29 Апреля 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Аз Маскав чӣ овардӣ?! Избранное

Аз Маскав чӣ  овардӣ?!

ё чанд мулоҳиза перомуни сафари ҳайати Тоҷикистон ба Маскав.
Ҳафтае, ки гузашт бори аввал чунин як «десанти» калон бо ширкати 260 нафар, ки миёнашон беш аз 20 нафар вазиру муовини вазир буданд, ба Маскав барои ширкат дар Форуми байнипорлумонии «Тоҷикистону Россия: нерӯи ҳамориҳои минтақавӣ» «партофта шуд» ва чун сарвари ин гурӯҳ Раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, беш аз 70 дар сади аъзои Ҳукумат дар ин ҳайат шомил буданд ва аксари онҳоро Убайдуллоев маҳз бо таъкиди Раисҷумҳури Тоҷикистон бо худ овардааст.

Руҷӯи Убайдуллоев: Аз хилқати Одам (а) то қудрати инсон
Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки бо зарбсуханиву фошгӯӣ машҳур аст, нутқи муқаддимавии худро аз хилқати Одам алайҳиссалом шурӯъ кард.
Бори дигар Убайдуллоев тартиби хилқати инсонро тибқи Қуръон ба самъи мардум расонид ва шукрона карданро аз он ки инсон таваллуд шудаем, таъкид кард.
Ҳамчунин раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон таъкидан ба вазъи имрӯзи кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ иброз дошт, ки дар 10 -20 сол ҳич кадом давлат рушд накардааст ва рушд карда ҳам наметавонад. Ва аз ин изҳори хушнудӣ ҳам кард, кӣ кишварҳо наметавонанд дар ин муддати кӯтоҳ соҳибрушд бошанд ва ин омилро боиси бештар ба кору фаъолият, ба рушд равона кардани нерӯи инсонҳо номид.
Ҳамин тариқ, дар рӯзи аввали сафари худ ҳайат беш аз 4 соат бо намояндагони муҳоҷирини тоҷики муқими ин кишвар гуфтушуниди рӯирост баргузор кард ва беш аз ҳама сарвари гурӯҳ ба суолу пешниҳодҳо ҷавобҳои саҳеҳ дод.
- Ба виҷдонам қасам, танҳо ба хотири Шумо ман ин ҷо қарор дорам- шурӯъ кард Убайдулловев. - Мақсад дорем бо губернатори вилояти Маскав, мири шаҳри Маскав вохӯрем, чун бештари муҳоҷирини тоҷик дар вилояти Маскаву шаҳри Маскав кору зиндагӣ доранд. Мақсади сафари мо ин аст, ки бори дигар таъкид кунем, ки мо тоҷикон аз дигар халқу миллатҳо паст нестем. Мо низ ҳуқуқи бо дигарон баробар зиндагӣ кардан дорем. Русҳо мегӯянд, ки «Спрос пораждает предложение» ё баръакс, - иброз дошт Убайдуллов ва баъдан муроҷеан ба масъулини Россия гуфт, - модоме, ки зарурят ба қувваи корӣ аз ҳисоби шаҳрвандони мо ҳаст, онҳо ҳуқуқ доранд дар ин кишвар баробар бо ҳама кору зиндагӣ кунанд, ва мо аз Шумо ҳам хоҳиш ва ҳам талаб мекунем, ки нисбати муҳоҷирини кории тоҷик баробар бо миллати худатон муносибат намоед, - таъкид кард раиси Маҷлиси Миллӣ.
Ҳамчунин сарвари ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳозирин тақозо кард, то пешниҳодоти худро мушаххасан иброз доранд, то дар дидорҳояшон бо масъулини рус, ки аллакай тарҳрезӣ шудаанд, матраҳ намуда, аз ҳуқуқу манофеи муҳоҷирон ҳимоят карда тавонанд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки қисмати аъзами аъзои Ҳукумат ба Маскав барои дидору гуфтугӯ бо муҳоҷирин ва ҳалли мушкилоташон омадаанд ва бинобар ин сараввал бо намояндагони муҳоҷирин дидор ороста шуд.

