17 Октября 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Муҳоҷират дар ИДМ. Ду паҳлӯи як муаммо

Аз ҳамон рӯзе, ки мо ба ИМА омадем, оилаи мо ҳамеша бо муҳоҷирон мушкилӣ дошт.
Эдгар Харбург
Раванди муҳоҷират решаи таърихӣ дорад. Инсоният аз қадимулайём барои дастрас намудани маводи ғизо ва зиндагии беҳтар ҳамеша дар ҷустуҷӯи «граали» худ мебошад.
Агар ба таърихи навини ИДМ назар намоем, мебинем, ки ҳаракати оммавии гурезагон ва муҳоҷирони маҷбурӣ, дар натиҷаи бӯҳронҳои шадиди сиёсӣ ва низоъҳои этникӣ дар ҳудуди собиқ давлатҳои шӯравӣ, ба амал омадааст. Аввалин ҷараёнҳои пурзӯри муҳоҷират дар заминаи муноқишаҳои этникӣ ва муқовиматҳои яроқнок оғоз шудаанд.
Марҳилаи дигари муҳоҷират дар натиҷаи як қатор ҳодисаҳои сиёсие, ки дар ҷумҳуриҳои собиқ давлати шӯравӣ баъди аз ҷониби онҳо эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла қабули қонун дар бораи забони давлатӣ ва баланд шудани ҳисси ифтихори миллии мардумони таҳҷоӣ, ба амал омаданд. Чунин падидаҳо боиси он шуданд, ки аҳолии русзабони Қазоқистон, Осиёи Миёна, Қафқоз, Молдавия ба Россия, ҳамчунин Украинаву Белоруссия репатриатсия шуданд. Авҷи раванди муҳоҷират дар ин замина ба солҳои 1992-1996 рост меояд. Қисми зиёди муҳоҷирон дар ин марҳила дар Россия паноҳгоҳ ёфтанд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 1,3 млн. нафар шаҳрвандони собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ унвони “гуреза” ва “муҳоҷири маҷбурӣ”-ро соҳиб шуданд. Дар ин марид, ба аҳолии русзабон дар баробари русҳо, инчунин аҳолии таҳҷоӣ ва аъзои оилаҳои аз ҷиҳати этникӣ омехта, ки барои онҳо забони русӣ ҳамчун забони модарӣ ва ё муошират ба ҳисоб мерафт, дохил мешуданд. Дар ҷумҳуриҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна аҳолии русзабон асосан қисмати зиёиёни илми-техникиро ташкил медонанд.
Ҳамзамон, омилҳои сиёсӣ билохира сабаби вусъатёбии бӯҳрони шадиди иқтисодӣ дар давлатҳои ИДМ гардида буданд. Бинобар канда шудани муносибатҳои иқтисодии ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС ва вайрон шудани сохтори ягонаи иқтисодии шӯравӣ, корхонаҳои азими саноатӣ аз фаъолият бозмонданд. Тадриҷан бӯҳрони иқтисодӣ ба корхонаҳои хурду миёна ва соҳаи кишоварзӣ низ таъсири худро расонид. Ҳамин тариқ, зиёд шудани фарқият дар сурат ва сохтори иқтисодии байни кишварҳои ИДМ, ба сохти зиндагии аҳолии ин давлатҳо таъсири гуногун расонид.
Дар ҳолати беҳтар кишварҳое (Россия, Қазоқистон, Туркманистон, Озорбойҷон) қарор гирифтанд, ки дорои манбаҳои бузурги боигариҳои табиии дар бозори ҷаҳон арзишманд, мебошанд. Бӯҳрони иқтисодии қаламрави собиқ иттиҳоди шӯравиро фаро гирифта, ба он оварда расонид, ки миқдори мардуми бо кор таъмин хеле коҳиш ёфта, ҳамчунин музди меҳнат бисёр паст фаромад. Дар натиҷа сатҳи зиндагии аҳолӣ ба таври назаррас паст фаромада, боиси паҳншавии қашшоқӣ гардид. Бегуфтугӯ, бартарии иқтисодии Россия нисбат ба дигар давлатҳои ИДМ, мавқеи онро, ҳамчун ҷалбкунандаи асосии муҳоҷирон муайян месозад. Масалан, ба ғайр аз марҳилаи кӯтоҳи бӯҳрон, ки бо дефолти соли 1998 дар ин кишвар вобастагӣ дошт, дар давоми ду даҳсолаи охир музди меҳнат дар Россия нисбат ба дигар давлатхои ИДМ, аз ҷумла Қазоқистон ба таври назаррас баланд буд.
