14 Декабря 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Люблино:1- Кӣ сохту кӣ тохт? Избранное

Люблино:1- Кӣ сохту кӣ тохт?

 

Ҳодисаҳои Маркази савдои «Москва», воқеъ дар минтақаи Люблинои Москва, ки рӯзҳои 20 – 21-уми сентябр шуда гузашту оқибатҳои он то ҳол таъсири худро дорад, то кадом андоза осебпазир будани муҳоҷирони тоҷик дар Русияромуайян намуд. Мурод аз навиштаи мо гунаҳгор кардани нафаре (барои ин мақомоти салоҳиятдор мавҷуданд) нест. Балки мақсадамонҳушдор додани ҳар нафаре, ки худ муҳоҷири тоҷик аст, ё бо муҳоҷирони кишвари мо алоқамандие дорад.

Ҳанӯз соли 2014 дар навиштае таҳти унвони «Митинги муҳоҷирони тоҷик. Мешавад, ё не?» аз зуҳуроти чунин амалу оқибатҳои он ҳушдор дода будам. Вақт нишон дод, ки то ин фурсат чизе тағйир наёфтааст, баръакс, муҳоҷирони мо аз он ҳодисаҳо ибрате нагирифта будаанд. Умедворам, навиштаи ин навбатинаи ман аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Соли 2014 ҳангоми баррасии ин ҳодисаҳо дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣноми Каромат Шарипов – роҳбари Иттифоқи касабаи муҳоҷирони СДММ (СНГ) дар сархати хабарҳо ҷой гирифт. Мо бо Каромат Шарипов вохӯрда, хостем муайян намоем, ки ин навбат номбурда чӣ нақше бозидаанд. Инак фишӯрдаи суҳбати мо:

   -Каромат Бақоевич, ходисаҳои назди бозори Люблиноро, аниқтараш – Маркази савдои «Москва», ки дар ҳамон ҷой ин бозор ҷойгир асту барои осон шуданаш «бозори Люблино» мегӯянд, таҳқиқ намуда истодаем. Қисми зиёди мардум аз ин ҳодиса тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, асосан Фейсбук, дарак ёфтанд. Аввалин маротиба дар Фейсбук мавод, ё худ пости Иззат Амон буд ва бо иҷозати Шумо онро мехонам:

"SOS SOS SOS

Чанд лаҳза қабл ба мо хабар расид, ки кормандони бехатарии бозори Люблино муҳоҷири тоҷикро лату кӯб кардаанд. Ёрии таъҷилӣ омада муҳоҷири дар набзи ҷон қарор доштаро гирифта ба самти номаълум бурда аст.

Гурӯҳи зиёди муҳоҷирон, коргарони бозори Люблино ҷамъ омада, дар даст яроқу аслиҳа мехоҳанд бо кормандони бозор ҷанг кунанд.

Аз дӯстон хоҳиш, агар касе шумораи Ҳоҷи Самад, калони бозорро медонад ин ҷо бикорад то мо бо у тамос гирем. Танҳо у метавонад монеъи хунрезӣ гардад.

Хеле хоҳиш!!!

Дӯстон лутфан навиштаро ба сафаҳоятон бикоред. Бо сипос."

Шумо инро хонда будед албатта?

-…

- Баъд бо Иззат тамос гирифтед?

-Баъдтар.

- Аслан Шумо аз ҳодисаҳои Люблино аз куҷо хабар ёфтед?

- Тахминан соатҳои 16-17 (20 сентябр), аввалин шахсе, ки ба ман занг зад ин Назаров буд.

- Биёед сари маводи Иззат Амон дар “Фейсбук” биёем, чунки қисми зиёд аз ҳамон ҷой фаҳмиданд.

- Ин баъдтар буд.

- Баъди пайдо шудан Шумо ин маводро хондед?

- Баъд, рӯзи 21-ум. Ҳодиса рӯзи 20-ум рух дода буду аввалин нафаре, ки ба ман хабар дод, ин корманди сафорат буд.

- Маводи дуввуми Иззат Амон:

"Қолу инна лиллаҳи ва инна илайҳи роҷиун.

Барои писарбачаи аробакаше, ки аз дасти золимони бозори Люблино кушта шуд, дуо кунед.

Ҳамин ҳоло хабар расид, ки ҷон ба ҷонофарин супоридааст.

Аз ҳама ҷавонмардони тоҷик даъват мекунам, фардо соати 12 дар бозори Люблино ҷамъ оянд.

Хунро бо хун мешӯянд.

Илтимос бародарон пахш кунед" .

Ин маводи дувуми Иззат Амон буд, ки худи ҳамон шаб дар Фейсбук пайдо шуду дар асоси ин пост сомонаҳо ахборот пахш карданд. Мо инро муайян кардем. Муҳим ин ҷумла: «фардо соати 12 дар бозори Люблино ҷамъ оянд». Аслан Шумо ин маводро хонда будед?