Убайдуллоев: Ҳукумат «до зубов вооруженний» омадааст.
Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин дар бораи нақшаву тадбирҳое, ки дар ин сафар ҳайати Тоҷикистон бо худ овардааст, иттилоъ дод ва гуфт, ба ҳар як вазиру аъзои ҳукумати кшвар супориш додааст, ки «до зубов вооруженний» биёянд.
- Ман ҳангоми сӯҳбати ҳайати Россия дар Душанбе таъкид кардам, ки мо ҳамин тавр, хушку холӣ намеравем. Пешниҳоду дархостҳои ҷиддӣ дорем, ва иҷроиши онро аз Шумо тақозо мекунем. Сахт таъкид кардам, ки вохӯрии моро бо раиси шаҳри Маскав ва губернатори вилояти Маскав, бо сардори Хадамоти федеролии муҳоҷират ва дигар шахсони расмӣ таъмин кунанд ва ҳатман барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонамон ва ҳалли дигар масъалаҳои байнидавлатӣ талош хоҳем кард. Аз ин рӯ ҳар як вазир супориш гирифтааст, ки сахт омодагӣ бинад. Мо дар асосҳои баробар, ба қавли худашон «на паритетной основе» гап мезанем, ягон гузашт нест, - таъкидан изҳор дошт раиси Маҷлиси Миллӣ.

«Тет- а-тет» - и вузарои тоҷик бо шаҳрвандони бурунмарзӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев «ҷаласаи сайёр»- и ҳукумат дар Маскавро пурра дар ихтиёри ҳозирин гузошт ва ҳар касе мехост бо саволу пешниҳоди худ андешаашро ба Ҳукумати Тоҷикистон иброз дорад.
Пеш аз ҳама донишҷӯёни тоҷик аз мушкилоти худ оиди мамнӯулвуруд буданашон ва монеаҳои бюрократӣ дар раванди таҳсилашон, кӯмакҳои Сафорат ва робита бо онҳо пешниҳоду дархостҳои худро ироа карданд.
Суманул Тагойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҷавобан ба мушкилоти вуруд ба хоки Россия худи донишҷӯён ва дигар муҳоҷирини кориро айбдор кард ва гуфт, пеш аз ҳама қавонини ҷории кишвари иқоматро сад дар сад бояд риоя намуд ва сипас аз онҳо тақозои риояи ҳуқуқу манфиатҳои худро кард.
«Теъдоди шаҳрвандони мамнуулвуруд ба кишвари Россия теъдоди 200 ҳазор нафарро гузаштааст, ки миёнашон 100 донишҷӯй низ мебошад. Бо мақомоти муҳоҷирати Россия аллакай тавофуқ дар бораи тартиби баровардани шаҳрвандони мо аз ин рӯйхат ҳосил шудааст, ки панҷ категорияи одамонро дарбар мегирад. Пеш аз ҳама онҳое, ки дар Россия оила барпо кардаанд, дуввум нафароне, ки дар ин кишвар моликият доранд, сеюм нафароне, ки барои табобат ба Россия меоянд, чорум онҳое, ки пайванди хешу таборӣ доранд, ва панҷум онҳое, ки дар муддати як соли охир бо патенту иҷозатномаи кор фаъолият карда бошанд.
Ҳамчунин сарварони ҷамъяитҳои тоҷикон аз мушкилоти дастрасӣ ба шиносномаву дигар ҳуҷҷатҳо, кушодани консулгариҳо дар шаҳрҳои бузургӣ ин кишвар, бародаршаҳр эълон шудани шаҳрҳои Росияиву Тоҷикистон ибрози назар карданд.
Ҳамватанони бурунмарзӣ аз муборизаҳои иттилоотӣ дар ВАО-и Россия ва таваҷҷӯҳи ҷиддӣ барои боло бурдани имиҷи Тоҷикистону тоҷикон, таблиғи дастовардҳои тоҷикони бурунмарзӣ таъсиси дафтарҳои хабаргузории телевизионҳои Тоҷикистон дар ин кишвар ва сохтани як телевизиони моҳвораии махсус барои муҳоҷирини тоҷик пешниҳоди худро иброз доштанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев аз пешниҳоди боз кардани нуқтаҳои хабаргузории телевизионҳои Тоҷикистон дар Россияро дастгирӣ кард ва аммо, сохтани телевизиони махсусро қадами дуввум дар ин ҷода номид.