Мавҷуд набудани ҷойи кори доимӣ, ки имконияти ба таври арзанда пеш бурдани зиндагиро медиҳад ва хоҳиши баромадан аз қашшоқӣ, яке аз омилҳои асосие мебошад, ки муҳоҷири меҳнатиро барои ҷустуҷӯи кор ба Россия ва Қазоқистон, водор месозад. Гарчанде ки баъди тадриҷан паси сар кардани бӯҳрони иқтисодӣ, аз нимаи дуюми соли 1990-ум минбаъд миқдори нафарони бо кор таъмин дар давлатҳои ИДМ мунтазам зиёд шуда истода бошад ҳам, ҳамзамон ин афзоишёбӣ ба раванди демографии давлатҳои Осиёи Миёна ва Озорбойҷон, ки миқдори аҳолии синни аз 15 то 60 сола бо суръат зиёд гардид, мувофиқ намеомад.
Зиёд будани миқдори аҳолии қобили меҳнат ва мавҷуд набудани ҷойи кор дар баъзе ҷумҳуриҳо, шаклдигаркунии муҳоҷиратро ба зуҳуроти дигари иҷтимоӣ-сиёсӣ–муҳоҷирати меҳнатӣ, оварда расонид. Аз рӯи хулосаи таҳлилгарон дар ин раванд тахминан 8-12 млн. шаҳрвандон, ё ин, ки 6-8% аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли давлатҳои минтақа, ҷалб шудаанд.
Сабабгори асосии муҳоҷирати меҳнатӣ, ин дифференсиатсияи давлатҳои ИДМ аз рӯи нишондодҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад. Аз он сабаб, ки дар аксар давлатҳои минтақа пастравии сатҳи зиндагӣ, бозмонии истеҳсолот ва зиёд шудани сатҳи бекорӣ ба назар мерасид, дар давлатҳои дигар (масъалан Россия ва Қазоқистон) вазъи устувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ, бозори васеъи меҳнат ва маоши баланди корӣ, ҷой дорад. Ин омилҳо, дар робита бо наздикии ҷуғрофӣ, мавҷуд набудани низоми раводидӣ, «шафофии» сарҳади давлатӣ, умумияти фарҳангӣ ва забонӣ, мавҷудияти муносибатҳои хешу таборӣ ва робитаҳои корӣ, ҳамчунин қобили қабул будани дипломҳои таҳсилот, дар маҷмӯъ раванди муҳоҷирати меҳнатиро дар дохили давлатҳои ИДМ, ба фоидаи Россия ва Қазоқистон, ташкил медиҳад.
Дар ҳолати имрӯза муҳоҷирати меҳнатиро дар ИДМ аз рӯи хусусият ва натиҷанокии раванд, ба як чанд намуд ҷудо кардан мумкин аст. Аз ҷумла, ҳамаи давлатҳои минтақа ба се гурӯҳ – кишвархои «кирокунанда» («реципиенты») – Қазоқистон ва Россия; кишварҳои «кирошаванда» («доноры») – Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Молдова, Украина, Белоруссия, Озорбойҷон, Гурҷистон, Арманистон; кишварҳои «руст» - Турманистон, тақсимбандӣ мегардад.
Дар вақти баррасии раванди муҳоҷират дар қаламрави собиқ иттиҳоди шӯравӣ, мо бояд қайд намоем, ки ҳанӯз аз нигоҳи таърих на он қадар пештар, ҳамаи собиқҷумҳуриҳои шӯравӣ қисми як давлати бузург ба ҳисоб рафта, зуҳуроти муҳоҷират дар дохили як иттиҳоди ташкилӣ ба амал меомад. Дар гузашта мансуб будан ба як давлати абарқудрат, боиси он гардид, ки дар байни аҳолии давлатҳои гуногун алоқаҳои наздик пайдо шуда, дар муоширати ҳамарӯза байни онҳо забони русӣ истифода мешуд.