- Хонда будам.

- Ҳамон бегоҳ?

- Ҳа.

- Бо Иззат Амон тамос гирифтед?

- Дар қисми дуввуми рӯз…

- Дуввуми рӯзи..

- 21-ум.

- Баъди гузаштани ҳамаи инҳодисаҳо тамос гирифтед?

- Бале.

- Як чиро муайян намоем?. Вақте ки, ана бигӯем як намояндаи диспораи тоҷик, ё ки ҳомии ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар Фейсбук, маводе менависаду мардумро ба хун даъват мекунад, Шумо инро нодида гирифта, бо ӯ тамос намегиред?

- Сабаб дошт. Сабаб он, ки 90% навиштаҳои Иззат Амон бардурӯғанд. Ӯ мегуфт, ки дар саҳифааш дигарон менависанд, аз ин хотир лозим нашуморидам.

- Бигзор ки Шумо ба Иззат бовар накардед. Вале сомонаҳо аллакай аз ҳалокати писарбача хабар доданду дар ин ҳолат ҳам Шумо…

- Санаи 21 –ум хабар дар «Азия Плюс бо ишора ба ВКД пайдо шуду ман хондам.

- Мехостам иштироки Шуморо дар ин ҳодиса бифаҳмам.

- Ман дар ин ҳодиса иштирок накардам.

- Шумо дар он ҷой набудед?

- Маро ба бозор умуман намемонанд.

- Дар наздикии бозор ҳам набудед? Назди бачаҳои тоҷик будед?

- Не.

- Аз гуфтаҳои Шумо бармеояд, ки  ҳамчун яке аз фаъолони ҷамъияти тоҷикон чамъшудани бачаҳои тоҷикро нодида гирифтед?

- Бале.

- Чаро?

- Сабаб он аст, ки аз сафорат то бозор мегуфтанд, ки пайдошавии Каромат Шарипов ба кушодани ҷинояти нав бурда мерасонад. Аз таҳлили соли 2014 худ медонед, ки дар бозори «Садовод» чӣ шуда буд.

- Аз ҳамин ҷо савол пайдо мешавад. Аз як тараф, ҳангоми суҳбатҳо мегӯед, ки тарафдорони зиёд доред. Ҳоло бошад, иқрор мешавед, ки баъди суҳбат бо намояндагони сафорат Шуморо нодида мегиранд…

- Ҳамаи ин сабаб дорад. Бояд бигӯям, ки сабаби асосӣ тарс аст. Вақте метарсед бо сафорат ҳамкорӣ мекунеду бо золимони бозор ба созиш меравед.

- Тарс? Танҳо ҳангоми тарс?

- Нисбати аробакаш, нисбати муҳоҷират онҳо тарс доранд. Онхо мехоҳанд адолатро бифаҳманд, онхо мехоҳанд, кӣ будани Каромат Шариповро…

- Метавонам хулоса барорам, ки ором намудани мардум ба манфиати Шумо набуд?

- Чӣ хел фаҳмам?

- Ҳозир худ иқрор шудед, ки он ҷой набудаед, мардумро ором накардаед

- Охир ин бозор аст, қариб 3,5 ҳазор аробакаш дорад…

- Гап сари тазоҳурот меравад, вақте мардум ҷамъ шуданд.

- Мардум аз худи бозор буд.

- Бисёре расонаҳо иттилоъ доданд, ки мардум натанҳо аз бозор буданд. Шахсан ман бо чанд нафар суҳбат намуда фаҳмидам, ки аз дигар шаҳрҳо низ бачаҳо омадаанд.

- Мумкин наздикони бачаҳои бозор омада бошанд, вале онҳо аз як-ду фоиз зиёд набуданд.

- Саволи дигар. Дар мавриди фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар бозорҳои Москва бигӯем, на танҳо Шумо, балки коршиносони зиёд дар он ақидаанд, ки усули корбарии онҳо аз бозори Черкиз мерос мондаасту он аз ҷониби иддае то ҳол самаранок истифода мешавад. Бояд розӣ шавед,ки сардорони тоҷикҳо дар ин бозор - «бригадирҳо», танҳо чавобгӯи талаботи шаҳрвандони мо ҳастанду усули корбариро дигар кардан наметавонанд?

-Ҳа.

- Ҳангоми таҳқиқ муайян шуд, ки ҳодисаҳои Люблино бори аввал нест. Ҳодисаи назди бозори Садовод-ро ба хотир биёрем.Ҳарчанд он баробари Люблино нест, вале дар ҳудуди камтар рух дода буд. Таксистҳои тоҷик ҷамъ шуда буданд, Шумо низ дар он ҷой будед, дар хотир доред албатта?