Убайдуллоев: Муҳоҷират харитаи сиёсӣ намешавад!
Ҳамчунин Убайдуллоев чанд маротиб таъкид дошт, ки ба ин дидор тамоми хоҳишмандонро, новобаста аз мавқеи сиёсиву диниашон даъват кардааст.
«Пеш аз ҳама, онҳоеро мехостам ин ҷо бубинам, ки муҳоҷиратро харитаи сиёсӣ кардаанду барои манфиатҳои худ истифода мебаранд. Чаро наомаданд? Ман омодаам, ҳамаи мо омодаем, ки бо онҳо баҳс кунем.
Пеш аз ҳама ҳар нафар ба худ савол диҳад, ки барои ободии Ватан чӣ хизмат кардааст?
Имрӯз 241 млн дар дунё муҳоҷири корӣ аст. Нест давлате, ки аз меҳнати шаҳрвандони кишвари дигар истифода набарад. Ин протсесси глобалӣ аст. Нест давлате, ки сад дар сад шаҳрвандонашро бо ҷои кор таъмин карда тавонад.
Ман дирӯз ба як намояндаашон (манзур ҷониби Россия,- ТР) гуфтам. Тоҷикистон дар ҳайати давлати ягона буд, агар ҷои корӣ таъсис надода бошад Россия, пас имрӯз айби Тоҷикистон аст? Имрӯз мехоҳед, ки дар давоми 10 сол миллионҳо ҷойи корӣ таъсис дода тавонем?...бо суол муроҷиат кард Убайдуллоев.
Муҳоҷират харитаи сиёсӣ намешавад. Ҳич гоҳ! Шумо ором бошед, орому тинҷ кору зиндагӣ кунед, мо ба чанд ҳангоматалаб иҷозат намедиҳем оромиву суботеро, ки бо чӣ мушкилиҳо ба даст овардаем, барҳам бизанад. Шукри Худо зӯри мо ба инҳо мерасад, - таъкид кард сарвари палатаи болоӣ.

Шартномаи соли 2004 чаро имзо намешавад?
Бино ба гуфтаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Россия соли 2004-ум шартномае пешниҳод шудааст, ки тибқи он суғуртаи иҷтимоии муҳоҷирини Тоҷикистон дар ин кишвар бояд амалӣ карда шавад. Яъне, тибқи ин шартнома кишвари Россия вазифадор аст, ки ҳаққи нафақаи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кишвари мо ирсол намояд.
«Мутаассифона, то имрӯз «Созишнома дар бораи таъмини суғуртаи иҷтимоии шаҳвандонеи ҶТ, ки дар Россия кор мекунанд», яъне масъалаи маблағи нафақаи онҳо аз ҷониби Россия ба имзо нарасидаст. Ҷониби мо пешниҳодҳоро кардаст, аммо бюрократия то имрӯз ба ин кор монеъ шудааст...
Масъалаи дигаре, ки мо бояд баррасӣ кунем, ин масъалаи эътирофи маълумотномаҳои тиббие, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон медиҳад дар ин кишвар мебошад...
Бояд «предметний разговор» бошад, қабул доранд, надоранд, мо барои ин кор талош мекунем», - бо қатъият изҳор дошт сарвари палатаи болоии порлумони Тоҷикистон.