Ҳамчунин, дар ин ҷода диаспораҳои калоне, ки аз намояндагони халқиятҳои дигари қисмҳои собиқ давлати абарқудрат иборат буданд, арзи вуҷуд намуданд. Бинобар сиёсати забонии аксари давлатҳои соҳибистиқлол, забони русӣ ҳамчун забони давлатӣ дар ин ҷумҳуриҳо аз байн рафта, соатҳои дарсӣ дар мактабҳои миёна кам гардида, ҳамчунин ба миқдори маҳдуд дар раванди таълим дар муассисаҳои олӣ истифода мешавад. Новобаста аз ин, муҳити ягонаи забонӣ гарчанде коҳиш ёфта бошад ҳам, лекин то ҳол ҷой дорад.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар минтақаҳои гуногуни Россия нисбатан зуҳуроти оммавӣ мебошад. Агар масъалаи мазкурро дар мисоли минтақаи федералии Приволжье баррасӣ намоем, гуфта метавонем, ки байни талабот ва пешниҳоди қувваи корӣ аз ҷиҳати омодагии касбии муҳоҷирон номувофиқӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, аксари корхонаҳои минтақаи федералии Приволжье ба кормандони касбҳои умумӣ, аз қабили ошпаз, фурӯшанда, ронанда, хиштчин, рангуборчӣ ва ғайра, ниёз доранд. Мисли пештара ба таври ҷиддӣ норасоии мутахассисони маълумоти олидор – духтурон, омӯзгорон ва муҳандисон ба назар мерасад. Дар як вақт, миқдори мутахассисони дорои маълумоти иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин соҳаи коргузорӣ, аз талаботи ҷойдошта, ба таври назаррас зиёд мебошад.
Масъалаи тадриҷан баланд шудани синну соли кадрҳои баландихтисос ва нарасидани қувваи корӣ, дар ҳамаи корхонаҳои минтақа ҳалталаб боқӣ мемонад. Чунончи, миқдори ҷойҳои холӣ аз ҷониби кортаъмикунандагон ба Кумитаи давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ пешниҳод мешуда, ҳамасола аз 50 ҳазор нафар мегузарад ( 2011 с. – 53,1 ҳазор, 2012 с. – 59,2 ҳазор, 2013 с.- 56,5 ҳазор нафар), ҳамзамон миқдори ҷойҳои холии қайдшуда, бо истифодаи ҳамаи унсурҳои мусоидаткунандаи шуғли аҳолӣ, танҳо ба миқдори 35% пур карда мешавад, ки сабаби чунин ҳолат, ин сатҳи пасти музди меҳнат, шароити вазнини меҳнат ва ғайра, ба ҳисоб меравад.
Қобили қайд аст, ки саҳми кормандони хориҷӣ дар қиёс бо теъдоди умумии аҳолии дар иқтисодиёт иштироккунанда, ҳамагӣ 1- 1,5% ташкил медиҳад, ки ин ҳолат аз вобастагии на он қадар зиёд аз қувваи кори хориҷӣ шаҳодат медиҳад.
Вақтҳои охир аз ҷониби вазоратҳои марбут эҳтиёҷоти бозори меҳнати минтақаҳо ба қувваи кории бетахассус ва тахассусаш паст ба қайд гирифта мешавад, ки онҳо асосан дар соҳаҳои хоҷагиҳои қишлоқ ва ҷангал, сохтмон, коммуналӣ ва иҷтимоӣ, тарабхонаву меҳмонхонаҳо истифода мешаванд.
