22 Ноября 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Оё Тоҷикистон шомили Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё мешавад? Избранное

Оё Тоҷикистон шомили Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё мешавад?

Ахиран дар Остонаи Қазоқистон, сарварони Русия, Белорус ва Казоқистон шартномаи ИИАО (Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё) ба имзо расониданд. Аз рӯи нақшаи пешакии ИИАО, давлатҳои шомили он, зина ба зина ба тарзи рафтуомади озоди молҳо, маблағҳо, қувваҳои корӣ, хидматрасонӣ бояд гузаранд.

Инчунин пешбинӣ шудааст, ки ин давлатҳо ба инфраструктураҳои энержӣ ва нақлиёти дастрасии умумӣ пайдо намуда ба муқаррароти ягонаи тавофуқи гумрукӣ оянд. Аз рӯи гуфтаи раиси комиссияи коллегияи ИИАО Виктор Христенко Арманистон хоҳиши беандозаи шомили ин иттиҳод шудан дорад. Сарвари ин кишвар Серж Саргсян изҳор намудааст, ки давоми ду-се сол ҳамаи мушкилоти вобастаро барҳам хоҳад дод. Эҳтимолияти дохил шудани Арманистон то охири соли 2014 қавӣ аст. Инчунин, Қирғизистон низ дорои чунин эҳтимолият аст.
Ҳаҷми умумии иқтисодии ИИАО 2,2 триллион доллари ИМА муайян шудааст. Ҳамгонаи бонки миллии байнидавлатӣ дар Алма-Ато, штаб-квартира дар Москва ва суди ин иттиҳод дар Минск ҷойгир мешавад. Гузаштан ба як асъори умумӣ пешбинӣ нашудааст, вале давлатҳои узви ин иттиҳод тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми ҳисобҳо ба танга зиёд карда шавад.
Бе ҳеҷ шакке, ба имзо расидани ин шартнома, дар ин марҳалае, ки дигар давлатҳои муттариқӣ аз ҳамкорӣ бо Россия то ин ё он дараҷа даст кашида истодаанд, рӯйдоди муҳим аст. Ҳарчанд ки, ин иттиҳод иқтисодист, вале пӯшида нест, ки дар ин миён сиёсат низ рӯи саҳна омадааст. Мо бо саволи: «оё Тоҷикистон шомили ин иттиҳод мешавад?» ба чанд нафар фаъолони шабакаҳои ҷамъиятии интернет муроҷиат намуда фикри онҳоро дар ин маврид пурсон шудем.

Sherzamonov Alim:
Аввалаш ин иттиҳод худаш ба гумонам ояндадор нест, сонӣ пеш аз ворид шудан ба он бояд ба иттиҳоди гумрукӣ ворид шуд, вале ин вақт ва маблағро талаб мекунад. Сониян сатҳи иқтисодии аъзои эҳтимолии он хеле фарқкунанда аст. Аз нигоҳи ман Тоҷикистон агар хоҳад ҳам, то ворид шудан ба ин иттиҳод ҳадди аққал 2-3 сол лозим меояд. Саволи матраҳ чунин аст, оё ин иттиҳод то ба чанд соли дигар мепояд? Вале агар Русия ба мақсади сиёсӣ онро тезонад, пас он ба як ташкилоти сунъии сирф эъломиявӣ табдил меёбад.

Фарҳод Одинаев:
Албата Тоҷикистон мехоҳад дар ин иттиҳод бошад вале бояд аввал Қирғизистон ё Ӯзбакистон дохил шавад. Аслан Ӯзбакистон чунин хоҳиш надораду қирғизҳо бошанд ҳоло ҳисоб доранд оё дохил шудан ба фоидаи онҳост ё на. Мавқеъи Тоҷикистон низ бояд чунин бошад, яъне, пеш аз шомили ин иттиҳод шудан коршиносон нуктаҳои фоидаовару заъифи ин ҷараёнро санҷида баъд хулоса бароранд.

Шокир Файзуллоев:
Дохил шудани Тоҷикистон ба ин иттиҳод ҳоло дур аст. Ин чанд сабабҳо доранд.
1) Давлатҳои муттаҳидшуда аз ҷиҳати иқтисодӣ қариб ки бо якдигар баробаранд.
2) Аз дохил шудани Тоҷикистон ба иттиҳод дигар аъзоён фоидаи хуб намебинанд.
3) Агар бо чанд шартҳо низ моро қабул мекарданд хуб мешуд: а) инвестисияи бештар ба Тоҷикистон, кушодани корхонаву фабрикаҳои истеҳсолӣ. б) Бояд аввал қирғизҳоро пайваст кунанд, то мо низ аз бӯҳрони коммуникатсионӣ бароем.
Инчунин, иловатан гуфтаниам, ки ба гумонам мақсади Русия барқарори Иттифоқи Шӯравӣ дар шакли «Иттиҳоди ЕвроОсиё» мебошад.

