Предупреждение
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 572
28 Марта 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

«Ё худамро мекушам, ё номамро аз ин миллат хат мезанам» Избранное

Shaw Air Force Base Airmen supporting the Operation Noble Eagle alert mission Shaw Air Force Base Airmen supporting the Operation Noble Eagle alert mission

 Чанде пештар «Озодӣ» маводеро дар бораи ҳамҷинсгароҳои тоҷик оварданд, ки сару садоҳои мухталиферо байни чомеъа баланд кард. Дар ин матлаб сухан дар бораи барпо намудану туйу ба зиндагии якҷоя оғоз намудани ду ҳамҷинсгаро дар Душанбе мерафт. Анъанавӣ дар Фейсбук низ атрофи ин масъала баҳсҳои тунду тез барпо шуд ва қариб ҳамаи фаъолони бахши тоҷикии ин сомона сухан карданд. Ҷолиби диққат аст, ки қариб хамагон ин амалро маҳкум намуданд ва танҳо қисмати ночизи мардум назари худро бетараф эълон намуданд.

Ва боз ҷолиби диққат низ шуд, ки масъалаи расонагӣ намудани чунин матлабҳо баҳсхои шадидро барангехт. Мо низ суоли худро маҳз ба ин амал пайваста, аз чанд нафар бошандагони доимии ин сомона бо суоли : «Оё расонаги кардани ҳодисахое ба монанди туйи ду ҳамҷинсгарои тоҷик мақубули шумо аст ё не?» муроҷиат намудем.
Аксарияти посуҳдиҳандагони мо ба моҳияти савол аҳамият надода посухро аз маҳкум намудани ҳамҷинсгароӣ шурўъ намуданд. Барои мисол суҳбатамонро бо нафаре бо тахаллуси Қори Исмат, ки вақтҳои охир дар Фейсбук пайдо ва фаъол шудаанд, меорем.
Қ.И. - О, тақсирам, ин чӣ гап? Шумо маро чӣ фикр мекунед? Ба ростӣ аз ин суолатон сахт хафа шудам.
На ин ки, тоҷик балки барои кулли одамизод ин амал нописанд аст.
Аммо дар асл, суоле ба миён меояд, ки табиат онҳоро чунин офаридаст, онҳо чӣ кор кунанд, ҳамин тавр аст? Ба ростӣ ки банда, тасаддуқ , дар ҷавоби ин суол оҷизам. Ҳатто, оид ба ин суол фикр ҳам карда НАМЕТАВОНАМ!
Т.Р. -Каромот, суолро то охир дарк накардед. Оё дуруст аст ин гуна мушкилотро дар матбуот нависем?
К,И -Медонед ман чӣ фикр дорам, баъзе чизҳое ҳаст, ки аз азал он бояд риоя шавад. Тасаддуқ, агар оддию кӯчагӣ карда нависем, ба «мерси цешка» бояд бензин бирезӣ! Тасаддуқ, чун инженераш ҳаминро фармудааст. Агар солярка рехтӣ, «мошин мурд» гуфтан гир. Хуб ки бошад, тақсирам, ба ин монанд инженери мо (яъне Худои азз ва ҷалл) ин номаъқулиро бароямон тамоман раво надидааст.
Т.З. -Саволи асосӣ- расонагӣ кардан қобили кабул аст ё не?
К.И. -Уй, тақсир, маънои асосии суолатонро дуруст дарк накардам. Дар масоили идеологӣ мо бояд бисёр чизҳоро аз он замон рўбардор кунем. Хуш ки бошад, бубинед, ки имрўз маълумамон шуд, ки дар он давра низ нашъамандон будаанд, аммо дар ин бора қариб ҳеҷ кас маълумот надошт ва ин падида, тақсирам, дар кунҷи хотири касе набуд. Агар мо имрўз дар расонаҳо ин маълумотро фош созем, ки медонад, шояд Тоҷикистон низ аз ин «хатои табиат» холӣ набошад... Пас онҳо низ агар алъон хаппу дам бошанд, бо нашавад, ки бедор шаванд? УУууу наъузамбиллоҳ. Аз ин ру мехостам, ки ин маълумот бояд дар доираи кумитаи бехатарии давлатӣ ҳаллу фасл шавад ва он ашхоси (воқеан онҳоро ашхос гуфта ҳам намешавад, онҳо як хатое ҳастанд) ноҷинс зери назорати махсуси кумита бошанд, ки ҳар як қадамашон зери назорат бошад. Фикр мекунам, на танқид, на ҳеч, болои дегро пӯшанд, аммо кумитаи дахлдор, чи хеле дар боло гуфтам аз болои онҳо назорат барад, тасаддуқ!
Т.Р.- Аз нигоҳи шумо онҳо аъзои комилҳуқуқи ҷамъият шуда наметавонанд?
К.И. - Ростӣ ин суолатон ҳа ё не ҷавоб надорад. Онҳо метавонанд дар ҷамъият бошанд, аммо бояд зери назорат бошанд, зеро онҳо на ин ки хатар ба давлат, балки хатар ба башарият ҳастанд. Агар Озодӣ дар ин бора чоп намекард, мо имрўз намедонистем, ки дар Тоҷикистон чунин ғайриодамҳо бошанд.
Т.Р. - Чаро? Ҳама медонанд, ки ин тоифа вучуд доранд. Шумо низ))
К.И. - Ой, тақсирам, ман медонистам, ки дар дунё ҳастанд, медонистам, ки дар Фаронса онҳо ҳатто «права качать» мекунанд, аммо намедонистам, ки чунин бешармӣ дар Тоҷикистон байни омма паҳн мешавад. Ба навор бингаред, онҷо занҳои хона низи гашту гузор доранд. Ин чи хел, тасаддуқ?!!!! Чӣ хел, хонаводааш ин тавқи ланъатро мебардоранд?
Т.Р- Тасаддук, суоли дигар, магар тахти назорат гирифтани онҳо хуқуқи шаҳрвандии онҳоро поймол намекунад?
К.И. - Аз як нигоҳ поймол мекунад, тақсирам, аммо онҳо, ки одами солим нестанд, аз ин хотир зери назорати МАХСУС будани онҳо шарт, яъне ҳар қадамашон бояд зери назорат бошад, то ба худ монанди дигар пайдо насозанд.

