Logo
Версия для печати

Иттиҳоди гумрукӣ : Оё Тоҷикистон роҳи дигар дорад? Избранное

Иттиҳоди гумрукӣ : Оё Тоҷикистон роҳи дигар дорад?

23-уми декабр дар шаҳри Маскав бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ва дигар сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ҷаласаи Шӯрои ин созмон доир гардид, Лозим ба ёдоварист, ки дар ин ҷаласаи СПАД Тоҷикистон аз Русия зимоми раёсат дар ин созмонро барои як сол ба даст гирифт ва ин ҷаласа таҳти раисии Эмомали Раҳмон доир шуд ва дар он, тибқи иттилои расмӣ, 20 масъала баррасӣ шуд, ки мазӯҳои меҳварии он масоили вобаста ба таҳкими ҳамгироӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои кории созмон ва кишварҳои аъзо, аз ҷумла нерӯҳои муштараки низомию махсус ва нерӯҳои посдори сулҳ, такмили механизмҳои истифода аз нерӯҳои муштарак, кӯмак ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва ҳамчунин омодагӣ ба истиқболи ҷашни 70-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буданд. Ҳамчунин сарони кишварҳои узви СПАД таваҷҷуҳи асосиро ба пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ки солҳои охир хатари он ба минтақаи масъулияти СПАД, пеш аз ҳама дар Осиёи Марказӣ хеле афзудааст, зоҳир карданд.
Баъди анҷоми ҷаласаҳои васеи ҳайатҳои кишварҳои узви СПАД Эмомалӣ Раҳмон ва Николай Бордюжа, Муншии кулии СПАД, барои изҳороти якҷояи расмӣ назди хабарнигорон омаданд.
- Тоҷикистон барои афзун намудани неруи сулҳомези СПАД, баррасии масъалаи истифодаи самарабахши қувваҳои дастаҷамъи Созмон ҳангоми ҳалли вазифаҳои мухталиф, таҳкими танзими ҳамкории хадамоти наҷотдиҳанда дар ҳолатҳои фавқулодда якҷоя бо шариконаш дар Созмон саъю кӯшиш менамояд, - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороташ ба намояндагони ВАО.
Аммо, бо вуҷуди он ки президенти кишвари мо авлавиятҳои минбаъдаи СПАДро дар замони як соли ояндаи роҳбарии Тоҷикистон мушаххас изҳор дошт, аз чӣ бошад, ки Котиби генералии СПАД Николай Бордюжа, бе ягон сухан аз толор берун шуд...
Дар ҳамин ҳол таваҷҷӯҳи бештари хабарнигорон ба мавзӯи васеъшавии Иттиҳоди гумрукӣ ва баъдан Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё равона гардида буд. Дар ин рӯз Арманистон дар ҷаласаи Шӯрои Олии Иттиҳоди иқтисодии Авуросиё узви комилҳуқуқи он эълон гардида, муроҷиати Қирғизистон барои узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ пазируфта шуд. Акнун то баҳори соли 2015 ба Бишкек мӯҳлати мутобиқсозии асноду қонунҳои дохилиаш барои узвият ба ин созмон дода шуд.
Ин дархости Бишкек барои шомил шудани Душанбе ба ин иттиҳод роҳро боз кард. Ҳарчанд мақомоти тоҷик бо таври дипломатӣ эълон медоранд, ки ин кишвар дар ҳоли омӯхтани пешниҳод барои пайвастан ба ин созмон буда, баъди анҷоми пурраи омӯзиш мавқеи худро мушаххас хоҳад кард, аммо коршиносон мегӯянд, шомил шудани Бишкек ба ин иттиҳод дастони Маскавро боз кард, то Душанбеи расмиро, ки то ин дам мавҷуд набудани роҳи бевоситаи пайваст бо кишварҳои узви ин иттиҳодро ҳамчун «қартаи асосӣ» барои худдорӣ аз пайвастан ба ин иттиҳод нигоҳ медошт, мутақоид барои пайвастан ба ин созмон кунад.
