29 Апреля 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Воқеъиятро дар муқоиса метавон шинохт Избранное


Ба кишварҳои зиёде сафар кардаам, бо намояндагони миллатҳои гуногун ва табақаҳои мухталиф ҳамсуҳбат шудаам. Аммо ҳар куҷое ки нарафтам, новобаста аз сатҳи тараққиёти он, зеботар, оромтар аз Тоҷикистон кишваре надидам.
Сад афсус ки на ҳама ин нафосату ободии Тоҷикистонро қабул доранд. Ва ин ҳам табиист. Барои зебоию ободии онро дидан дили пок ва пур аз меҳру муҳаббати Ватан бояд дошт. Агар бо чашми каҷу қалби пурғараз ҳатто ба осмони пурситора нигоҳ кунӣ, он ситораҳо дар назарат тира метобанд.
Манзури ман чист? Ман шоир ё нависанда нестам. Аммо чун дигар мардум гуфтаниҳое дорам,ки агар онро нагӯям, шояд рӯзе пушаймон шавам. Ман ошкор мегӯям: Зидди хусумату бадбинӣ ва тафриқаандозию ифротгароиям. Медонам, ки ин суханҳои умуманд, ки шояд ҳар рӯз аз тариқи рузномаю маҷалла хонед ва ё аз садою симо шунавед. Аммо дарди ман дигар аст.
Маро он бародарону хоҳарони ман, ки дар зери ливои "хизмат ба ислом" ба ҳизбу ҳаракат ва гуруҳҳои ифротӣ мепайванданд, сахт ба ташвиш меоварад. Аксари ин ҷавонон, шояд аз оддитарин меъёрҳои дини мубини ислом хабар надошта бошанд, шояд ҳатто дуруст намоз хондану руза гирифтанро надонанд, шояд ба гуфти гузаштагон “алиф”-ро аз «бе» фарқ карда натавонанд, вале чунон ба таассуб ғутавар шудаанд, ки агар сари вақт аз ин ботлоқ берун наоянд, шояд ба гирдоби ҳалокат гирифтор шаванд.
Онҳо ҳатто намедонанд,ки ислом чун дини умумибашарӣ дур аз ҳар гуна ифроту таассуб аст. Ислом дини созанда ва ба ҳам оваранда аст.
Ман суханони сафири давлати Сурия дар Маскав доктор Риада Ҳаддадро дар як конфронс мисол меорам. Сафир дар ин чорабинӣ баён дошт: “Таҳқиқи амиқи ифротгароӣ ва алоқамандии он бо ислом моро водор месозад, ки бар сарчашмаҳои пайдоиши он назар кунем. Мувофиқи маълумотҳои бойгонӣ, ифротгароӣ аз асри 18 оғоз ёфтааст. Он замон хадамотҳои махсуси Британия ҷосусони худро ба Константинопол барои таҳқиқи ҷамъияти Хилофати Усмонӣ бо мақсади барҳам задани сохти давлатҳое, ки тобеи ин хилофат буданд, фиристоданд. Яке аз ин ҷосусон бо номи Сэр Хемпфор ба Муҳаммад бин Абдулваҳҳоб, ки таъсисдиҳандаи равияи Ваҳҳобия буд, наздик мешавад. Равияи Ваҳҳобия усулҳои бунёдии дини мубини исломро доир ба сабру таҳаммул таҳриф месохт. Қадами дигар ин истифодаи дин ва давлат буд. Дар асоси манфиатҳои сиёсии Британия, ки дар заминаи саъю талошҳои Муҳаммад бин Абдулваҳҳоб, талоши Муҳаммад Саъуд барои расидан ба ҳокимияту низоми тоталитарӣ ва саъю талоши Британия барои сохтани давлати динӣ, ки бар асоси куштору терор сурат гирад, бояд амалӣ мешуд. Аз ҳамон замон инҷониб, хадамотҳои махсуси Ғарб барои сиёсӣ кардани дин ва дар минбаъда истифода намудани он барои манфиатҳои колониалӣ истифода мебаранд.

Масалан, созмони ""Ихвон-ул-муслимин", ҳамчун ташкилоти динӣ, бевосита аз пуштибонии хадамотҳои
махсуси Британия бархурдор буд ва баъдтар вазифаи пуштибониро хадамотҳои Амрико ба уҳда гирифтанд”.
Яъне ҳар як ҷараёну равия ва ҳизбу ҳаракате, ки имрӯз бо номи ислом ва бо истифода аз номи он таъсис меёбад, аз пуштибонии хадамотҳои ҷосусии хориҷӣ бебаҳра нест. Ғарбиён тавонистанд бо истифода аз сатҳи пасти ҷаҳонбинии динию дунявии кишварҳои мусалмоннишин, тавсиаи ҷаҳолату хурофот ва таассуб, ки аз сарчашмаҳои дини мубини ислом фарсаҳҳо дур аст, ифротгароиро чун як падидаи динӣ нишон дода, давлатҳои зиёдеро ба харобазор табдил диҳанд. Давлати бузургу пешрафтае чун Либия дар натиҷаи манфиатхоҳию ҷудоиандозии гуруҳҳо ва хиёнату пойбанди хадамотҳои махсуси хориҷӣ шудани гуруҳҳои ифротгаро ба хоку хун оғӯшта шуда, низоми давлатдории он пурра аз байн рафт.
Барои мисол чанд намунае меорам аз ҳаёти пеш аз ҷангии Либия, то худ қазоват кунед:
То замони ҷанг, мардуми Либия аз қувваи барқ, маорифу хизмати тиббӣ бепул истифода мебурд. Хӯрокворӣ низ қариб ройгон буд. Масалан, 40 дона нон ҳамагӣ $0.15 қиммат дошт. Либия на танҳо қарзи берунӣ надошт, балки захираҳои он беш аз 150 миллиардро ташкил мекард, ки имрӯз дигарон аз он баҳраманд ҳастанд. Навхонадорон 50 000 доллар аз давлат кумаки бебозгашт мегирифтанд. Аммо носипосию таассуб ва курнамакии бархе аз шаҳрвандони ин кишвар боиси он шуд, ки акнун ба як нони бо сад миннат медодаи хориҷиён муҳтоҷанд. Хориҷиён аз ин бенизомиҳои кишвар истифода бурда, ҳарчӣ бештар ғаниматзои онро ба давлатҳои худ интиқол медиҳанд, духтарони маҳаллиро барои мақсадҳои шаҳвонӣ истисмор мекунанд ва мардуми бумиро бар ивази маблағи ночизе шабонарӯз кор мефармоянд.
Магар бӯи хунҳои рехтаи солҳои навадум дар Тоҷикистон аз димоғҳо рафтааст? Магар осон буд як кишвари қариб аз байн рафтаро аз нав барқарор кардан?! Мардуми чун душмани ашаддӣ бо ҳам барангехтаро якҷо ҷамъ овардан?! Чӣ қадар кӯдак аз падар ҷудо шуду чӣ қадар духтари покдоман беномус?!
Магар бас нест боз баҳона кофтану фитна барангехтан?
Онҳое ки бо истеҳзою ришханд ин сатрҳоро мехонанд ва боз барои амалӣ сохтани нақшаҳои сиёҳи худ ҷавонони гумроҳу соддаро ба доми фиреб меафкананд, бояд донанд,ки замоне худ дар ин гирдоб ҳалок хоҳанд шуд.

М. Мақсадшо,
ховаршинос.

Другие материалы в этой категории: « Ҳайфи ҷавонони гумроҳ Бетарафӣ нобахшиданист! »
Наверх