Таҳқиқи мутахассисони соҳа нишон медиҳад, ки омилҳои асосии мақсаднокии иқтисодии истифодаи меҳнати муҳоҷирон аз ҷониби кордиҳандагон, инҳо шуда метавонанд:
- сарфа намудани хароҷотҳобарои ташкил намудани фонди музди меҳнат. Аз рӯи қонунҳои амалкунанда, аз ҳисоби маоши шаҳрвандони хориҷӣ, барои суғуртаи нафақавӣ хаққи суғуртави амалӣ карда намешавад(дар ҳолати ба таври таъҷили бастани шартнома ба мӯҳлати на камтар аз 6 моҳ). Ҳамчунин ба суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва иҷтимоӣ низ маблағ пардохт карда намешавад;
- пур кардани ҷойҳои холии кории беталабгор. Аз рӯи баъзе касбҳо миқдори ҷойҳои холии корӣ, аз миқдори нафарони бекори ба қайд гирифташуда, даҳҳо маротиба зиёд мебошад;
- ҷой доштани имконияти бе кашида шудан ба ҷавобгарӣ, вайрон кардани талаботҳои қонунгузории меҳнат нисбати муҳоҷирон, аз ҷумла бо роҳи зиёд намудани давомнокӣ ва фаъолнокии рӯзи корӣ.
Чӣ хеле дар боло қайд гардид, айни ҳол Дар кишвари Русия теъдоди бисёртариқувваи кории хориҷӣ ба сохаи сохтмон ҷалб карда мешавад. Ба соҳаи мазкури иқтисодиёт зиёда аз 70% иҷозатномаи барои кор додашуда рост меояд. Ҳамзамон дар вақти чорабиниҳои санҷишии мақомоти назоратӣ, миқдори зиёди муҳоҷирони ба таври ғайриқонунӣ фаъолияткунанда, ошкор карда мешаванд. Бо назардошти он, ки ширкатҳои алоҳида ба номи шахсони сохта, ки асосан шаҳрвандони ғайриқобили пардохткунӣ мебошанд, ҳуҷҷатгузорӣ карда мешаванд, самарнокии чунин чорабиниҳо паст мегардад. Дар натиҷа маблағҳои ҷарима аз 250-800 ҳазор то 2-5 ҳазор паст мефарояд, ё умуман пардохт карда намешавад.
Ҳамзамон, асосҳои ҳуқуқии ҷорӣ, ки ҷудо намудани квотаҳоро пешбинӣ мекунад, барои пайдоиши зуҳуротҳои коррупсионӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимият замина мегузорад. Сабаби асосии чунин ҳолат, ин мавҷуд набудани тартиби муайяни фаъолияти комиссияи байниидоравӣ оид ба сиёсати муҳоҷират дар субектҳои Федератсияи Россия ва тақсимоти ӯҳдадориҳо байни идораҳо дар маъсалаи миқдори квотаҳои додашуда, мебошад.
Дар навбати худ, мавҷуд набудани сохтори амалкунандае, ки хусусиятҳои хоси ташаккулёбии ваъзиятро дар бозори меҳнат, бо назардошти зиёд гардидани раванди муҳоҷират, ба танзим медарорад, дар соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёт, хатари амниятиро ба амал меорад.
Зиёд гардидани истифодаии қувваи кории хориҷӣ дар минтақаи федералии Приволже, боиси он шуда истодааст, ки дар баъзе ноҳияҳои музофотии минтақа, равандҳои беназорат, вобаста ба зиёд гардидани норозигии аҳолии таҳҷойӣ дар масъалаҳои ҷалби қувваи кори муҳоҷирон дар корхонаву идораҳои сохтори гуногуни иқтисодиёт, маҳдуд кардани онҳо дар соҳаҳои гуногун, риоя нагардидани анъанаву қоидаҳои рафтор дар маҳалли будубош, ба вуқӯъ пайвастани низоъҳо байни намояндагони миллатҳои гуногун, он ҳолат мусоидат карда истодааст, ки солҳоиохир дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ миқдори хонандагоне, ки аз Қафқоз ва Осиёи Миёна мебошанд, афзуда истодааст. Дар мактабҳои алоҳида онҳо аз рӯи нишонаи миллӣ ба гурӯҳҳо ҷамъ мешаванд, ки хусусияти хоси чунин гурӯҳҳо ин мутаҳҳидӣ ва муносибати ҳавобаландона нисбати аҳолии таҳҷойӣ мебошад.
