Logo
Версия для печати

Намояндагони ҲХДТ бо ҳаёти муҳоҷирон ошно шуданд Избранное

34

Намояндагони Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) аз вилояти Хатлон бо муҳоҷирини кории шаҳур вилоятҳои Маскаву Твери Федератсияи Русия дидору мулоқотҳо анҷом доданд.
Тавре муҳоҷирини тоҷик аз ин шаҳрҳо хабар доданд, ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав Муҳаммад Шодиён ва сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Хоналӣ Қурбонзода таи як ҳафта ба сохтмону бозорҳо ва дигар маконҳое, ки асосан тоҷикон кору фаъолият доранд, сафар карда бо ваъи будубош, тартиби зист, мушкилоти онҳо ва шароити кории онҳо шинос шуданд.
Ҳамчунин зимни дидору мулоқотҳояшон намояндагони ҲХДТ ҳамватанони бурунмарзиро бо вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, иктисодиёти кишвар шинос намуда, ҳамчунин оиди таълиму тарбия насли наврас, саҳми волидон дар таъминоти иқтисодиву иҷтимоии фарзандон, ҳамчунин беҳтар кардани муносибат ва афзойиш додани диққати барои тарбияи онҳо ибрози андеша намуданд.
Зимни суханронии худ дар дидор бо муҳоҷирин Маҳмад Шодиён ва Хоналӣ Қурбонзода аз ҷумла оиди вазъи маорифи кишвар, мушкилоти соҳа, вазъии умумии кишвар, дастовардҳои солҳои охир ҳарф зада, таваҷҷӯҳи муҳоҷиринро ба тарбияи фарзандон равон карданд.3335

 

 

НОВОСТИ TajinfoTV РАДИО © 2013 Таджикский Медиа Холдинг «Tajinfo» | Все права защищены