19 Ноября 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.
Версия для печати

Ҳайкали муҳоҷири тоҷик «шашлык» намешавад? Избранное

  • Автор 
Ҳайкали муҳоҷири тоҷик «шашлык» намешавад?

Хабари оҷонсии хусусии SMIXER дар мавриди гузоштани ҳайкали муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар Москва, ки ҳанӯз 18 сентябри ҷорӣ паҳн шуда буд, боз сару садоҳои зиёдеро дар фазои иттилоотӣ баланд намуд. Ба қавли ин оҷонсӣ, Ҳукумати шаҳри Москва бо дархости чандин нафар мардумони таҳҷоӣ итминон гирифтааст, ки ҳайкали муҳоҷири тоҷикро дар ин шаҳр гпобарҷо кунад..
Бино ба маълумоти расида, шаҳрдорӣ ин амалро арзи эҳтироми москвагиҳо нисбат ба ҳамаи мардуми Осиёи Марказӣ, ки дар рушду ободии Москва саҳм доранд, эълон кардааст. Инчунин, оҷонсии номбурда хабар медиҳад, ки ҳайкали муҳоҷири тоҷик, ки дар пайраҳа сангпора (плитка) мечинад, аллакай дар корхонаи ҳайкалтароши номвари Русия Зураб Серетелӣ тарҳрезӣ шудаасту бояд моҳи ноябр пешкаши мардум шавад.
Аз сӯи дигар, аз гузоштани ин ҳайкал бархе аз ҳамватанони мо изҳори норозогӣ мекунанд ва ҳароси онҳо аз он аст, ки гузоштани муҷассамаи муҳоҷири тоҷик, ба хусус ба он тарҳи пешниҳодшуда, ки тоҷик ба зону зада дар кӯчаҳои Мскав сангпора мечинад, боз сабаби хандахариш шудани тоҷикон дар Русия мегардад. Зиёда аз ин, баъзе нафарон ин амалро таҳқир ҳисобида, ҳушдор медиҳанд, ки ба ин амал ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ набояд дод.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз нафаре бо номи Исфандиёр дар яке аз сомонаҳои интернетӣ сохта шудани ҳайкали муҳоҷири тоҷикро ба назарсанчӣ гузошта буду аз гузошта шудани муҷассамаи “ноновари тоҷик” -ро дар Душанбе пешниҳод карда буд. Гарчанде шаҳрдорони тоҷик ин иқдомро нодида гирифтанд, аммо ба қавли ин оҷонсӣ, чунин дархост аз тарафи ҳукумати Маскав дастгирӣ ёфта, гумон ғолиб аст, ки ин ҳайкал сар боло мекунад.
Нашрияи «Тоҷикони Россия» ба Сафорати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат намуда, назари расмии ин мақомотро пурсон шуд.
- Мо ҳанӯз расман иттилоъ дар бораи ин иқдом аз тарафи ҳукумати маҳаллиро дастрас накардаем. Аммо, агар ҳангоми гузоштани ин ҳайкал ақалан ишорае, ки сабаби коҳидани шаъну эътибори тоҷикон мегардад, ҷой дошта бошад, ба он роҳ набояд дод,- гуфт ҳангоми сухбат бо мо намояндаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия Муҳаммад Эгамзод.
Дипломати тоҷик гуфт, Имомуддин Сатторов, Сафири Тоҷикистон дар Русия, таъкид намудааст, ки «ҳайкали муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар Москва агар гузошта шавад, бояд бо риояти эҳтироми қоил ба шаъну эътибори мардуми соҳибқирон ва дорои таъриху фарҳанги бою қадимаи мо гузошта шавад. Он бояд тавре қомат афрозад, ки пеш аз ҳама мояи ифтихори тоҷикону Тоҷикистон дар ҷомеаи Русия ва ҷаҳон бошад, василаи эҳтироми тарафайни ду миллати бузург, дӯст ва шарикони воқеӣ бишавад. Ҳатман зарур аст, ки тарҳ ва шеваи бунёди он пешакӣ бо Сафорат мувофиқа бишавад».
Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки ахиран дар асоси дастури сафир мулокоти ӯ бо мушовир ва ёвари Зураб Серетелӣ ҷаноби Сергий Шагулшивили баргузор гардидааст, ки дар рафти он масъалаҳои номбурда баррасӣ шудаанд.
- Намояндаи Нигористон гуфт, ки ҳатман дар сурати муроҷиати расмии фармоишгар ва оғози кор рӯйи ин тарҳ назари сафорати Тоҷикистон ва ҷомеаи зиёиёни тоҷикистонии муқими Русия ба назар гирифта хоҳад шуд, - қайд намуд Муҳаммад Эгамзод.
Дар сӯҳбат зикр шудааст, ки оғои Зураб Серетелӣ аз нафарони мӯътабари кишвари рус ва ҷаҳон аст, ки нигоҳи башардӯстона дорад ва ба таъриху фарҳанги миллати кӯҳанбунёди тоҷик эҳтироми зиёд қоил аст. Ӯ ва аъзои тими эшон кӯшиш хоҳанд кард, ки манзалати ин миллатро дар ҳамон пояи баланду арзанда дар симои ин тарҳ нишон бидиҳанд.
Ҳангоми ин сӯҳбат дипломати тоҷик бо намояндаи Нигористон таъкид намудааст, ки «тоҷикон агарчӣ бар ивази дастмузди ночиз заҳмати бисёр дар ободии ин шаҳр мекашанду дар рушди он саҳми чашмгир доранд, меҳнати эшон нишонаи созандагӣ, бунёдкорӣ ва ободгарист. Агар сокинони шаҳр воқеан ба ин заҳмати ҳамватанони ман эҳтиром гузоштанӣ бошанд, ин тарҳ бояд аз зовияи танҳо ва танҳо эҳтирому арҷгузорӣ ба онҳо рӯйи кор ояд, на чизи дигар!».
Тарафҳо дар анҷоми мулоқот ба мувофиқа расидаанд, ки дар сурати дастрасии фармоишоти расмии шаҳрдории Москва ин амалро дар доираи маслиҳати тарафайн ва дар асоси омӯзиши дақиқи хусусиятҳои миллии тоҷикон, таърих, фарҳанг ва адабиёти оламшумули он роҳандозӣ хоҳанд кард. Муҳаммад Эгамзод моро бовар кунонид, ки Сафорати Тоҷикистон тамоми маълумоти лозимиро дар ихтиёри Нигористон хоҳад гузошт ва ҷараёни ин амалро шахсан сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов то ба охир таҳти назорат хоҳад гирифт.
Ҳарчанд, ки Зураб Серетелӣ ҳайкалшиноси шинохтаву маъруфи россиягӣ асту чандин маротиба ба мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст, атрофи санъати ҳайкалтарошии ӯ ва муҷассамаҳои офаридааш садоҳои мухталиф баланд шуда буданду баъзе аз офаридаҳои ӯ на мақбули сокинони пойтахти Русия гардидаанд. Муҷассамаи Петри 1-ро дар Москва мисол овардан мумкин аст. Ин ҳайкал, ки бисёр азимҷусса асту 98 метр баландӣ дорад, дар бисёр рейтингҳои «ҳайкалҳои бадшакли дунё» номбар мешавад. Мисоли дигар, ин муҷассамаи хайкали сохтаи Зураб Серетелӣ, ки дар “Поклонная гора”-и Москва ҷойгир аст. Ин муҷассама расман номи «Муҷассамаи Георгий Победоносетс»- ро дорад, вале байни мардум бо номи «шашлык» машҳур гардидааст. Сабаби чунин номи мардумӣ гирифтани ин муҷассама, нотабиӣ чойгир шудани қисмҳои буридашудаи аждаҳо аст, ки аслан онро мебоист Георгий бо найза саркӯб намояд. Дар сомонаҳои интернетӣ дар бораи чунин офаридаҳои Зураб Серетелӣ маълумот зиёд аст.
Манзури овардани намунаи чунин маълумот он аст, ки бунёди ҳайкали муҳоҷири тоҷик, ки аслан гузошта шудани он баҳсталаб аст, боз сафи чунин офаридаҳои ҳайкалтарошро пур намуда, ягон номи мардумӣ нагирад.