21 Мая 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Муҳоҷирони тоҷик тарки Русия мекунанд. Бурди киву бохти кӣ!?

Бино ба маълумоти Созмони байналхалқии муҳоҷират (СБМ), то охири соли равон маблағи ирсолнамудаи муҳоҷирон ба 436 млрд доллар хоҳад расид.
Тавре мутахассисони ин созмон ҳадс мезананд, дар соли оянда ин мабалағ рақами 540 млрд долларро убур хоҳад кард.
Яъне, бо такя ба ин далел ва фарорасии бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон метавон хулоса кард ки дар соли оянда теъдоди муҳоҷирон дар олам афзойиш хоҳад ёфт.
Дар ҳамин ҳол коршиносони ин Созмон гуфтаанд, маблағҳои интиқолкардаи муҳоҷирин барои аксари кишварҳои олам ба манбаи аслии воридоти маблағ тадил ёфтаанд.
Муҳоҷирини кившарҳои қашшоқ наметавонанд сарфи маблағҳои худро нақшабандӣ кунанд ва аз ин рӯ ба таври стихиявӣ қисмати аъзами маблағҳои заҳмати худро ба Ватан интиқол мекунад. Онҳо қариб, ки дар бораи маблағҳое, ки барои худашон дар кишвари кордиҳанда зарур аст, андеша намекунанд, гуфтаанд намояндагони ин Созмон.
Аз ин рӯ Созмони ҷаҳонии муҳоҷират роҳандозии барномаеро рӯи даст гирифтааст, ки дар он омӯзишҳои банақшагирӣ ва сарфи мақсадноки маблағҳои корӣ барои муҳоҷирин пешбинӣ шудаанд.
Дар ин давраҳои омӯзишӣ ба муҳоҷирин тартибҳои соддаву осони интиқоли маблағ ва дигар роҳҳои кӯмак ба аъзои оилаашон, ки дар Ватан қарор доранд, ба нақша гирифта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба хуруҷи бӯҳрони иқтисодӣ дар кишвари Россия, ки қабулкунандаи аслии муҳоҷирини кории Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва беқурбшавии бемисли рубл, бештари муҳоҷирин ба кишварҳои иқомати доимиашон бозгаштан доранд.
Ҷаҳонгир, як муҳоҷири тоҷик, ки дар як анбори Маскав кор мекунад, мегӯяд, бо он ки мӯҳлати иҷозатномаи кораш дар моҳи январи соли 2015 ба итмом мерасад, кӯшиши дароз кардани мӯҳлати фаъолияти иҷозатномаи корашро ҳам накардааст.
-Ин ҷо 25 ҳазор рубл мегирам. Пештар қариб 800 доллар мешуд. 400 доллар хона мефиристодам. 400 доллари дигар барои хонапулӣ, хӯрду хӯроку роҳкиро сарф мешуд. Ҳозир 25 ҳазор 400 доллар мешавад, ки танҳо барои худам мерасад. Ба кӯдаконам чизе фиристода наметавонам. Хона меравам. Маълумотам олӣ аст. Дар мактаби деҳа кор кунам, ҳамин маблағро мегирам, - мегӯяд Ҷаҳонгир.
Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Амин Маҷумдар, Президенти Федератсияи Муҳоҷирини Россия тахмин кардааст, ки дар соли 2015 теъдоди муҳоҷирин дар ин кишвар ба ҳадди 25% кам хоҳад шуд, ки теъдоди аслии ин рақамро намояндагони Тоҷикистон ташкил медодаанд.
-Пеш аз ҳама боиси тарки Русия кардани муҳоҷирин қонунгузории ҷадид дар умури муҳоҷират дар ин кишвар гашт, ки муҳоҷиринро вазифадор мекард, то аз забони русӣ, таърих ва асосҳои ҳуқуқи ин кишвар имтиҳон супоранд. Омили дигар ин пастубаландшавии қурби рубли русӣ шуд, -гуфтааст Муҳаммад Амин.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз муҳоҷирин қиммати патент ва дигар асноди иҷозатномавиро барои фаъолияти қонунии онҳо дар Русия хеле гарон медонанд.