Тоҷикистон узви Созмони иттиҳоди гумрукӣ мешавад?
Ҷавоби Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ин суол қатъӣ ва дипломатӣ буд.
«Тоҷикистон ин мавзӯро омӯхта истодааст. То ҳама паҳлӯҳои масъала омӯхта нашаванд, дар ин мавӯъ ягон гап гуфта наметавонам. Ман намегӯям, ки мо ҳамроҳ намешавем, мо мавзӯъро меомӯзем, баъд хулосаҳои худро иброз медорем», - гуфт Маҳмадсаид Убайдуллоев.
Ва аммо сарвари палатаи болоии порлумон як ишора кард, ки ба буҷаи давлат феълан аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ маблағи арзанда ворид мешавад, ки дар сурати шомили ин созмон шудан, Тоҷикистон ин маблағро аз даст медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, дар дидори баъдӣ бо Валентина Матвиенко, сарвари Шӯрои Федератсия Россия, ин мавзӯъ боз матраҳ шуд, ва ҷониби Россия умедворӣ кард, ки Тоҷикистон билохира шомили ин созмон хоҳад шуд.
Ҳатто Матвиенко бино ба навиштаи расонаҳои русӣ ба манфиати муҳоҷирини тоҷик будани ин амалро ишора кардааст.
«Мо бо ҳамкорони тоҷики худ гуфтушунидро идома медиҳем. Онҳо шарту шароити ҳамроҳшавӣ ба ин созмонро амиқан омӯхта истодаанд. Мо сахт умедворем, ки ба тадриҷ Тоҷикистон ба ин созмон ҳамроҳ мешавад... Агар Тоҷикистон узви СИГ шавад, пас шаҳрвандони ин кишвар метавонанд чун шаҳрвандони дигар кишварҳои аъзо озодона дар ҳудуди дигар кишварҳои узви созмон рафтуо кунанд», — гуфтааст Матвиенко.
Ин дар ҳолест, ки президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳамроҳшавии кишваршаро ба созмони иқтисодии Авруосиё ногузир дониста, онро як раванди мушкил номидааст.
Отамбоев иқрор кардааст, ки воридшавӣ ба ин созмон барои кишвараш мушкилоти афзоиши қимати молу колоро ба миён меорад, ва аммо ба таъкид гуфтааст, илоҷи дигаре нест, чун дар сурати шомил нашудан ба ин созмон кишвар мувоҷеҳи мушкилоти иқтисодии аз ин дида афзун хоҳад шуд.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки дар сурати ворид шудани Қирғизистон, барои шомил шудани Тоҷикистон ба ин созмон имконияти воқеӣ фароҳам меояд, чун танҳо тавассути қаламрави ин кишвар Тоҷикистон метавонад ба дигар кишварҳои узви ин созмон робитаи бевоситаи транзитӣ пайдо бикунад.
Бисёриҳо бар ин гумонанд, ки новобаста аз ҷавоби қатъиву дипломатии сарвари сенати Тоҷикистон, ин кишвар ноилоҷ ба ин созмон ҳамроҳ мешавад, чунки ба мисли кишвари ҳамсояи Қирғизистон Душанберо лозим меояд аз 2 зарар, зарари сабуктарашро интихоб кунад.