Маълумотҳои омории расмӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки убури сарҳади давлатии ФР аз ҷониби аксари хориҷиён ба таври қонунӣ сурат мегирад. Лекин, баъдан қисме аз онҳо ба ҳолати ғайриқонунӣ мегузаранд, чунки дар вақти будубош ва фаъолияти меҳнатӣ шаҳрвандони хориҷӣқонунҳои амалкунандаи Россияро, ки ба қайди давлатӣ гузоштан ва гирифтани иҷозатнома барои кор дар қаламрави Россияро ӯҳдадор мекунад, риоя намекунанд. Дар бисёри ҳолатҳо ба ташкили будубоши ғайриқонунии муҳоҷирон шахсони инфиродӣ ва ҳуқуқие, ки қувваи кориихориҷиёнро дар корхонаҳои минтақа истифода мебаранд, алоқаманд мебошанд. Ғайр аз ин,шаҳрвандони хориҷӣ дар мавридҳои алоҳида аз имкониятҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ истифода мебаранд, ки ба таҳияи ҳуҷҷатҳои қалбакии иҷозатдиҳандаи будубош ва кор дар қаламрави ФР машғуланд.
Чӣ хеле, ки дар боло қайд гардид, яке аз муаммоҳои асосии фаъолияти муҳоҷирон дар минтақаи федералии Приволже, ин аз ҷониби қисми зиёди хориҷиён надонистани забони русӣ мебошад. Дар ин асно, онҳо барои гирифтани ҳар гуна иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои огоҳикунанда, имконияти ба таври мустақилона ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муроҷиат намудан, ҳамчунин муроҷиат бо ариза оид ба вайрон гардидани ҳуқуқу озодиашонро надоранд. Омили мазкур ба таври васеъ аз ҷониби шахсони миёнарав, ки худ дар аксар маврид аз Осиёи Миёна ва Қафқоз мебошанд, истифода мегардад. Онҳо аз муҳоҷирони навомада барои мусоидат дар дастрас намудани иҷозатнома барои кор маблағҳои калон ситонида, ҳамчунин дар дигар маврид ба таври ғайриқонунӣ, бе доштани иҷозатномаҳои қайдгардида бо кор таъмин менамоянд. Ҳамин тавр, шахсони миёнарав муҳоҷирони нав ба ФР омадаро ба амалҳои ғайриқонунӣ водор мекунанд.
Муҳоҷирони меҳнатӣ барои паҳншавии ҷараёнҳои динии ифротӣ ҳамчунин ҷинояткории умумиллӣ ва муташаккил заминаи иҷтимоӣ мешаванд.
Қисми зиёди аҳолии таҳҷоӣ (31,1%) – и дар минтақаи федеролии Приволже бино ба натиҷаи пурсишҳои иҷтимоӣ, ки соли 2013 дар Тотористон гузаронида шуда буд, нисбати муҳоҷирон назари манфӣ доранд.
Дар ин минтақа аз соли 2010 то ин ҷониб нишонаҳои ташкилёбӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои ҷиноии этникӣ, аз ҳисоби намояндагони минтақаҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна, ба қайд гирифта мешавад. Шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиргардида, тақрибан 1%- и миқдори умумии ҷиноятҳои дар минтақа содиршударо ташкил медиҳад. Аммо бисёрии ҷиноятҳои аз ҷониби намояндагони давлатҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз содир гардида, дар ҷамъият ва воситаҳои ахбори омма, баҳсҳои зиёдро ба миён овардаанд. Аз тарафи дигар, соли гузашта дар минтақаи федеролии Приволже муташанниҷ шудани муносибатҳои байнимиллӣ, боиси авҷ гирифтани ҳисси миллатгароӣ дар байни аҳолии таҳҷойӣ, алалхусус миёни хонандагон ва донишҷӯёни ҷавон гардид.
Айни ҳол, оид ба тарафҳои мусбӣ ва манфии муҳоҷирати меҳнатӣ барои Россия баҳсҳи мухталиф ба миён меоянд. Аз як тараф муҳоҷирати меҳнатӣ бисёр ҷабҳаҳои мусбиро доро мебошад. Ба туфайли муҳоҷирон соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз қабили савдо, сохтумон, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ ва ғайра ташаккул меёбад. Муҳоҷирон дар бозори меҳнат ҷойҳои холии беталаботро пур мекунанд.