Бино ба маълумотҳои носанҷида қиммати патент др соли нав ҳудуди 20 ҳазор рубл ва маблағи ҳармоҳаи он, барои мисол? дар Маскаву вилояти Маскав 4 ҳазор рубл муқаррар шудааст. Имтиҳон аз забони русӣ ва гирифтани сертификат ба андозаи ҳудуди 30 ҳазор рубл барои як муҳоҷири корӣ гаронӣ меорад, ки бемуҳобо ин зарбаи гароне ба кисаи муҳоҷир ва буҷаи оилаи ӯ хоҳад буд.
Марат Хуснулин, муовини раиси шаҳри Маскав теъдоди муҳоҷирине, ки пойтахти Русияро тарк мекунанд, беш аз 30 дар сад номидааст.
-Дар сурати фарорасии бӯҳрон дар соҳаи сохтмон, теъдоди беш аз 30% муҳоҷирин Маскавро тарк мегӯянд, чунки дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ барои муҳоҷирин кор дар ин шаҳр манфиатовард нест ва хароҷоташонро пӯшонида наметавонанд.
Аз ин рӯ, онҳо маҷбур мешаванд, дар кишварҳои худ ҷойи кор пайдо намоянд,- иброз доштааст ба хабаргузориҳои русӣ Хуснулин.
Ва аммо, бо ин ки Русия аз тарки теъдоди муҳоҷирин ва қувваи арзонӣ корӣ ҳарос дорад, масъулини Хадамоти федеролии муҳоҷирати ин кишвар ҳамарӯза аз боздошту рондани теъдоди зиёди муҳоҷирин иттилову ҳисобот медиҳанд.
Тавре хадамоти матбуоти Раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав хабар медиҳад, дар даври дуввуми амалиёти «Мигрант-2014» танҳо кормандони ин ниҳод беш аз 51 ҳазор муҳоҷирро тафтиш намудаанд.
-Дар муддати 7 рӯзи амалиёт беш аз 6 ҳазор амалиётҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ ва профилактикӣ гузаронида шуда, беш аз 70 ҳазор объект, аз ҷумла сохтмонҳо, хобгоҳҳо, таваққуфгоҳҳо ва таъмиргоҳҳои нақлиёт, меҳмонхонаву хонаҳои истиқоматӣ мавриди тафтиши ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти ин амалиёт барои тафтиши шахсияти муҳоҷирин ва эҳтимолияти даст доштани баъзеи онҳо дар ҷиноёти содиршуда ба шӯъбаҳои ин ниҳод 50.965 шаҳрванди хорҷӣ оварда шуданд, ки нисбати 249 вайронкунандагони қавонини будубош чораи маҳрум кардан аз ҳақи вуруд ба ҳудуди Русия татбиқ карда, ҳамчунин дар ин росто 158 парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд, - хабар додааст ҳатфаи гузашта пулиси Маскав.
Муҳоҷирини тоҷик мегӯянд, ки бо фарорасии мавсими гармо кишварҳои мусоидтар барои муҳоҷирати меҳнатиро ҷустуҷӯ хоҳанд кард ва ё аз рафтан ба Русия барои муҳоҷирати корӣ худдорӣ хоҳанд варзид.

Подробнее ...

М. Шевченко: «Таджики ведут себя очень достойно на территории России»

Насколько важно в современном мире знание русского языка? Почему Россия поменяла свое отношение к миграционной политике? А так же о том, как сосуществуют русские и таджики на территории РФ, в интервью НИАТ «Ховар» рассказал российский журналист, телеведущий Первого канала Максим Шевченко.