Дар ҳоле ки Бишкек баъди истодагариҳои зиёд ва аммо бо ҳимояи баъзе аз манфиатҳои миллиаш маҷбур шуд, ки ба ин иттиҳод бипайвандад ва тавонист аз Русия ҳудуди 1 млрд доллар дастгирии молӣ барои рушди иқтисодаш, пуштибонӣ дар мавриди сохтмони НБО «Қамбарота» ваъдаро соҳиб шавад.
Ва аммо коршиносон умури иқтисод мегӯянд, Бишкеку Душанбе «устухоне дар гулӯи» кишварҳои асосии созмондиҳандаи ИИ Авруосиё (ЕврАзЭС) хоҳанд шуд.
Фирӯз Саидов, коршиноси тоҷик чанде пеш ба Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки бо вуҷуди он ки эҳтимолияти мушкилафзоии Бишкек дар ин созмонро Маскав дарк мекунад, вале бо ҳадафҳои дарозмуддати сиёсӣ талош дорад, ки кишварҳои пасошуравии мушкилтараққиву дорои иқтисодиёти камрушдро шомили ин иттиҳод кунад ва аз он суди сиёсӣ бигирад.
“Сатҳи иқтисоди Қирғизистон паст аст ва аслан кишвари аграрӣ аст, ягон хел маҳсулоти бозоргир истеҳсол намекунад. Инҷо бештар сиёсат аст, на иқтисодиёт. Барои онки худи ташкили созмон барои ҳарсе аъзояш (Русия, Қазоқистон ва Белорус) фоидаи зиёд намеорад. Инҷо бештар масъалаи геополитикӣ матраҳ аст, -гуфтааст коршиноси тоҷик.
Вуруди Арманистон, ки бино ба изҳороти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва муаллифи аслии ин тарҳ, аз санаи 2 январи соли 2015 расман узви комилҳуқуқи ин созмон шинохта мешавад, низ барои Ереван чанд пуштибониро аз сӯи Кремл таъмин намуд. Мушкили рақами 1-и Ереван ин мушкили Қаробоғи Кӯҳӣ бо Озарбойҷон аст, ки «Путин ва Ко» дастгирӣ аз Арманистонро дар ин масъала, ҳамчунин интиқоли гази табии русиро ба қимати аз 260 то 189 доллар барои 1000 метри мукааб ваъда додаанд.
Яъне, то имрӯз Кремл ҳамроҳони худро дар ин иттиҳод бо ваъдаи додани чизе моил барои пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ кардан дорад ва аммо сиёсатшиносон мегӯянд, паси ин ваъдаҳо манфиатҳои бештар -пурзӯр кардани мавқеъ дар арсаи ҷаҳонӣ пинҳон аст.
Дар мавриди Тоҷикистон ҳатто бархе аз коршиносони умури сиёсату иқтисод аз истифода шудани абзори зурӣ аз сӯи Русия низ ҳадс мезананд. Бисёриҳо мегӯянд, бо ин вуҷуд, ки Русия барои шомил шудани Арманистону Қирғизистон пуштибониву кӯмакҳои иқтисодӣ ваъда кард ва ҳатто ба Ӯзбакистоне, ки на шомили СПАД ва дигар созмонҳои минтақаие, ки бо ташаббуси Кремл ташкил шудаанд, мебошад, барои таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ барои кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ қарзи беш аз 800 млн. долларашро бахшид, дар сурати ба дарозо кашида шудани ин масъала аз ҷониби Душанбе, аз абзори зурӣ ва аллакай дар чунин ҳолатҳо истифодашуда-муҳоҷирин истифода хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол коршиносони тоҷик шомилшавии Тоҷикистонро ба ин иттиҳод ногузир медонанд, ва мегӯянд, ки ҳарчанд Душанбеи расмӣ ҳанӯз мавқеашро дар ин росто рушан накарда, танҳо ба омӯзиши ин пешниҳод машғул аст ва таври дипломатик «мавқеамонро баъди омӯзиши пурраи масъала равшан хоҳем кард» мегӯяд, аммо ба ҳамагон маълум аст, ки дар асл Душанбе хоҳиши шомил шуданро ба ин масъала надорад.
Нуралӣ Давлат, коршиноси умури сиёсӣ мегӯяд, раҳбарияти Тоҷикистон медонад, ки аз шомили ин иттиҳод шудан пеш аз ҳама Русия бурд хоҳад кард ва кишвари мо ягон манифате нахоҳад дошт.