- Ҳа.

- Он вақт низ бисёр расонаҳо аз митинги тоҷикон хабар дода буданд. Агар хато накунам, Шумо ба Ҳукумати Москва дархост низ дода будед...

- Бале, барои иҷозату муайян намудани ҷой.

- Бубинед, ҳамин ҳолати имрӯза, ҷамъшавии бачаҳои тоҷик, эълони митинг… Вале баъди соли 2014 як чиз зоҳир гашт: соли 2015 Ҳоҷӣ Ҷаббор - ҳозира сардори тоҷикони “бозори Садовод”-ро Шумо пешбарӣ намуда, ба ин кор мондаед?

- Бояд қайд намоям, ки пешниҳоди номзадии Ҳоҷӣ Ҷаббор аз тарафи роҳбарияти худи бозор буду мо онро дастгирӣ намудем.

- Ҳангоми таҳқиқи сомонаатон мушоҳида мешавад, ки аз соли 2015 Шумо ба муҳорибаҳои омехта шавқ пайдо кардаед?

- Бале, сабаб ин куштори зиёди муҳоҷирон аз тарафи скинхедҳо буд ва баъди равнақи ҷисмонӣ ёфтани бачаҳои тоҷик чӣ қадар ин кушторҳо кам шуданд.

- Ва яке аз чунин клубҳо - «Акбар»-ро Ҳоҷӣ Ҷаббор сарпарастӣ мекунаду Шумо дар сомонаатон дар ин бора менависед…

- Чӣ хел равнақи варзишро дастгирӣ накунем?!

- Акнун биёед хулоса барорем. Дар бозорҳо усули кор як хел, аз сардорони точик чизе вобаста нест, вале Шумо, баъди соли 2014 дигар бозорҳоро нодида мегиреду “бозори Люблино” ва сардори тоҷикони он – Ҳоҷӣ Самадро зери тозиёнаи танқид гирифтаед. Рӯирост бигӯем, таҳти фишор қарор додед. Ба фикри Шумо, агар Ҳоҷӣ Самад аз бозор барканор шавад, аҳволи муҳоҷирони тоҷик тағйир меёбад?

- Албатта. Агар аз тарафи сафорат боз пайдо нашаванду рӯи кор наоянд.

- Вале мо мантиқро гум мекунем. Гуфтем, ки дар ҳама бозорҳо шароити муҳоҷирони тоҷик якхела асту аз «бригадирҳо» вобастагие надорад...

- Дорад.

- Чӣ хел?

- Аз бозори “Садовод” ҳар нафар метавонад ба офиси Каромат Шарипов биёяду шикоят кунад, Каромат Шарипов метавонад ба бозор бемамониат дарояд...

- Танҳо…

- Ҳоҷӣ Самад дар даст сабте дорад…(ин ҷой Каромат Шарипов рӯйдодҳоеро овард, ки боиси баҳси мо гашт. Оиди ин масъала хонанда, муфассалтар ва бо осони аз сомонаи www.tajmigrant.com метвонад биёбад. Г.В.).

- Биёед дигар хел саволгузорӣ мекунем. Дар бисёр баромадҳоятон гуфтаед, ки дар бозори Люблино сохти ғуломдориву истисмори бачаҳои тоҷик вуҷуд дорад. Вале дар чанд навор бачаҳо мегӯянд, ки барои аробкаш шудан дар бозор бояд 50 ҳазор рубл пора диҳӣ

- Мо 25 ҳазор фаҳмидем.

- Нафаҳмидам, ин чӣ гуна ғуломдорӣ будааст, ки мардум пул дода ғулом мешудааст?

- Ғулом ҳар хел мешавад. Ғуломе ҳаст, ки занҷирбанд аст, ғуломе ҳаст, ки аз сухан гуфтан маҳрум аст. Ин ғуломиҳо аз ноилоҷӣ. Агар қарз карда бошад ҳам, пул дода ба кор надарояд, дар кӯча мемонад. Онҳо фикр мекунанд, ки наметавонанд сохтмончӣ, ё олим шаванд. Чаро молдавану қирғизҳо аробкашӣ намекунанд? Мо номусро гум кардаем.

- Биёед ҷамъбаст намоем. Атрофи ин қазия чӣ дар расонаҳои ватанӣ ва чӣ хориҷӣ, сару садои зиёд баланд шуд. Фикри мардуми таҳҷоӣ маро дар ҳайрат гузошт, латукуби муҳоҷири тоҷик як тараф монду ҳама дар бораи митинги тоҷикон гап заданд. Фикр дорам, ин нуфузи моро хеле поён бурд. Тааҷҷубовар он буд, мардуми таҳҷоӣ, ки  ҳатто ба сагу пишак дилсӯзанд, латукуб шудани нафареро нодида гирифта танҳо дар бораи митингу аз худ рафтани тоҷикон ҳарф мегуфтанд.