- Максим, как Вы считаете, суждено ли выжить русскому языку на постсоветском пространстве и в Таджикистане в том числе?
- Я считаю, что русский язык – это язык политического проекта. Это язык философии, на этом языке сформулированы смыслы, меняющие мир, таких языков в мире не очень много – английский, арабский, китайский, санскрит (хинди), испанский, греческий и русский. Сохранение русского языка – это не просто связь с Россией, это нахождение в том великом проекте, который, не побоюсь этого слова, изначально был на стороне простого народа, на стороне справедливости. Русские показали всему человечеству, что богатый не всегда прав, а бедный – это не всегда человек, об которого можно вытирать ноги, как о пыль. Я считаю, что отсечение русского языка от культуры и жизнедеятельности, это возможность порабощения. Владение русским языком для народа, в том числе и таджикского, это доступ к политической культуре, демократической культуре, к свободомыслию, борьбе за права человека. Поэтому запрет на изучение русского языка увеличивает власть чиновников, олигархов, бюрократов и так далее.
На сегодняшний момент – владение русским языком это политическая задача, как в 19 веке немыслимо было быть просвещенным человеком без знания немецкого языка, так как на нем писали Гегель, Ницше, Шопенгауэр, так же и сейчас для таджикского народа важно знать русский язык. Я считаю, что борьба за русский язык, на всем постсоветском пространстве - это борьба за свободу и независимость. При этом, я остаюсь сторонником изучения других языков и культур и таджикского языка в том числе. Я за то, чтобы в школах преподавали на таджикском языке, чтобы дети знали его величайшую поэзию и культуру. При этом отмечу, что сейчас в России очень модно изучать фарси, и не просто для галочки, а потому что он сейчас считается топовым, элитным языком.
- Скажите, как Вы относитесь к миграционной политике России в свете последних событий?
- Я считаю, что есть несколько Россий – Россия – криминально – бюрократическая, которая унижает честь и достоинство человека, мигранта, отбирая у него последние гроши, которые он должен отправить к себе на родину, своей семье. И эта Россия мне ненавистна, исчезновения такой России я хочу больше всего. Такая Россия оскорбляет мое достоинство, как русского человека. Мы, русские, не можем обращаться с другими людьми, других национальностей так, как обращаются сейчас в этой России.
Но есть и другая Россия, где уже задумались о том, как помочь мигрантам. Уже сейчас на самом высоком уровне был поднят вопрос о том, что наказывать за нелегальное нахождение на территории России или за нелегальную работу на территории России, нужно не бедных людей, а бюрократов и чиновников, недобросовестных работодателей. Я не считаю, что человек, приехавший работать на стройку, обязан знать в совершенстве русский язык, историю России – это маразм вообще.
Но я противник ассимилятивной миграции, это вредно для наших народов. Когда большие массы людей всеми правдами и неправдами получают гражданство - это создает большую угрозу, создаются гетто, анклавы и в России к этому не готовы, поэтому это опасно в первую очередь для тех, кто переселяется, ведь гнев народа, находит свое воплощение в неонацистских настроениях группировок.
Если говорить открыто, то сейчас большинство мигрантов получают зарплату наличными деньгами и думают, что это хорошо, но я скажу, что это плохо, ведь эти деньги у них можно отобрать и оспорить это практически не возможно, люди не смогут ничего доказать и никуда пожаловаться, ведь факт их работы нигде не зафиксирован. Поэтому сейчас на повестке дня стоит вопрос обязательного получения патента на работу. Это, конечно, не высшая мера, но все же у людей появятся, гарантии и защищенность.
Сейчас я бы хотел обратиться к гражданам Таджикистана - если ваши права нарушаются, если вас обманывают, отбирают деньги, требуют взятки – смело обращайтесь к правозащитникам, и поверьте, российские власти готовы откликнуться и оказать всяческое содействие.
- Максим, но, эта проблема не новая и мигранты приехали в Россию на заработки не вчера, так почему о проблемах и об их решении так яро заговорили именно сейчас?