Шокир Файзуллоев:
Якум, ин дард дар ҷомеъаи мо низ вуҷуд дорад, ва ин хабари нав нест. Аммо то дар бораи ин мавзуъ нанависед, дигарон ба ин дард эътибор намедиханд...ва он ҳамин тавр мемонад. Дуюм, баъди ин хабар ман фаҳмидам, ки дар Тоҷикистон дар бораи ин падида ягон қонуне нест. Мумкин акнун ягон қонуне пешниҳод кунанд дар парлумон. Хабари нек бошад ё бад, ба мо расонидани хабар ин кори хабарнигор аст. Аммо, мо ки ҷомеъаи солим сохтан мехоҳем ва умедворам баъди ин мақолаи Радио Озодӣ, ҳукумат пеши ин мушкилотро мегирад...

 Ҷавоби Джоник Сафарзодаро мо аввал шухӣ фикр намудему вақте ў исрори чоп намудани ин суханҳо шуд, дарк намудем, ки ин амал ба иззати нафси эшон сахт расидааст: 

- «Ё худамро мекушам ё номамро аз ин миллат хат мезанам».
Дар моҳияти суол бошад, Джоник Сафарзода бар он ақидааст, ки расонагӣ намудани ин гуна хабарҳо ҳамчун як «чёрный пиар», барои ин гуна амалҳо хидмат мекунад:
- Мардуми мо албатта аз ин гуна амалҳои номақбул хабар доштанд, вале аз хотири шарму ҳаё мавриди баҳс карор намегирифт. Акнун, ки ин хабар расонагӣ шуд, ин мавзўъ дар ҷамъият садо меёбаду тарсам аз он аст, ки ҳаёи мардум рўй ба коҳиш ораду рафта-рафта ин мавзўъи муқаррарӣ гардад. Ин ҷой сухани Анушервони Одил ба хотирам расид: Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будааст, ҳар кӣ омад бар - ӯ мазиде карда, то бад - ин ғоят расида.

Sherzamonov Alim на танҳо ин амалро паст шуморид, балки сухан гуфтан дар ин мавзўъро қобили қабул надониста аз ҷавоб гуфтан худдорӣ намуд.


