22 Ноября 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Муҳоҷирони тоҷик тарки Русия мекунанд. Бурди киву бохти кӣ!? Избранное

  • Автор 
Муҳоҷирони тоҷик тарки Русия мекунанд. Бурди киву бохти кӣ!?

Бино ба маълумоти Созмони байналхалқии муҳоҷират (СБМ), то охири соли равон маблағи ирсолнамудаи муҳоҷирон ба 436 млрд доллар хоҳад расид.
Тавре мутахассисони ин созмон ҳадс мезананд, дар соли оянда ин мабалағ рақами 540 млрд долларро убур хоҳад кард.
Яъне, бо такя ба ин далел ва фарорасии бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон метавон хулоса кард ки дар соли оянда теъдоди муҳоҷирон дар олам афзойиш хоҳад ёфт.
Дар ҳамин ҳол коршиносони ин Созмон гуфтаанд, маблағҳои интиқолкардаи муҳоҷирин барои аксари кишварҳои олам ба манбаи аслии воридоти маблағ тадил ёфтаанд.
Муҳоҷирини кившарҳои қашшоқ наметавонанд сарфи маблағҳои худро нақшабандӣ кунанд ва аз ин рӯ ба таври стихиявӣ қисмати аъзами маблағҳои заҳмати худро ба Ватан интиқол мекунад. Онҳо қариб, ки дар бораи маблағҳое, ки барои худашон дар кишвари кордиҳанда зарур аст, андеша намекунанд, гуфтаанд намояндагони ин Созмон.
Аз ин рӯ Созмони ҷаҳонии муҳоҷират роҳандозии барномаеро рӯи даст гирифтааст, ки дар он омӯзишҳои банақшагирӣ ва сарфи мақсадноки маблағҳои корӣ барои муҳоҷирин пешбинӣ шудаанд.
Дар ин давраҳои омӯзишӣ ба муҳоҷирин тартибҳои соддаву осони интиқоли маблағ ва дигар роҳҳои кӯмак ба аъзои оилаашон, ки дар Ватан қарор доранд, ба нақша гирифта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба хуруҷи бӯҳрони иқтисодӣ дар кишвари Россия, ки қабулкунандаи аслии муҳоҷирини кории Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва беқурбшавии бемисли рубл, бештари муҳоҷирин ба кишварҳои иқомати доимиашон бозгаштан доранд.
Ҷаҳонгир, як муҳоҷири тоҷик, ки дар як анбори Маскав кор мекунад, мегӯяд, бо он ки мӯҳлати иҷозатномаи кораш дар моҳи январи соли 2015 ба итмом мерасад, кӯшиши дароз кардани мӯҳлати фаъолияти иҷозатномаи корашро ҳам накардааст.
-Ин ҷо 25 ҳазор рубл мегирам. Пештар қариб 800 доллар мешуд. 400 доллар хона мефиристодам. 400 доллари дигар барои хонапулӣ, хӯрду хӯроку роҳкиро сарф мешуд. Ҳозир 25 ҳазор 400 доллар мешавад, ки танҳо барои худам мерасад. Ба кӯдаконам чизе фиристода наметавонам. Хона меравам. Маълумотам олӣ аст. Дар мактаби деҳа кор кунам, ҳамин маблағро мегирам, - мегӯяд Ҷаҳонгир.
Дар ҳамин ҳол Муҳаммад Амин Маҷумдар, Президенти Федератсияи Муҳоҷирини Россия тахмин кардааст, ки дар соли 2015 теъдоди муҳоҷирин дар ин кишвар ба ҳадди 25% кам хоҳад шуд, ки теъдоди аслии ин рақамро намояндагони Тоҷикистон ташкил медодаанд.
-Пеш аз ҳама боиси тарки Русия кардани муҳоҷирин қонунгузории ҷадид дар умури муҳоҷират дар ин кишвар гашт, ки муҳоҷиринро вазифадор мекард, то аз забони русӣ, таърих ва асосҳои ҳуқуқи ин кишвар имтиҳон супоранд. Омили дигар ин пастубаландшавии қурби рубли русӣ шуд, -гуфтааст Муҳаммад Амин.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз муҳоҷирин қиммати патент ва дигар асноди иҷозатномавиро барои фаъолияти қонунии онҳо дар Русия хеле гарон медонанд.
Бино ба маълумотҳои носанҷида қиммати патент др соли нав ҳудуди 20 ҳазор рубл ва маблағи ҳармоҳаи он, барои мисол? дар Маскаву вилояти Маскав 4 ҳазор рубл муқаррар шудааст. Имтиҳон аз забони русӣ ва гирифтани сертификат ба андозаи ҳудуди 30 ҳазор рубл барои як муҳоҷири корӣ гаронӣ меорад, ки бемуҳобо ин зарбаи гароне ба кисаи муҳоҷир ва буҷаи оилаи ӯ хоҳад буд.
Марат Хуснулин, муовини раиси шаҳри Маскав теъдоди муҳоҷирине, ки пойтахти Русияро тарк мекунанд, беш аз 30 дар сад номидааст.
-Дар сурати фарорасии бӯҳрон дар соҳаи сохтмон, теъдоди беш аз 30% муҳоҷирин Маскавро тарк мегӯянд, чунки дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ барои муҳоҷирин кор дар ин шаҳр манфиатовард нест ва хароҷоташонро пӯшонида наметавонанд.
Аз ин рӯ, онҳо маҷбур мешаванд, дар кишварҳои худ ҷойи кор пайдо намоянд,- иброз доштааст ба хабаргузориҳои русӣ Хуснулин.
Ва аммо, бо ин ки Русия аз тарки теъдоди муҳоҷирин ва қувваи арзонӣ корӣ ҳарос дорад, масъулини Хадамоти федеролии муҳоҷирати ин кишвар ҳамарӯза аз боздошту рондани теъдоди зиёди муҳоҷирин иттилову ҳисобот медиҳанд.
Тавре хадамоти матбуоти Раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав хабар медиҳад, дар даври дуввуми амалиёти «Мигрант-2014» танҳо кормандони ин ниҳод беш аз 51 ҳазор муҳоҷирро тафтиш намудаанд.
-Дар муддати 7 рӯзи амалиёт беш аз 6 ҳазор амалиётҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ ва профилактикӣ гузаронида шуда, беш аз 70 ҳазор объект, аз ҷумла сохтмонҳо, хобгоҳҳо, таваққуфгоҳҳо ва таъмиргоҳҳои нақлиёт, меҳмонхонаву хонаҳои истиқоматӣ мавриди тафтиши ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти ин амалиёт барои тафтиши шахсияти муҳоҷирин ва эҳтимолияти даст доштани баъзеи онҳо дар ҷиноёти содиршуда ба шӯъбаҳои ин ниҳод 50.965 шаҳрванди хорҷӣ оварда шуданд, ки нисбати 249 вайронкунандагони қавонини будубош чораи маҳрум кардан аз ҳақи вуруд ба ҳудуди Русия татбиқ карда, ҳамчунин дар ин росто 158 парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд, - хабар додааст ҳатфаи гузашта пулиси Маскав.
Муҳоҷирини тоҷик мегӯянд, ки бо фарорасии мавсими гармо кишварҳои мусоидтар барои муҳоҷирати меҳнатиро ҷустуҷӯ хоҳанд кард ва ё аз рафтан ба Русия барои муҳоҷирати корӣ худдорӣ хоҳанд варзид.

Наверх