Аз сӯи дигар, дар қаламрави ИДМ муҳоҷирати меҳнатӣ раванди назарраси интиқоли пулиро ба миён овардааст. Аз рӯи ҳисобҳои тақрибӣ, ҳамасола аз ҳудуди Россия муҳоҷирон то 15 млрд. доллари ИМА-ро берун интиқол медиҳанд. Ҳангоми шафофияти пурраи интиқоли пулӣ, ин ҳолат барои кишвари мо 4,5 млрд. фоида (аз рӯи нишондодҳои пасттарини андоз аз ҳисоби фоидаи шахсони инфиродӣ- 30%) аз ҳисоби пардохтҳои андоз, ба ғайр аз пардохтҳои иҷтимоӣ, оварда метавонад.
Самараи асосии иқтисодӣ барои кишварҳои интиқолкунандаи муҳоҷирон, ин коҳиш додани норасогии баланси пардохти аз ҳисоби воридоти маблағҳои интиқолӣ мебошад. Дар давраи ҳозира муҳоҷирати меҳнатӣ на танҳо як роҳи зиндагии қисми зиёди аҳолӣ, балки ба раванди худҷории ба ҳамомезиши иқтисодии давлатҳои алоҳидаи ИДМ табдил ёфтааст.
Ҳамзамон, ба тарафҳои манфии муҳоҷирати меҳнатӣ омилҳои зеринро дохил кардан мумкин аст: инкишофи иқтисодиёти ғайриқонунӣ, демпинги сатҳи маоши меҳнат, дигаргуншавии таркиби этники аҳолӣ, ташкилёбии маҳалҳои этникӣ, вусъатёбии нооромиҳои байнимиллӣ.
Аз рӯи нишонаҳои этникӣ, зист ва фаъолияти якҷояи муҳоҷиронро дар маҳалҳои алоҳида («этнических анклавов»), яке аз равандҳои номатлуб арзёбӣ кардан мумкин аст. Чунин ҳолат раванди воридшавии муҳоҷиронро ба ҷамъият мушкил ва дар баъзе мавридҳо ғайриимкон мегардонад. Аз муҳити беруна боз набудани ҷамъиятҳои этникӣ, муносибати манфӣ ва нобовариро нисбати муҳоҷирон аз тарафи аҳолии таҳҷоӣ зиёд карда, ба мураккаб гардидани муносибатҳои байнимиллӣ замина мегузорад.
Вақтҳои охир масъалаҳои ба муҳоҷират вобаста, яке аз бандҳои асосии барномаҳо дар шиорҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои гуногун шудаанд. Масъалаи “Бо муҳоҷират чӣ бояд кард – мубориза бурд ё дастгирӣ намуд?”, ҷамъиятро ба ду гурӯҳи калон ҷудо намудааст. Муаммои мазкур аз соҳаи демографӣ ба соҳаи иқтисодӣ ва сиёсат гузашта, моро дар зиндагии ҳаррӯзаамон пайгирӣ менамояд.

Подробнее ...

Трудовым мигрантам выплачены задолженности по зарплате

В рамках мер по содействию в выплате задолженности по заработной плате в течении последней недели трудовым мигрантам-гражданам РТ, осуществляющим трудовую деятельность в России при содействии Представительства Министерства труда, миграции и занятости населения РТ в РФ по миграции было выплачено более 130 тысяч рублей.
В том числе уроженцу Гиссарского района Абдурахмонову Хуршеду Холовичу 1970 г.р., работающего на одной из строительных компаний Москвы было выплачено 57 тысяч рублей. Также, после обращения в Представительство житель города Истаравшан Бурхонов Шарифджон Худойдович 1981 г.р., который работал электриком на одном из ми факторами, способствующими несвоевременной выплате или задержки зарплат является отсутствие трудовых договоров между работником и работодателем, - подчеркнул Иброхим Ахмадов, пресс-секретарь Представительства.