Убайдуллоев ба Собянин чӣ гуфт?
Ҳамчунин масъалаи муҳоҷирин, бино ба иттилоъи дафтари матуботи мири шаҳри Маскав, дар дидори Махмадсаид Убайдуллоев ва Сергей Собянин, мири шаҳри Маскав, низ баррасӣ шудааст.
Бино ба маълумоти расида шаҳрдори Маскав ба Убайдуллоев оид ба тартиби ба кор қабул шудани муҳоҷирин аз сӯи шахсони ҳуқуқӣ тавассути патент маълумот додааст.
Дар ҳамин ҳол тибқи омори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Россия дар 9 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳри Маскав зиёда аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикисто аз қайди муваққатӣ гузашта, 102 ҳазор нафар патент ва қариб 30 ҳазор нафар иҷозатномаи корро дастрас намудаанд.
Ҳамчунин дар ин дидор вазъи додугирифти молу коло миёни ду пойтахт- Душанбеву Маскав баррасӣ шудааст.
Дастоварди муҳими ин дидор он будааст, ки ҷонибҳо дар хусуси содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Маскав ба мувофиқа расидаанд. Ва аммо оид ба ҳаҷми ин мувофиқот чизе гуфта нашудааст.
Гуфта шудааст, ки дар муқоиса бо дигар манотиқи Русия саҳми пойтахти ин кишвар дар гардиши молу коло бо Тоҷикистон, бахусус бо Душанбе, хеле ночиз ба назар мерасидааст.
Бино ба маълумоти оморӣ ҳаҷми гардиши молу коло дар соли 2013 ҳамагӣ 38,9 млн доллари амрикоиро ташкил додааст, ки аз ин рақам беш аз 32 млн долларашро содирот ба Тоҷикистон ташкил дода, тавассути ширкатҳои московӣ аз Тоҷикистон дар ҳаҷми каме бештар аз 6 млн. доллар маҳсулот харидорӣ шудаасту халос.
Масъалаи сеюме, ки бино ба навиштаи дафтари матубуоти мири шаҳри Маскав муҳим, ин ваъдаи саҳмгузории Собянин дар таъмини макотиби Душанбе бо китобҳои забони русӣ будааст.
Солнечногорск аз меваҳои офтобии Тоҷикистон офтобӣ мешавад
Ҳарчанд дар дидор бо волии вилояти Маскав Андрей Воробев, ягон санади ҳамкорӣ имзо нашудааст ва тарафҳо ихтиёр карданд, то охири сол ин корро анҷом диҳанд ва аммо Убайдуллоев тақозо кардааст, то барои кушодани мактабҳои тоҷикӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони муҳоҷирини тоҷик волии вилояти Москва мусоидат намояд.
Дар ҳамин ҳол иттилооти расмӣ шаҳодат медиҳанд, ки гардиши молу коло миёни вилояти Маскав ва шаҳрҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 250 млн доллар будааст.
Вилояти Масква аз Тоҷикистон меваву сабзавот ва нахи пахта харидорӣ мекардааст
Пас аз анҷоми дидори Убайдуллоев бо муовини раиси Ҳукумати вилояти Маскав Денис Бутсаев, ахирӣ ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар муддати як моҳ созишномаи муштарак таҳия хоҳад гашт, ки фарогири тамоми паҳлӯҳои фаъолияте, ки рушди устуворро тақозо мекунад, хоҳад буд.
Дар ин дидор раиси Маҷлиси Миллӣ пешниҳоди ворид кардани инвеститсия Тоҷикистонро ба яке аз хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Москва кардааст. Ба гумони ғолиб, ин инвеститсия на дар шакли пулӣ, балки ба шакли амалӣ хоҳад буд, яъне истифодаи малакаву ҳунари растанипарварӣ ва обчакории деҳқонони тоҷик барои ба даст овардани ҳосили бештар дар заминҳои вилояти Маскав.
Ёдовар мешавем, ки дар мулоқоти аввалини худ бо муҳоҷирин Убйадуллоев таъкид карда буд, ки талош хоҳад кард, то теъдоди 1000 га замини кишоварзӣ дар ҳудуди вилояти Маскав ба ихтиёри муҳоҷирини тоҷик вогузор карда шавад, то тоҷикон ҳунари кишоварзии худро нишон дода, то се ҳосил дар шароити иқлими Россия ба даст биёранд.
Дар ҳамин ҳол Бутсаев қайд кардааст, ки пеш аз ҳама бартарӣ ба он сармоягузороне дода хоҳад шуд, ки дар ин самт тачрибаи кофӣ доранд.
- Тоҷикистон ва ширкатҳои тоҷикӣ на он ки дар ин кор таҷрибаи калон доранд, балки дар бахше аз самтҳо пешгом ҳастанд. Мо ҳавасмандем, ки чунин ширкатҳо ҳарчӣ зуд вориди бозори иқтисодии мо шаванд, - навиштааст аз қавли Бутсаев Пойгоҳии иттилоотии «Россия барои ҳама».