Абдулло Ходжаев:
- Лаввотӣ(гомосекуализм) аз оғози олам дар олами ҳайвонот вуҷуд дошт ва ҳоло ҳам вуҷуд дорад. Ин нукта шаҳодат медиҳад, ки падидаи мазкур нишонаи пешравӣ неву, баръакс, як нишонаи ҳаёти ҳайвонона мебошад. Мо, ки одамизодем, медонем, ки рисолати асосии ба ҳам пайвастани ҷинсҳои муқобил давом додани ҳаёт мебошад. Аммо ҳамзистии ҳамҷинсон аз ин рисолат орӣ аст, аз ин ҷиҳат ғайритабиӣ мебошад. Ва чизе, ки ба табиат, ба рисолати ҷинсҳо мукобил аст, набояд дар чомеаи инсони рох ёбад.
Як тадкикоти ачибро дар бораи лаввоти хонда будам. Муаллиф дарёфтааст, ки хислати лаввоти аз таъсири мухит, аниктараш аз мавчудияти ибрати манфи вобастагии аник доштааст. Хатто хайвоноте, ки дар атрофашон чунин падида вуҷуд надоштааст, аз ин падидаи манфӣ озод будаанд. Яъне, тағлиби лаввотӣ, хоҳ пиари сафед бошад, хоҳ сиёҳ, барои васеътар шудани гомосексуализм мусоидат хоҳад кард.

Соҳибёри Толиб:
-Мушкилоте ҳаст, ки ноогоҳона баррасӣ намудани он василаи шиддат гирифтанаш мешавад. Ба мисли миллатгароӣ, маҳалбозӣ, ихтилофи мазҳабӣ.. ва ҳамчунон амалҳои норавои шаҳвонӣ. Аммо радиое, ки чандин маротиб издивоҷи ҳамҷинсбозонро расонаӣ кард, огоҳона вориди мавзуъ шуд. Чанд гузорише, ки аз як расона ба нашр расид, хусусияти таблиғоти дошт. Ба мушоҳидаи ман дар паси ин бозӣ як суроби антиисломӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон муборизаи ноошкораш бо ахлоқи динӣ ҷон мегирад.

Умед Ҷайҳонӣ:
- Аз ингуна хабарҳо хушам намеояд. Аслан чаро бояд ингуна хабарҳо мунташир шаванд? Ҳоло ки ин номаъқулӣ муқтазои табиъаташон буда, оё маъқултар он нест ки он номаъқулиро дар хонаҳояшон кунанд ва касеро коре ба корашон набошад?

Т.Р.:
- Аксарият ин гуна амалҳоро интиқод мекунанд вале қисме дар он ақидаанд, ки ин мушкилоти ҷомеъа асту онро бояд расонагӣ кард. Дар ин маврид чӣ мегуед?
- Бибахшед, вале зиндагии хусусии чанд ҳамҷинсгаро чӣ рабте ба ҷомеъа дорад ки мушкили он бошад? Масалан маро чӣ кор аст бо ду ҳамҷинсгаро ки мехоҳанд «андар якдигар биспузанд»? Мушкил барои ҷомеъа замоне вақте мешавад ки онҳо дигаронро, аз ҷумла кудакону наврасонро дар доми худ андозанд. Онгок вокеъан мушкил мешавад ва рафторашонро бояд расонаӣ карду бар дорашон овехт, то ҷомеъа аз шаррашон дар амон бошад.


Davlat-khan Azizov:
- Бояд дар ин маврид ВАО нависанду интиқод кунанд. Вале танҳо бо як интиқод ин мушкили чомеъа бартараф намешавад. Мебояд аз интиқоди ин гуна мавзуъҳо , ВАО ба таблиғи тарзи хаёти солим машғул шаванд.

Абубакри Файзали:
Ба ҳеҷ ваҷҳ мақбул нест ва ин як амали нангин аст барои миллати мо. Ростӣ, миёни тамоми миллатҳо айбҳоеву навоқисе вуҷуд доранд, аммо чӣ лозим ин ҳамаро ба маърази ом гузоштан ва ба ин васила онро тарғиб кардан, ҳеҷ намефаҳмам. Беҳтар мебуд дар Тоҷикистон ин амал қонунӣ мамнуъ эълон ва ҷиноят ҳисобида мешуд. Хомўшии мардум ва ё масъулин дар ин росто оқибати ногуворе барои миллат хоҳад дошт.

 

Последнее изменениеПонедельник, 12 Январь 2015 14:30
Наверх