- Потому что либеральный капитализм, при котором, увы, мы сейчас живем, это оккупационный режим на территории наших стран, это не естественный строй для наших народов, он уничтожает наши народы и приводит к их деградации, но, к сожалению, сейчас правит.
- Скажите, а с нашими мигрантами у русских действительно проблемы, о которых так много говорят в российских СМИ?
- Кроме тех, кто соглашается участвовать в наркотрафике, с таджиками в России особых проблем нет. Скажу больше, именно таджики являются очень верующими и ведут в целом себя очень достойно на территории России.
НИАТ «Ховар»

Подробнее ...

Муҳоҷират - нӯшдоруи Россия?!

Ҳаросу гумонҳо ва худбоварии масъулини рус то он ҳадде боло рафтааст, ки ҳатто наметавонанд зарарҳои молиявии худро аз фоидаашон тафриқа кунанд ва ба ҷои он ки маҷрои нерӯи арзони кориро ба кишвар ворид сохта, ин холигиро, ки ба андешаи мутахассисони ҷомеашинос ва иқтисоддонҳо, на дертар аз 5 соли оянда ба як мушкили ҷиддӣ табдил меёбад, пур намоянд, ҳамарӯза аз муборизаҳои нав ба нав ва роҳу воситаҳои ҷадиди рондани ин нерӯи арзони кориро меандешанд.
Агар имрӯз ба сохтори бозори меҳнати Россия нигарем, ба хубӣ метавонем бубинем, ки норасоии қувваи корӣ (намегӯям қувваи арзони корӣ) дар чанд соли баъдӣ боиси пастравии иқтисоди ин кишвар хоҳад гашт.
Пеш аз ҳама, тибқи як пажӯҳиши дигар, ки онро ҳам таҳлилгари рус Алла Тиндик доир кардааст, танҳо дар худи Маскав беш аз 800 нафар занҳои солҳои таваллудашон 1970-1979 мезистаанд, ки беш аз 300 ҳазорашонро занони муҳоҷир аз ҳисоби минтақаҳои дигар ташкил медодааст.
Тавре медонем, синну соли қобили таваллуди ин занҳо ба ноамниҳои солҳои 90-уми асри гузашта рост меояд ва аксаран ин занҳо нахостаанд фарзандон таваллуд кунанд, ва имрӯз мушкили демографӣ масъалаи рақами яки ин кишвар гаштааст.
Пойтахти ҳар кишвар бо вуҷуди мушкилиҳояш дили ҳамагонро мерабояд ва аксаран мардуми омад андеша доранд, ки имкониятҳо барои пайдо кардани худ дар пойтахт бештар аст ва чунин ҳам ҳаст.
Аммо, мушкили пойтахти Россия он аст, ки пиршавӣ ва камшавии аҳолии қобили меҳнат дар он бо суръат пеш меравад, ва насле, ки бояд ҷои онҳоро пур мекард, ба дунё наомадааст.
Тавре олими рус Татяна Малаева иброз медорад, пеш аз ҳама, мушкили пиршавии аҳолӣ зарба ба сохтори таъминоти иҷтимоӣ мезанад, чунки нафақагирон зиёданд ва теъдодашон меафзояд, ва нафароне, ки ба фондҳои ҳифзи иҷтимоӣ бояд пардохт ворид созанд, яъне нерӯҳои офаранда, теъдодашон кам шудан дорад.
Ба тадриҷ ба сафи аҳолии қобили меҳнат ва инкишофдиҳандагони иқтисодиёти ин кишвар зодагони солҳои 1990 ворид мешаванд, ки теъдодашон хеле кам аст ва ҳамчунин зодагони солҳои 1950 аз ин қатор берун мераванд.