Тоҷикистон аз мавқеи Маскав дифоъ мекунад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни дидор бо Сергей Наришкин, раиси палатаи поёнии порлумони Россия гуфтааст, Душанбе аз мавқеи Маскав дар масъалаи таҳримҳо пуштибонӣ мекунад.
«Мо кушидем, то сафари худро ба Россия суръат бахшем, то тавониста бошем, масоили мавҷударо ба таври принсипиалӣ ва пурра баррасӣ намоем... Мо мехоҳем, то ҷавобан ба таҳримҳои Россия саҳми худро барои дастгирии Маскав бирасонем. Мо қарор додем, то гурӯҳи корӣ барои интиқоли маҳсулоти агросаноатӣ ва дигар маҳсулотҳо таъсис диҳем... Мо доим дар бари Шумо будем, ҳастем ва хоҳем монд», — гуфтааст Убайдуллоев.

Масъалаҳои Тоҷикистону Россия ҳал шудаанд?
Дар ҳамин ҳол Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Россия гуфтааст, миёни Тоҷикистону Россия тамоми талаботи Созишномае, ки октябри соли 2012 миёни Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда буд, иҷро шудаанд.
«Миёни Россия ва Тоҷикистон тамоми масъалаҳои ҳал шудаанд. Мо тамоми ӯҳдадориҳои худро вобаста ба ин Созишнома иҷро кардем. Ин пеш аз ҳама Созишномаи будубоши пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон ва созишнома оид ба як идда масоили вобаста ба муҳоҷират буд», — изҳор доштааст Сергей Наришкин.
Ва аммо, бо вуҷуди он ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳалли масоили муҳимро ҳангоми дидораш бо Игор Шувалов, муовини раиси Ҳукумати Россия, ишора карда буд, аммо аз ҷараёни ин дидор чизе барои хабарнигорон ошкор карда нашуд, ба ҷуз аз чанд ҷумлаи поротоколӣ, ки дар он гуфта мешуд, ки тарафҳо ба тавофуқ расиданд, масъалаҳои баррасишаванда аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ омӯхта шуда, баъдан барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии комиссияи байнипорлумонӣ Тоҷикистону Россия пешниҳод карда шавад.

Мақсади асосии форум-ҷалби инвеститсия ба Тоҷикистон
Бояд гуфт, ки дар доираи ин форум чанд чорабинии васеъ бо ширкати масъулини баландпояи Тоҷикистону Россия ба нақша гирифта шуда буд. Баргузории чор Мизи гирде, ки бо ширкати вузарои тоҷик ва аъзои сенати Россия баргузор шуд, чорабиниҳои меҳварӣ ва асосии ин Ҳамойиш маҳсуб меёфтанд.
Дар Мизи гирди якум лоиҳаҳои муштараки инвеститсиониву инфрасохторӣ баррасӣ карда шуда, дар нишасти Мизи гирди дуввум масоили вобаста ба ҳамкорҳо дар соҳаи аграрӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Масоили аз ҳама муҳиму меҳварӣ - муҳоҷиратро намояндагони ду кишвар дар нишасти Мизи гирди саввум мавриди баррасӣ қарор доданд, ва ҳамчунин мавзӯи Мизи гирди чорумро рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ миёни ду кишвар ташкил дод.
Бемуҳобо, ҷониби Тоҷикистон ба ин Форум «до зубов вооружены» омада будаанд, чун дар аксари нишастҳо ҷониби Тоҷикистонро роҳбарони вазоратхонаҳо намояндагӣ мекард ва аммо Россия ба назари ин ҷониб, боз ҳам бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир карда, масъулин сатҳи нисбатан поёнтарро барои баррасии мавзӯҳои баррасишаванда фиристода буд.
Вақте вазирони рушди иқтисод, саноат, хоҷагии қишлоқ, меҳнат, муҳоҷират, ва шуғли аҳолӣ, маорфиу илм, энергетика ва захоири обӣ, тандурустӣ, руасои Кумитаи кор бо ҷавоно варзиш ва сайёҳӣ, Президенти Академияи улуми Тоҷикистон ба ҳайси маърузачӣ ё модератор баромад мекарданд, аз ҷониби Россия масъулин дар сатҳи муовини вазир, роҳбарони идораҳо дар ин чорабиниҳо ширкат мекарданд ва табиист, ки барои ҳалли баъзе масоил ваколатдор набуданд.