Подробнее ...

Ҳайкали муҳоҷири тоҷик «шашлык» намешавад?

Хабари оҷонсии хусусии SMIXER дар мавриди гузоштани ҳайкали муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар Москва, ки ҳанӯз 18 сентябри ҷорӣ паҳн шуда буд, боз сару садоҳои зиёдеро дар фазои иттилоотӣ баланд намуд. Ба қавли ин оҷонсӣ, Ҳукумати шаҳри Москва бо дархости чандин нафар мардумони таҳҷоӣ итминон гирифтааст, ки ҳайкали муҳоҷири тоҷикро дар ин шаҳр гпобарҷо кунад..
Бино ба маълумоти расида, шаҳрдорӣ ин амалро арзи эҳтироми москвагиҳо нисбат ба ҳамаи мардуми Осиёи Марказӣ, ки дар рушду ободии Москва саҳм доранд, эълон кардааст. Инчунин, оҷонсии номбурда хабар медиҳад, ки ҳайкали муҳоҷири тоҷик, ки дар пайраҳа сангпора (плитка) мечинад, аллакай дар корхонаи ҳайкалтароши номвари Русия Зураб Серетелӣ тарҳрезӣ шудаасту бояд моҳи ноябр пешкаши мардум шавад.
Аз сӯи дигар, аз гузоштани ин ҳайкал бархе аз ҳамватанони мо изҳори норозогӣ мекунанд ва ҳароси онҳо аз он аст, ки гузоштани муҷассамаи муҳоҷири тоҷик, ба хусус ба он тарҳи пешниҳодшуда, ки тоҷик ба зону зада дар кӯчаҳои Мскав сангпора мечинад, боз сабаби хандахариш шудани тоҷикон дар Русия мегардад. Зиёда аз ин, баъзе нафарон ин амалро таҳқир ҳисобида, ҳушдор медиҳанд, ки ба ин амал ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ набояд дод.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз нафаре бо номи Исфандиёр дар яке аз сомонаҳои интернетӣ сохта шудани ҳайкали муҳоҷири тоҷикро ба назарсанчӣ гузошта буду аз гузошта шудани муҷассамаи “ноновари тоҷик” -ро дар Душанбе пешниҳод карда буд. Гарчанде шаҳрдорони тоҷик ин иқдомро нодида гирифтанд, аммо ба қавли ин оҷонсӣ, чунин дархост аз тарафи ҳукумати Маскав дастгирӣ ёфта, гумон ғолиб аст, ки ин ҳайкал сар боло мекунад.
Нашрияи «Тоҷикони Россия» ба Сафорати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат намуда, назари расмии ин мақомотро пурсон шуд.
- Мо ҳанӯз расман иттилоъ дар бораи ин иқдом аз тарафи ҳукумати маҳаллиро дастрас накардаем. Аммо, агар ҳангоми гузоштани ин ҳайкал ақалан ишорае, ки сабаби коҳидани шаъну эътибори тоҷикон мегардад, ҷой дошта бошад, ба он роҳ набояд дод,- гуфт ҳангоми сухбат бо мо намояндаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Муҳаммад Эгамзод.
Дипломати тоҷик гуфт, Имомуддин Сатторов, Сафири Тоҷикистон дар Русия, таъкид намудааст, ки «ҳайкали муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар Москва агар гузошта шавад, бояд бо риояти эҳтироми қоил ба шаъну эътибори мардуми соҳибқирон ва дорои таъриху фарҳанги бою қадимаи мо гузошта шавад. Он бояд тавре қомат афрозад, ки пеш аз ҳама мояи ифтихори тоҷикону Тоҷикистон дар ҷомеаи Русия ва ҷаҳон бошад, василаи эҳтироми тарафайни ду миллати бузург, дӯст ва шарикони воқеӣ бишавад. Ҳатман зарур аст, ки тарҳ ва шеваи бунёди он пешакӣ бо Сафорат мувофиқа бишавад».
Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки ахиран дар асоси дастури сафир мулокоти ӯ бо мушовир ва ёвари Зураб Серетелӣ ҷаноби Сергий Шагулшивили баргузор гардидааст, ки дар рафти он масъалаҳои номбурда баррасӣ шудаанд.