«Русия баъди даргир шудан ва ноком мондан дар Украина мехоҳад дар муқобили таҳримҳои Ғарб бо ҷалби чанд кишвари камрушди пасошуравӣ «статус кво»-ро дар арсаи байналмиллалӣ ба даст оварад» -изҳор дошт зимни сӯҳбат коршиноси тоҷик.
Ҳамчунин Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатшиноси дигар, бар он аст, ки то ҳол узвияти Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ба ғайр аз густариши ҳамкориҳо ҳарбӣ дигар авлавиятҳо надоштааст.
- Кишвари мо, ки ба Созмони ҷаҳонии савдо ворид шудааст, дар муқоиса бо ЕвразЭС имконияти бештари ҷалби сармояи хориҷиро ба иқтисоди миллӣ дорад. Масъалаи асосии созмонҳое, ки дар заминаи қаламрави собиқ иттиҳоди шӯравӣ таъсис дода шудаанд, дар он аст, ки дар онҳо муносибат самимӣ набуда, аз мушкилиҳои ҳамдигар ба манфиати худ истифода мебаранд ё дар сиёсати хориҷӣ низ умумиятҳо надоранд. Масалан, барои таъсиси консорсиуми байналмиллалӣ бо мақсади анҷоми сохтмони НБО «Роғун», ё мусоидат дар содда намудани раводид ва барқарор кардани ҳамагуна робитаҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ғайра на танҳо умумиятҳо нестанд, балки зиддиятҳо низ мавҷуданд. Аз вуруди кишварҳои пасошуравӣ бештар аз ҳама Русия бурд мекунад ва бозор барои пешниҳоди маҳсулот ва то як андоза баландтар гардидани қурби асъори миллии онҳо шароит ба вуҷуд меояд, - андеша дорад ҷаноби Ҳакимов ва илова мекунад, ки шояд Русия баъзе монеаҳои ба таври сунъӣ барои муҳоҷирони кории тоҷик ташаккул додаашонро бартараф кунаду халос.
Ва аммо аз сӯи дигар Шокирҷон Ҳакимов вуруди Тоҷикистонро ба ин иттиҳод барвақт медонад ва мегӯяд, ки ҳанӯз иқтидори иқтисодӣ, нуфузи аҳолӣ ва дастовардҳои мо то он дараҷа нарасидааст, ки нақши ҳалкунандаро дар фаъолияти ЕвразЭС дошта бошем.
Масъалаи дигаре, ки баъди ворид шудани Қирғизистон Тоҷикистонро маҷбур ба ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ мекунад, масоили марзӣ аст.
Алмосбек Атамбоев, президенти Қирғизистон дар баробари гирифтани мӯҳлати мутобиқшавӣ ба талаботи Иттиҳоди гумрукӣ ҳамчунин 200 млн доллар низ барои ин кор гирифтааст, ки бино ба назари коршиносон, қисмате аз ин рақам барои таъминоти сарҳади гумрукӣ, сохтану нигоҳдории нуқтаҳову дидбонгоҳҳои гумрукӣ масраф хоҳад шуд.
Тоҷикистон ба дарозии 970 км мураббаъ ҳамсарҳади Қирғизистон аст, ва 50 дар сад сарҳадҳои кушода бо ин кишвар дорад, ҳамчунин чолишҳову даргириҳо дар манотиқи марзиаш дар чанд соли ахир чанд куштору захмӣ ба ҷой гузоштааст.
Эҳтимолӣ қавӣ ҷой дорад, ки Қирғизистон баъди шомили Иттиҳоди гумрукӣ шудан, дигар бо баҳонаҳои ҷавобгӯ набудан ба талаботи ин созмон намегузорад нақлиёти Тоҷикистон тавассути қаламраваш ҳаракат кунад.
Ҳарчанд коршиносон сар задани даргириву задухӯрдҳои мусаллаҳонаи марзиро аз эҳтимол дур намедонанд ва аммо бо он ки кишварҳои пасошуравӣ қарнҳои зиёд паҳлӯи ҳам дӯстона зиста оини ҳамсоядориро риоя карда меоянд, аз ҳамзистии якҷояи онҳо новобаста аз шомили кадом созмону иттиҳод буданашон хушбин ҳастанд ва умедворанд, ки ин мардум, ки дар аксари ҷойҳо ҷӯе ё кӯчае онҳоро ба тоҷикистониву қирғизистонӣ ҷудо мекунад, аз ақли солим ва анаъаҳои ҳамсоядорӣ кор хоҳанд гирифт.

 

Последнее изменениеПятница, 06 Февраль 2015 12:05

Последнее от tajinfo

НОВОСТИ TajinfoTV РАДИО © 2013 Таджикский Медиа Холдинг «Tajinfo» | Все права защищены