварҳои аврупоӣ ба маротиб беҳтар аст, зеро анъанаҳои боғдориву хоҷагидории миллати мо сарҳади ҳазорсолаи таърихро убур мекунанд. Мо сафари муовини сарвазири Тоҷикистон Муродали Алимардонро, ки соҳаи кишоварзиро роҳбарӣ мекунад, ба Бошқирдистон ташкил менамоем, то масоили рушди интиқоли маҳсулоти кишоварзиро ба Бошқирдистон, ҳамчунин таъсиси марказҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулотро мушаххасан баррасӣ намояд, - гуфт Сатторов.
Ҳамчунин ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар соҳаи фарҳангу маориф ва танзими раванди муҳоҷират баррасӣ намуданд.

Уфа –мизбони чорабиниҳои байналхалқӣ
Сафири Тоҷикистон баргузории ду ҷорабинии муҳими сатҳи олиро дар шаҳри Уфа тобистони соли оянда, ки бо ширкати сарварони беш аз 20 кишвари дунё хоҳад гузашт, фоли нек хонда, ин чорабинҳоро такондиҳандаи ҳамкориҳои судманд ва рушди шаҳр номид.
– Соли оянда барои Уфа соли махсус хоҳад буд. Уфа ба минбари ҷалби диққати кишварҳои узви СҲШ (ШОС) ва БРИКС табдил хоҳад ёфт. Барои Бошқирдистон имконияти мусоиди муаррифии имконияту потенсиали худ фароҳам хоҳад омад. Аммо, барои мо рушди ҳамкориҳо бо Россия, аз ҷумла бо Бошқирдистон авлавияти махсус дар сиёсати берунаамон дорад, чунки Россия шарики асосии стартегии мо мебошад, - таъкид кард дипломати тоҷик.

Ялалов: Маркази тоҷикон бояд лоиҳаи арзандаи
меъморӣ бошад
Ҳамчунин зимни ин дидор ҷониби Тоҷикистон оиди тасмимаш дар хусуси сохтани як маркази бисёрсоҳавии фарҳангии тоҷикон, ки бинои консулгарии Тоҷикистон дар он ҷойгир бошад, изҳор дошт. Шаҳдори Уфа аз ин тасмим истиқбол кард ва гуфт:
– Муҳим он аст, ки ин як лоиҳаи арзандаи меъморӣ бошад, ки шакли хосу нотакрор дошта, ба зебоии шаҳр ҳусни дигар зам намояд. Бояд махсусияти маркази фарҳангии тоҷикон аз дуриҳо ҳувайдо бошад ва баёнгари анъанаву фарҳанги миллии тоҷикон гардад.
Ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Россия бо сарвари Дафтари ҳамоҳангсозӣ ва таҳияи шароит барои дастгирии лоиҳаҳо оид ба баргузории СҲШ ва БРИКС дар Уфа дар соли 2015 Николай Фадеев мулоқот доир намуда, оиди омодагиҳо ба ин чорабинии муҳим, роҳҳои истифода аз таҷрибаи Тоҷикистон, ва мавқеи кишвари мо дар ин анҷуман, ибрози андеша намуд.
Дар дидори дипломати тоҷик бо сарвари Раёсати Хадамоти федеролии муҳоҷирати Россия дар Ҷумҳурии Бошқирдистон Борис Гузаиров масоили ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират ва ҳифзи ҳақу манфиатҳои шаҳрвандони мо дар ҳудуди ин минтақаи Россия баррасӣ шуданд. Масоили будубош, таъмини ҷойҳои корӣ ва шароити мусоид барои фаъолияти меҳнатӣ ҳамчунин дастгирии хадамоти муҳоҷират баъди мавриди амал қарор гирифтани қоидаҳои нави будубош, махсусан вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиносномаҳои хориҷӣ, гирифтани патенту дигар ҳуҷватҳои лозимӣ мавзӯи меҳварии сӯҳбати Сатторов ва Гузаиров буд. Борис Гузаиров ҳамчунин ба фаъолият шурӯъ кардани консули навро пешравӣ дар самти ҳалли масоиди воаста бамуҳоҷирин номид ва гуфт, умедвор аст, то ҳамкориҳо дар ин самт боз ҳам рушди бештар пайдо хоҳанд кард.Ҷонибҳо аз ҳавасмандиашон дар рушди бештари муносибот изҳор доштанд.
Шоми ҳамон рӯз вохӯрии сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов баъди дидор бо роҳбарияти Донишгоҳи нафти Уфа бо ҳамватанон доир гардид. Дар ин мулоқот консули генералии Тоҷикистон дар Уфа Олимхон Шамсов, беш аз 10 нафар сарварони ҷамъиятҳои тоҷикон, донишҷӯёни донишгоҳҳои минтақаи Приволже ва муҳоҷирони меҳнатӣ ширкат доштанд.
Нахуст сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов консули нави генералиро ба ҳозирин шинос намуда, ҳамватанонро оиди тағйиротҳо дар соҳаи муҳоҷират ошно намуд ва изҳор дошт, ки имрӯз аз сӯи роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳдошти шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар тамоми чораву имкониятҳо андешида мешаванд.
Ҳамчунин сафири Тоҷикистон гуфт, мақсаду мароми аввалиндараҷаи кормандони дипломатии Тоҷикистон дар Россия ин ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирин, барқарорсозии муносиботи ҳасана бо масъулини тамоми сохторҳои марбут ба танзими раванди муҳоҷирати ин кишвар, алахусус дар маҳалҳои будубоши зиёди муҳоҷирин тоҷик ва таъмини шароити арзандаи зист ва кор барои ҳамватанон мебошад. Ҳамчунин сафири Тоҷикистон оиди мулоқоту дидорҳояш бо президенти Бошқирдистон ва раиси шаҳри Уфа, сарвари Хадамоти муҳоҷирати ин ҷумҳурӣ маълумот дод.
Сипас, муҳоҷирини тоҷик аз ин минтақаи Россия бо саволу пешниҳодҳои худ оид ба масоили гуногуни ҳаёти муҳоҷират, равнақи фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон ҷавобҳои саҳеҳ гирифта, ҳамчунин изҳор доштанд, ки барои болобурди нуфузу мартабаи миллати тоҷик, тарғиби дастовардҳои мардуми соҳибфарҳангу дорои тамаддуни қадима, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои ҳамватанон, дастгирии донишчӯёни тоҷики ин минтақа, ширкат дар лоиҳаҳои ҷиддии сохтмониву инфрасохторӣ ва дигар корҳои ободониву созандагӣ талош хоҳанд варзид.

 

Последнее изменениеВоскресенье, 18 Январь 2015 17:19
Наверх