- Намояндаи Нигористон гуфт, ки ҳатман дар сурати муроҷиати расмии фармоишгар ва оғози кор рӯйи ин тарҳ назари сафорати Тоҷикистон ва ҷомеаи зиёиёни тоҷикистонии муқими Русия ба назар гирифта хоҳад шуд, - қайд намуд Муҳаммад Эгамзод.
Дар сӯҳбат зикр шудааст, ки оғои Зураб Серетелӣ аз нафарони мӯътабари кишвари рус ва ҷаҳон аст, ки нигоҳи башардӯстона дорад ва ба таъриху фарҳанги миллати кӯҳанбунёди тоҷик эҳтироми зиёд қоил аст. Ӯ ва аъзои тими эшон кӯшиш хоҳанд кард, ки манзалати ин миллатро дар ҳамон пояи баланду арзанда дар симои ин тарҳ нишон бидиҳанд.
Ҳангоми ин сӯҳбат дипломати тоҷик бо намояндаи Нигористон таъкид намудааст, ки «тоҷикон агарчӣ бар ивази дастмузди ночиз заҳмати бисёр дар ободии ин шаҳр мекашанду дар рушди он саҳми чашмгир доранд, меҳнати эшон нишонаи созандагӣ, бунёдкорӣ ва ободгарист. Агар сокинони шаҳр воқеан ба ин заҳмати ҳамватанони ман эҳтиром гузоштанӣ бошанд, ин тарҳ бояд аз зовияи танҳо ва танҳо эҳтирому арҷгузорӣ ба онҳо рӯйи кор ояд, на чизи дигар!».
Тарафҳо дар анҷоми мулоқот ба мувофиқа расидаанд, ки дар сурати дастрасии фармоишоти расмии шаҳрдории Москва ин амалро дар доираи маслиҳати тарафайн ва дар асоси омӯзиши дақиқи хусусиятҳои миллии тоҷикон, таърих, фарҳанг ва адабиёти оламшумули он роҳандозӣ хоҳанд кард. Муҳаммад Эгамзод моро бовар кунонид, ки Сафорати Тоҷикистон тамоми маълумоти лозимиро дар ихтиёри Нигористон хоҳад гузошт ва ҷараёни ин амалро шахсан сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов то ба охир таҳти назорат хоҳад гирифт.
Ҳарчанд, ки Зураб Серетелӣ ҳайкалшиноси шинохтаву маъруфи россиягӣ асту чандин маротиба ба мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст, атрофи санъати ҳайкалтарошии ӯ ва муҷассамаҳои офаридааш садоҳои мухталиф баланд шуда буданду баъзе аз офаридаҳои ӯ на мақбули сокинони пойтахти Русия гардидаанд. Муҷассамаи Петри 1-ро дар Москва мисол овардан мумкин аст. Ин ҳайкал, ки бисёр азимҷусса асту 98 метр баландӣ дорад, дар бисёр рейтингҳои «ҳайкалҳои бадшакли дунё» номбар мешавад. Мисоли дигар, ин муҷассамаи хайкали сохтаи Зураб Серетелӣ, ки дар “Поклонная гора”-и Москва ҷойгир аст. Ин муҷассама расман номи «Муҷассамаи Георгий Победоносетс»- ро дорад, вале байни мардум бо номи «шашлык» машҳур гардидааст. Сабаби чунин номи мардумӣ гирифтани ин муҷассама, нотабиӣ чойгир шудани қисмҳои буридашудаи аждаҳо аст, ки аслан онро мебоист Георгий бо найза саркӯб намояд. Дар сомонаҳои интернетӣ дар бораи чунин офаридаҳои Зураб Серетелӣ маълумот зиёд аст.
Манзури овардани намунаи чунин маълумот он аст, ки бунёди ҳайкали муҳоҷири тоҷик, ки аслан гузошта шудани он баҳсталаб аст, боз сафи чунин офаридаҳои ҳайкалтарошро пур намуда, ягон номи мардумӣ нагирад.

Подробнее ...
Подписаться на этот канал RSS