ИдДаои муовини вазири рус ва эътирози вазири тоҷик.
Бино ба иддаои муовини вазири рушди иқтисоди Россия Станислав Воскресенский содироти молу коло аз Россия ба андозаи 24,4 % афзойиш, ва аммо содироти мол аз Тоҷикистон ба Россия хеле коҳиш ёфтааст, ки ба ин содироти мол тавассути кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии гумрукӣ, ба хусус Қазоқистон, ба Россия будааст.
Дар ҳамин ҳол вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон Шариф Рахимзода ба ин иддаои ҳамтои русаш розӣ нашуд ва эътирозан гуфт, коҳиши содироти молу коло ба Россия аз сӯи Тоҷикистон тамоман сабаби дигар дорад.
Бино ба гуфтаи вазири тоҷик камшавии содироти мол аз Тоҷикистон ба Россия бо андози арзиши иловашуда дар кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ бастагӣ дорад. Аз ин рӯ, тоҷирон роҳҳои манфиатоварро барои рушди тиҷороташон ҷустуҷӯ мекунанд. Ва аммо, вазири тоҷик гуфт, содироти меваҷоту сабзавот ба Россия афзойиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, омори расмӣ мегӯяд, содироти мол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 24,4 % афзойиш ёфтааст ва ҷониби Россия мехоҳад воридоти молҳои аграриро аз Тоҷикистон афзойиш диҳад.
Барои рушди содироти меваҷоту сабзавот зарурияти таъсиси марказҳои логистикӣ, анборҳои нигаҳдорӣ дар ҳудуди ҳар ду кишвар ба миён омадааст.
Маскав мегӯяд, дар маҷмӯъ, гардиши мол миёни ин ду кишвар ба андозаи 21,7% афзоиш ёфта, без аз 600 млн долларро ташкил додааст ва аммо Душанбе мегӯяд, гардиши мол миёни ин ду кишвар ба андозаи якуним баробар афзоиш ёфта аз якуниммилиард доллар гузаштааст.
Дар ниҳоят...
Гуфтан ба маврид аст, ки изҳоротҳои сарони палатаҳои порлумонии Тоҷикистону Россия Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенко, кори форумро, ки баъди танаффуси шашсола сурат гирифт, ҷамъбаст намуд.
Ҳамчунин ин форум барои тақвияти ҳамкориҳо миёни мантиқи гуногуни Россия бо минтақаҳои Тоҷикистон гардид. Ҳамчунин дар раванди ин Форум Вилояти мухтори бадахшони Кӯҳӣ бо Осетияи Шмолӣ Алания, Вилояти Хатлон бо вилояти Иваново ва Ҷумҳурии Бошқирдистон, вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Доғистон ва вилояти Астрахан созишномаҳои ҳамкорӣ имзо намуданд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз 60 минтақаи Россия бо минтақаҳои Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ кардаанд.
Форуми наватии байнипорлумонии Тоҷикистону Россия бо барномаи фарҳангӣ бо ширкати васеи ҳунармандону санъатварони тоҷик анҷом ёфт, аммо намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боз чанд рӯзи дигар идома карда, дастархони мардуми Маскавро бо анвои тару тозаи меваҷоту маҳсулоти ҳунармандони тоҷик ғанӣ намуд.

Последнее изменениеЧетверг, 15 Январь 2015 08:01
Наверх