22 Ноября 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Ҳайфи ҷавонони гумроҳ Избранное

Ҳайфи ҷавонони гумроҳ

Чанд рӯз пеш шоҳиди амали навбатии иғвоангези як гурӯҳи ҷавонони гумроҳи тоҷикро дар шаҳри Прага дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар будем. Ин амали тудаи хурди тоҷикон суоле ба миён овард, ки чаро ин ҳамватанони мо дар кишварҳои Аврупо чунин тазоҳуротро анҷом медиҳанд? Оё сабаби ин намоишҳо кушиши ҳифзи озодиҳои сиёсӣ ва сухан бошад ё барномаи таҳрезишудаи ҳоҷаҳои хориҷӣ ва ё манфиатҳои шахсии ин афрод бошад?
Дар ин маврид ба ин гумроҳон бояд хотиррасон кард, ки озодиҳои сиёсиро аз ҷинояткорӣ фарқ кунанд. Ҳангоме, ки яроқ ба даст бо роҳи зуроварӣ кушиши сарнагун кардани сохти конститутсиониро анҷом медиҳанд, ин ҷиноят, экстримизм ва терроризм ном дорад ва ба озодиҳои сиёсӣ рабте надорад. Чи дар кишварҳои Аврупо ва чи дар кишварҳои Осиё чунин афрод ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳизби мамнӯи наҳзати ислом даҳсолаҳо дар кишвар фаъолияти фаррохи сиёсии худро озод ба роҳ монда буд, то он даме, ки даст ба ҷинояти вазнин заданд. Умуман агар ба фаъолияти он ашхос назар афканем, ки онҳоро имрӯз ба ном ҳомиёни ҳуқуқи инсон “зиндонии сиёсӣ” ном мебаранд, мо пай мебарем, ки ҳамаи онҳо даст ба ҷиноятҳои гуногун задаанд. Баъд аз он, ки фаъолияти ҷиноятии онҳо фош мегардад, онҳо зуд ба қурбони нақзи озодиҳои сиёсӣ мубаддал мегарданд. Айни замон дар кишвар ҳизбҳо ва афроди зиёде фаъолият доранд, ки нуқтаи назари онҳо аз мавқеи расмии Ҳукумат фарқ мекунад ва онҳо дар васоити ахбори омма ва дигар маҳфилҳо андешаҳои худро озод баён менамоянд.
Боз як нуқтае, ки ин эътирозгарон ҳамеша қайд мекунанд, гӯё дар Тоҷикистон озодии матбуот ва сухан вуҷуд надорад. Агар чунин бошад, пас чи тавр даҳҳо расонаҳои иттилоотии мустақил дар кишвар фаъолият доранду дар бисёр мавридҳо фаъолияти вазорату идораҳо, мансабдорони давлатиро танқид мекунанд. Озодии матбуот ва ҳифзи амнияти фазои иттилоотӣ дар тамоми кишварҳои пешрафта тавассути қонунгузорӣ танзим мегардад. Барои мисол фаъолияти “Радиои Озодӣ” дар асоси қонуни ИМА дар қаламрави ин кишвар манъ карда шудааст, вале ягон ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон эътирозе баён намекунад. Яке аз рукнҳои асосии низоми демокоратӣ ин волоияти қонун ба ҳисоб меравад ва расонаҳои иттилотӣ ва рузноманигорон бояд меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти касбиро риоя кунанд.
Албатта дар бораи масъалаҳои матраҳшуда метавон зиёд сухану далел овард, вале масъала сари он аст, ки чаро ҷавонони мазкур ба ин роҳ мераванд?
Ба касе пӯшида нест, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои пиёда кардани манфиатҳои худ дар ин ё он минтақаи ҷаҳон ҳамеша дар ҳолати рақобат қарор доранд. Инчунин маълум аст, ки барои ин қудратҳо тақдири халқҳо ва давлатҳо аҳамияте надорад, танҳо манфиати хеш аз ҳама воло меистад. Мисоли рушани ин гуфтаҳо вазъияти даҳшатовари давлатҳо ва мардумони кишварҳои Ховари Миёна ба монанди Сурия, Ироқ ва ғайра мебошад.
Бад ин васила метавон хулоса кард, ки ин ҷавонони тазоҳургар бозичаи дасти мақомоти вежаи ин қудратҳо мебошанд ва барномаҳои тарҳрезишудаи онҳоро пиёда менамоянд. Ҳатто дарк намекунанд, ки ин бозиҳо метавонад ба кадом ҳолат оварда расонд. Аз тарафи дигар шояд он ба ном “ҳомиёни ҳуқуқи инсон” ин масъаларо дарк кунанд, вале чораи дигар надоранд. Зеро онҳо дар кишварҳои Аврупоӣ барои гирифтани паноҳандагии сиёсӣ ҷиҳати иқомат ва гирифтани маблағҳои муайяне муроҷиат кардаанд ва бояд бо роҳи гузаронидани чунин тазоҳуротҳо мақоми худро дар назди ин кишварҳо исбот намоянд. Пас маълум мегардад, ки зери пардаи ҳомиёни ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ манфиатҳои шахсии ин нафарон аён мешавад.
Ба ин нафарон муроҷиат карда, гуфтаниям, ки агар вазъияти имрӯзаи фоҷеавии мардумони Ховари Миёна барои шумо дарс набошад, ҳадди аққал вазъияти Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузаштаро ба ёд оваред. Он даҳҳо ҳазор хонаҳои валангоргашта, зиёда аз сад ҳазор шаҳид, навбатҳои беохир барои дастрас кардани нон ва бисёр даҳшатҳои дигарро магар фаромуш кардед.
Имрӯз Тоҷикистон бо вуҷуди тамоми мушкилиҳои мавҷуда пайваста рушд меёбад, бунёди роҳҳо, нақбҳо, иншоотҳои энергетикӣ, корхонаҳои саноатӣ, мактабу беморхонаҳо босуръат ҷараён доранд. Аз ҳама муҳим Ҳукумати Тоҷикистон якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботро таъмин намуд. Чунинад арзишҳои волотарин барои мардуми мо ва бояд ҳар як фарди ватандӯст ин арзишҳоро мисли гаҳвараки чашм муҳофизат кунад.

Расул Абдулқодиров, Номзади илми фалсафа, Узви Шӯрои ҷамъиятии Сафорати ҶТ дар ФР

Последнее изменениеЧетверг, 15 Декабрь 2016 15:33
Наверх