-Чунин бӯҳрони демографиро таърихи Россия ёд надорад ба ҷуз аз даврони ҷанг. Дар ҷаҳон низ чунин ҳолат мушоҳида нашудааст. Ин ҳолат ҷиддӣ ва дурудароз аст. Ин масирро на танҳо иқтисодиёти Россия, балки Украинаву Беларус низ ногузир бояд тай намоянд. Аз ин хотир, ба саволи он ки рушди иқтисодиро новобаста аз ҷустану пайдо намудани роҳҳои нав ба нав интизор шуд ё не, ҷавоб додан хеле мушкил аст, - гуфтааст таҳлилгари рус Малаева.
Норасоии кадрҳои сатҳи миёна дар ин кишвар ба бомбаи дертаркиш монанд шудааст. Ҳарчанд далели онро ки ин мушкил рӯзе мерасад, касе инкор намекунад, ва аммо хатар ва натиҷаҳои онро касе намехоҳад дарк кунад.
Дар ҳамин ҳол иқтисоддонҳо идао доранд, ки болоравии иқтисодиро аз ҳисоби афзоиш додани истеҳсолнокии нерӯи корӣ таъмин кардан лозим аст ва ин ҷо низ охири ришта мерасад сари нерӯи арзони корӣ.
Аммо ин роҳ, бино ба андеша мутахассисони соҳа, бояд мунтазам, босубот ва бо омодагии баланд тай шавад.
Дар ҳамин ҳол, муҳоҷират метавонад дар чунин мавриди хатарзо яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилоти Россия гардад. Пеш аз ҳама иқтисодиёти Россия ба нерӯи арзони миёнатахассус ва бетахассуси корӣ ниёз дорад.
Бадии кор дар он аст, ки миёни кордиҳандагон ва сардамдорони Россия ва ҳамчунин мардуми таҳҷоӣ ақидае шах шудааст, ки гӯё муҳоҷирони соҳибтахассус хубанду муҳоҷирони бетахассус бад. Аммо зери мафҳуми “муҳоҷири соҳибтахассус” ин мардум танҳо олимонро барои марказҳои илмиву донишгоҳҳо мефаҳманд, ки барои ин кишвар кашфиётҳову навовариҳо дар соҳаи илм бикунанд.
Бояд гуфт, ки албатта, барои таъминоти чунин “муҳоҷирини соҳибтахассус” Россия тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам кардааст ва аммо инженеру сохтмончиён ва дигар соҳибкасбони сатҳи миёнаи ботахассус дар ин кишвар фаъолияти меҳнатии худро аз кори сиёҳ сар мекунанд, ки на аз сӯи ин давлат ва на сӯи кишвари интиқолкунандаи нерӯи корӣ ҳимоят ва пуштибониро дар самти пиёда кардани ҳуқуқҳои иҷтимоии худ намебинанд.
Ахиран, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар дидор бо муҳоҷирини кории тоҷик дар Маскав дар хусуси аз сӯи Россия ба таъхир андохтани имзои як созишнома, ки соли 2004 Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирини кориаш пешниҳод кардааст, ибрози назар кард.
“Созишнома дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия аз соли 2004 имзо намешавад. Тоҷикистон пешниҳодҳои худро кардааст ва аммо бюрократия намегузорад, ки он ҳал шавад... Мо барои ҳалли ин мушкилот омадаем”, - гуфт раиси палатаи болои порлумони Тоҷикистон.
Шояд, сари гиреҳ дар ин ҷо бошад ва вориди ботлоқ гардидани системаи ҳифзи иҷтимоии Россия боиси он аст, ки ин кишвар намехоҳад андози ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирини тоҷикро ба буҷаи Тоҷикистон интиқол диҳад?!.
Бо вуҷуди ваъдаи Убайдуллоев дар хусуси баррасии ин масъала дар дидор бо намояндагони воломақоми Россия, аз натиҷаҳои он ҳанӯз дараке нест. Яъне, ҷониби Россия боз корро ба таъхир андохтааст, чунки дар чунин замони барояш хеле мушкил ба ин кор розӣ шуданаш бо дасти худ шикастани системаи ҳифзи иҷтимоии кишвар мебошад.