- Саг соҳиб дорад, барои ҳамин дилсӯзӣ мешавад. Миллати мо не.

- Ба фикрам маро нодуруст фаҳмидед. Далели латукуб шудани тоҷик як тараф монду ҳама аз митинг гап заданд. Ва ба фикри ман, митинг ба зътибори тоҷикон, ки дар Русия буду бош доранд, латна зад.

- Давлатро дар миллат мебинанд, давлатро дар забону фарҳанги вай мебинанд ва давлатро дар шумораи халқаш мебинанд. Баъди истиклолият, дар Русия миллати мо дар ҳолати вазнин буд ва мардуми таҳҷоӣ моро нағз намедиданд. Оқибат ҷомеаи тоҷикон пайдо шуд, бо сафорату диаспораи тоҷикон. Агар ҳамин хел рафтан гирад, ин миллат соҳиби забону фарҳанги худаш шавад, ин роҳ ба Ҳукумати Тоҷикистон маъқул наафтод. Роҳи онҳо дигар буд. Дар бисёр маъракаҳое, ки иштирок мекунам, мегӯянд, ки тоҷиконқудрати худро нишон доданд. Ин танҳо як машқ буд. Даъфаи дигар, ман мегӯям, дар он ҷой тазоҳурот кардан лозим нест, ҳазор, якуним ҳазор, ё ду ҳазор ба сафорат раведу аз сафир пурсед...

- Аз рӯи гуфтаҳои Шумо бармеояд, ки бароятон муҳим нест мардуми таҳҷоӣ дар бораи мо чӣ фикр мекунанд?

- Шумо мардуми таҳҷоии Москва гуфта, киро дар назар доред? Ман бо москвагиҳо суҳбат кардам, онҳо инро хуш пазируфтанду гуфтанд, ки шумо тоҷикон сарҷамъед.

Ҳангоми суҳбат бо Каромат Шарипов сари бисёр масъалаҳо баҳс намудем ва вақти зиёдро ун нафар ба фаъолияти Ҳоҷӣ Самад – сардори муҳоҷирони тоҷик сарф намуданд. Аз ин хотир бо ин нафар низ вохӯрда атрофи ин қазия суҳбат намудем. Ва агар оғои Шарипов аз сухан бою ҳангоми суҳбат он касрочанд маротиба сари мавзӯъ оварда бошам, Ҳоҷӣ Самад камсухану хеле ором буд. Ӯ гуфтаҳои Каромат Шариповро инкор намуда,изҳор дошт, ки аз аввали ҳодиса дар он мавзеъ буда, он шаб назди ҷамъшудагон баромада кӯшиш намудааст, ки онҳоро ором намуда, хона ба хона равон намояд. Инчунин, аз рӯи гуфтаи Ҳоҷӣ Самад шаби 20-ум дар байни ҷамъшудагон қариб, ки тоҷикони бозори Люблино набудаанд.

Атрофи масъалаҳои иқтисодӣ бошад, номбурда гуфтаҳои болоро (усули корбарӣ) тасдиқ намуда, иқрор шуд, ки танҳо раҳбарияти тоҷиконро дар бозор ба уҳда дораду салоҳияташ бисёр маҳдуд аст. Нисбати таҳти фишори Шарипов қарор гирифтанашро маънидод намуда, изҳор дошт, ки ба ин мавсуф ягон ғарази шахсӣ надорад. Аз рӯи гуфтаҳои Ҳоҷӣ Самад, бо масъалаҳои бозори Люблино бо оғои Шарипов се маротиба вохӯрда,ҳар се вохӯрӣ бе натиҷа анҷомидааст.  Каромат Шарипов дар ҳар се вохӯриаш як пешниҳод доштаст: бояд ҳамаи тоҷикони бозор (анқариб 5000 нафар) аъзои созмони Каромат Шарипов шаванду ҳармоҳа 500 рублӣ аъзоҳаққӣ супоранд. Ҳоҷӣ Самад гуфтааст, ки ин қобили қабул несту ягон нафарро ташвиқот намекунад, зеро аъзои ягон созмон шудан ихтиёрист.

Камтар пештар рафта, қайд мекунем, ки ҳангоми тамоси телефонӣ Каромат Шарипов шарти аъзоҳаққии ҳармоҳаи 500 рублиро инкор намуда гуфт:

- Ман танҳо пешниҳод намудам, ки 500 рублӣ барои равон намудани фавтидагони мо ҷамъ кунанд. То кай мо барои ҷасадравонкунӣ дар масҷидҳо маблағҷамъ мекунем?

Давом дорад.

Ғуфрон Ваҳобов.

Наверх