Умед Ҷайҳонӣ:
Иқтисоди Тоҷикистон аз замони шуравӣ бо иқтисоди ин кишварҳо пайванд дорад ва дар замони истиқлол низ бештарин ҳамкориву пайванди иқтисодиро бо Русия доштаву дорад. Афзун бар пайвандҳои иқтисодӣ ҳамкорӣ дар чорчӯби сохторҳои сиёсиву низомиро низ дар назар бояд гирифт. Аз ин рӯ Тоҷикистон чорае ҷуз пайвастан ба ин иттиҳод надорад. Вале ИИАО шартҳое барои пайвастан барои Тоҷикистон мегузорад ки замон мебарад. Ва дер ё зуд, хамаи давлатхои Осиёи Миёна бо ин ё он сабабе ба иттиход шомил хоханд гашт. Шояд Туркманистон каме дертар бипайвандад ва Ӯзбакистон зудтар. Аммо Тоҷикистон зудтар аз онҳо хоҳад пайваст.

Диловар Ашуров:
Ҳарчанд ки, дар Тоҷикистон хоҳиши шомили узви ин иттиҳод шудан пайдо шавад ҳам, дар наздик ин ҷараён ғайриимкон аст. Ин амал ба нафъи узвҳои дигари ИИАО нест. Сабаб, сатҳи пасти зиндагиву иқтисоди Тоҷикистон аст. Барои шомили ин гуна иттиҳодҳо шудан, мо бояд иқтисоди худро то дараҷаи иқтисоди кишварҳои шомили он боло намоем.

Davlat-khan Azizov:
Фикр дорам Тоҷикистон розӣ аст, ки ӯро даъват кунанд ва нигарони чунин даъват аст.

Абӯбакри Файзалӣ:
Фикр мекунам Тоҷикистон ҳатман вориди Иттиҳоди гумрукӣ хоҳад шуд, аммо баъди шомил шудани Қирғизистон. Новобаста аз он ки мардум чӣ гуна андешаҳо доранд, ба андешаи ман ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ барои иқтисоди Тоҷикистон манфиатҳое дорад, гарчанде мушкилҳое ҳам эҷод хоҳад кард, чун сатҳи рушди иқтисод ва некӯаҳволии халқ, равандҳои сиёсиву иҷтимоии кишварҳои дигари шомили ин иттиҳод ва дигароне, ба мисли Қирғизистони ҳамсоя, ки шомилшавии мо ба ин иттиҳод аз онҳо бастагии сахт дорад, ба чанд маротиб аз мо боло мебошад. Аз ҳама асосиаш дар баъди ворид шудан ба ин созмон барои нерӯи бузурги муҳоҷирин роҳҳои пайдо намудани кор дар тамоми кишварҳои шомили ин созмон боз хоҳад шуд, ки ин чиз барои равнақи кишвари мо хеле муҳим аст. Аммо, аз сӯи дигар, тамоми он асноду қарордодҳое, ки Тоҷикистон дар мавриди имзои онҳо аз ҷумла ба хотири муҳоҷиринаш гузаштҳоеро барои Русия фароҳам карда буд, бахусус додани пойгоҳи ҳарбӣ ва бар ивазаш гирифтани иҷозаи кор барои сесол барои муҳоҷирини тоҷик ба таври табиӣ лағв мешавад. Яъне, дар ин самт Тоҷикистон бохтҳое ҳам хоҳад дошт ва бояд дурнамову ояндабинии сиёсатмадорони мо ин равандро пешгӯӣ мекарданд, чун гапи сохтани ин созмон аз сӯи Владимир Путин чанд сол пеш садо дода, ҳамарӯза то имрӯз барои амали кардани ин иқдом Русия ва Путин талошҳои ҷиддӣ доштанд, ки пешгӯӣ кардани амалишавии бечунучарои ин лоиҳа кори басо мушкил набуд.

Файзиддини Асозода:
Вақто, ки Ӯзбакистон дарҳои худро ба куллӣ бастааст. Аз тарафи дигар Афғонистони ҷангзада моро печидааст. Шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисоди Авруосиё бар манфиати Тоҷикистон хоҳад буд. Ба шарте, ки Қирғизистон ворид гардад.

Последнее изменениеПонедельник, 12 Январь 2015 12:54
Другие материалы в этой категории: А. Касымов: «Фароз» развивается вместе со страной »
Наверх