Ин амали Россия ғайричашмдошт набуд, ва ғолибан бо вуҷуди талошҳои ҷониби Тоҷикистон ҳиҷ вақт ин маблағро вориди буҷаи мо нахоҳад кард, алалхусус, ки ба қавли мардум “хараш аз лой гузаштааст”-у як пойгоҳи низомии бузургашро дар хоки кишвари мо бе сарфи як танга мустақар кардааст.
Аз сӯи дигар, мушкилоти таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, дастрасӣ ба хизматрсониҳои тиббӣ ва дигар шароитҳое, ки барои муҳоҷирон зарур асту, ҷониби кордиҳанда намехоҳад онҳоро таъмин созад, метавонад оиди раванди дигар - сар задани ошубҳову бетартибиҳои дастаҷамъонаи муҳоҷирин гарданд. Ин раванд аллакай дар ин кишвар шурӯъ шуда, дигар муҳоҷирини меҳнатӣ он нафарони солҳои охири асри гузашта нестанд. Аллакай ташаккул ёфтаанд, забон ва одоти мардуми маҳал ва ҳуқуқҳои худро омӯхтаанд, аксарашон аллакай шаҳрвандӣ ва ё ҳадди ақал ҳақи зисти муваққатиро дар ин кишвар ба даст овардаанд.
Тазоҳуротҳои дастаҷамъонае, ки муҳоҷирин барои напардохтани музди меҳнаташон, таъминоти нобаробари иҷтимоӣ, дастрасӣ ба хизмтарасониҳои тиббӣ, омӯзишу парвариш ва тақсимоти имкониятҳои таъминот бо кор доир карданд, аллакай аз бедории муҳоҷирин дарак медиҳанд ва хоҳ-нохоҳ агар ҷониби Россия ба таври оҷил сари ин масоил андеша накунад, ин гуна эътирозҳо васеъ ва зуд-зуд доир хоҳанд шуд ва суботро дар кишвар метавонанд барҳам бизананд, ки айнашро дар Фаронса дидем.
Аз ин рӯ, кишвари Россияро зарур аст, ки муайян кунад, ки оё мо муҳоҷиринро мехоҳад ё не, ва аз кор бурдани мақоли “Дур нарав гург мехӯрад, пеш наё дидан намехоҳам” даст бикашад. Зеро хоҳу-нохоҳ, баъди чанде насли дигари муҳоҷирин сари кор меоянд, ки зодагон ва шаҳрвандони Россия мебошанд ва ҳатман, ки бо мардуми маҳаллӣ аз ҷиҳати дараҷаи саводнокиву малака наздик ва ҳатто аз онҳо боло хоҳанд буд.
Бояд ба як нуктаи аслӣ ҳам муҳоҷирин ва ҳам кордиҳандагон диққатро равона кунанд: муҳоҷири корӣ на ба он минтақае меравад, ки барояш писанд аст, балки ба ҷое меравад, ки бозори меҳнат онҳоро ҷалб мекунад. Тоҷир ҷое меравад, ки молашро ба нархи баландтар бихаранд. Ин қонуни бозор аст.
Аз ин рӯ, маҳз дар ҳамин фурсати ҳассос раҳбарияти моро лозим аст, ба ҳеҷ ваҷҳ мушкилоти пешгузоштаи баъзе масъулини ин кишварро дар қиболи муҳоҷирини тоҷик напазиранд ва шартҳои ҷиддитарро барои пиёда намудани манфиатҳоиву ҳақи шаҳрвандонашон ҷиддӣ пеш гузоранд. Қонуни бозор ҳамин аст: Бардорад, зам кун!
Муҳаммад Рашод

Подробнее ...
Подписаться на этот канал RSS